Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, № 144 "Дар бораи Барномаи омӯзиши касбӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои солҳои 2025-2030"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи омӯзиши касбӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои солҳои 2025-2030

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи омӯзиши касбӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои солҳои 2025-2030 ва Нақшаи амали Барномаи омӯзиши касбӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои солҳои 2025-2030 дар солҳои 2025-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, аз натиҷааш ҳар сол то 20 декабр ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 20 январ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 144

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Программе профессионального обучения и трудоустройства осужденных и лиц, освобожденных от отбывания наказания, на 2025-2030 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Программу профессионального обучения и трудоустройства осужденных и лиц, освобожденных от отбывания наказания, на 2025-2030 годы и План действий Программы профессионального обучения и трудоустройства осужденных и лиц, освобожденных от отбывания наказания, на 2025-2030 годы в 2025-2027 годах (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти обеспечить выполнение настоящей Программы и её Плана действий и по результатам ежегодно до 20 декабря представлять информацию в Министерство юстиции Республики Таджикистан.

3. Министерству юстиции Республики Таджикистан ежегодно до 20 января представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения настоящей Программы и ее Плана действий.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 февраля 2025 года №144