Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, № 113 "Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, № 962"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, № 962


Ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, №962 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 сентябри соли 2025:

-ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;

-маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 дарсад зиёд карда шавад;

-маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 20 дарсад зиёд карда шавад;

-андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 дарсад зиёд карда шуда, 744 сомонӣ муқаррар карда шавад;

-андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёии давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ 1345 сомонӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 1255 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 1390 сомонӣ муқаррар карда шавад;

-стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии қарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шаванд;

-маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шавад;

-маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1668 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1500 сомонӣ муқаррар карда шавад;

-андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд 1500 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 1668 сомонӣ муқаррар карда шавад;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах по реализации указа Президента Республики Таджикистан от 8 февраля 2025 года, №962

Во исполнение указа Президента Республики Таджикистан от 8 февраля 2025 года, №962 «О мерах по усилению уровня социальной защиты населения, увеличению действующих должностных окладов государственных служащих, работников бюджетных организаций, размеров пенсий и стипендий» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. С 1 сентября 2025 года:

- установить минимальный размер оплаты труда для всех экономических и социальных сфер республики в размере 1000 сомони в месяц;

- увеличить должностные оклады работников учреждений дошкольного и общего среднего образования на 30 процентов;

- увеличить должностные оклады работников других учреждений сфер образования, науки, культуры, спорта, здравоохранения, учреждений сферы социальной защиты, работников правоохранительных органов, военнослужащих, органов власти и государственного управления и других бюджетных учреждений на 20 процентов;

- увеличить размер базового оклада для расчёта должностного оклада работников сферы здравоохранения на 20 процентов и установить в сумме 744 сомони;

- установить размер базового оклада в качестве основы тарифных коэффициентов для государственных служащих административных должностей высшей категории 1345 сомони, первой, второй, третьей, четвертой категорий государственной службы органов государственного управления, местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления посёлков и дехотов 1255 сомони и для административных должностей пятой, шестой, седьмой категории государственной службы, указанных органов 1390 сомони;

- увеличить действующие стипендии студентов и другие виды стипендий, в том числе президентские стипендии (за исключением курсантов высших военных учреждений и Академии Министерства внутренних дел Республики Таджикистан) на 20 процентов;

- увеличить должностные оклады (тарифные ставки) военнослужащих, работников правоохранительных органов и других работников этих органов на 20 процентов;

- установить базовый оклад для расчета коэффициентов для воинских званий военнослужащих и специальных званий работников правоохранительных органов от звания рядового до лейтенанта 1668 сомони и от звания старшего лейтенанта до генерала армии 1500 сомони;

- установить размер базового оклада как основу тарифных коэффициентов для государственных служащих административных должностей высшей, первой, второй, третьей, четвертой категорий государственной службы органов государственного управления, работающих в военных структурах и правоохранительных органах 1500 сомони и для административных должностей пятой, шестой и седьмой категорий государственной службы указанных органов 1668 сомони;

- увеличить страховые, трудовые и социальные выплаты, а также доплаты к ним и размер пенсионной базы на 10 процентов, то есть проиндексировать.

...