бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 марти соли 2025,
№ 208 тасдиқ шудааст
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистонн Саудӣ дар бораи мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ (танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон) ва дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва махсус (танҳо барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
бо саъю кӯшиши тарафҳо барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар,
бо хоҳиши сода кардани раванди рафтуомади шаҳрвандон ҳарду кишвар дар асоси принсипи мутақобила,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1
Шаҳрвандони ҳар кадоме аз Тарафҳо метавонанд (ҳангоми сафари хизматӣ ё хусусӣ) ба ҳудуди Тарафи дигар бидуни раводид барои будубоши давомдор ё бисёркарата на бештар аз навад (90) рӯз дар давоми яксаду ҳаштод (180) рӯз аз санаи вуруди аввалинашон, ки дорандагони шиносномаи амалкунандаи дипломатӣ ё хизматӣ (танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон) ва дорандагони шиносномаи дипломатӣ ва махсус (танҳо барои шаҳрвандони Саудӣ) мебошанд, ворид гарданд.
а) барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон: шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ, ки на кам аз шаш моҳ эътибор доранд.
б) барои шаҳрвандони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ: шиносномаҳои дипломатӣ ва махсус, ки на кам аз шаш моҳ эътибор доранд;
а) барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон: шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ, ки на кам аз шаш моҳ эътибор доранд.
...