ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъияти дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ иҷрои талаботи Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро таъмин намоянд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 марти соли 2025, № 212
...