ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Низомнома дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ
Мутобиқи моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
1. Низомнома дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2001, № 548 «Оид ба тасдиқ намудани Низомнома дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2025, № 969
...