ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар бораи мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ (танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон) ва дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва махсус (танҳо барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ)
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар бораи мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ (танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон) ва дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва махсус (танҳо барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ), ки 27 сентябри соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Ёддошти тафоҳуми мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудиро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Ёддошти тафоҳуми мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 марти соли 2025, № 208
...