Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, № 962 "Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаҳои 12 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:


1. Аз 1 сентябри соли 2025:

- ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 дарсад зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 20 дарсад зиёд карда шавад;

- андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 дарсад зиёд карда шуда, 744 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ 1345 сомонӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 1255 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 1390 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шаванд;

- маоиш вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шавад;

- маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1668 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1500 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, 1500 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, хафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 1668 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, ннчунин иловапулӣ ба онҳо ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 дарсад зиёд, яъне индексатсия карда шавад.


2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

- амалишавии фармони мазкурро дар соли 2025 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот, маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;

- дар муҳлати як моҳ қарорҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд;

- ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва ҳолатҳои дигар ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманд (ба ғайр аз нафақа)-ро мутобиқи Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, № 313 тасдиқ шудааст, амалӣ намоянд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 8 феврали соли 2025, № 962

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О мерах по усилению уровня социальной защиты населения, увеличению действующих должностных окладов государственных служащих, работников бюджетных организаций, размеров пенсий и стипендий

В целях повышения уровня благосостояния и обеспечения социальной защиты населения, в соответствии статьями 143, 147 и 149 Трудового кодекса Республики Таджикистан, статьёй 36 Закона Республики Таджикистан «О государственной службе», статьями 12 и 51 Закона Республики Таджикистан «О страховых и государственных пенсиях» и статьёй 49 Закона Республики Таджикистан «О пенсионном обеспечении военнослужащих» и постановляю:


1.  С 1 сентября 2025 года:

- yстановить минимальный размер оплаты трудa для всех экономических и социальных сфер республики в размере 1000 сомони в месяц;

-  увеличить, должностные оклады работников учреждений дошкольного и общего среднего образования на 30 процентов;

- увеличить, должностные оклады работников других учреждений сфер образования, науки, культуры, спорта, здравоохранения, учреждений сферы социальной защиты, работников правоохранительных органов, военнослужащих, органов власти и государственного управления и другиx бюджетных учреждений на 20 процентов;

-  увеличить, размер базового оклада для расчета должностного оклада работников сферы здравоохранения на 20 процентов и установить в сумме 744 сомони;

- установить размер базового оклада в качестве основы тарифных коэффициентов для государственных служащих административных должностей высшей категории 1345 сомони, первой, второй, третьей, четвертой категорий государственной службы органов государственного управления, местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления посёлков и дехотов 1255 сомони и для административных должностей пятой, шестой, седьмой категории государственной службы, указанных органов 1390 сомони;

увеличить действующие стипендии студентов и другие виды стипендий, в том числе президентские стипендии (за исключением курсантов высших военных учреждений и Академии Министерства внутренних дел Республики Таджикистан) на 20 процентов;

- увеличить должностные оклады (тарифные ставки) военнослужащих, работников правоохранительных органов и других работников этих органов на 20 процентов;

- установить базовый оклад для расчета коэффициентов для воинских знаний военнослужащих и специальных званий работников правоохранительных органов от звания рядового до лейтенанта 1668 сомони и oт звания старшего лейтенанта до генерала армии 1500 сомони;

- установить размер базового оклада как основу тарифных коэффициентов государственных служащих административных должностей высшей, первой, второй, третьей, четвертой категорий государственной службы органов государственного управления, работающих в военных структурах и правоохранительных органах 1500 сомони и для административных должностей пятой, шестой и седьмой категорий государственной службы указанных органов 1668 сомони.

- увеличить страховые, трудовые и социальные выплаты, а также доплаты к ним и размер пенсионной базы на 10 процентов, то есть проиндексировать. 

2. Правительству Республики Таджикистан и местным исполнительным органам государственной власти:

- обеспечить исполнение настоящего указа в 2025 году за счёт средств, предусмотренных в государственном бюджете Республики Таджикистан для финансирования фонда заработной платы и пенсионного обеспечения, средств свободных остатков, перевыполнения доходов республиканского бюджета, местных бюджетов и бюджета социального страхования и пенсий, экономии защищённых статей бюджета, перераспределения других статей расходов, резервных средств в государственного бюджета и специальных средств бюджетных организаций;

- в месячный срок привести свои решения в соответствие с настоящим указом;

- исчисление среднего заработка для оплаты трудовых отпусков, пособий при увольнении, пособий по временной нетрудоспособности и в других случаях, связанных с выплатой средней заработной платы (кроме пенсии), производить согласно Порядку исчисления среднего заработка, причитающегося работнику во всех случаях (гарантийные выплаты при выполнении государственных или общественных обязанностей, при оплате времени отпуска, при выплате заработка за время перевода на другую работу), за исключением среднего заработка при назначении пенсии, утверждённому постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 июня 2007 гола, №313.


Президент
Республики Таджикистан                    Эмомали Рахмон

 

г. Душанбе, от 8 февраля 2025 года, №962