Созишнома оид ба тартиби гузоштани муҳр ва штампҳои мақомоти гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (марбут ба ҳамлу нақл) ва тиҷоратӣ аз ҷониби мақомоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 28 феврали соли 2025, № 107
тасдиқ шудааст


СОЗИШНОМА оид ба тартиби гузоштани муҳр ва штампҳои мақомоти гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (марбут ба ҳамлу нақл) ва тиҷоратӣ аз ҷониби мақомоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

бо дарназардошти муқаррароти Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва ёрии мутақобила дар фаъолияти гумрукӣ аз 15 апрели соли 1994,

бо дарназардошти зарурати коркарди маҷмуи чораҳо ҷиҳати мукаммалгардонии тартиби гузарондани амалиётҳои гумрукӣ (барасмиятдарории гумрукӣ) ва назорати гумрукӣ нисбат ба молҳое, ки тариқи ҳудуди гумрукии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интиқол дода мешаванд,

барои таъмини назорати гумрукии ҳаммонандкунии ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (марбут ба ҳамлу нақл) ва тиҷоратӣ, бо мақсади назорати арзиши гумрукии молҳои интиқолшаванда кӯшиш намуда,

бо эътирофи зарурати тақвияти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва қочоқ бо роҳи пешгирии иваз намудани ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (марбут ба ҳамлу нақл) ва тиҷоратӣ,

ба мувофиқаи зайл расиданд:

Моддаи 1

Ҳадафи Созишномаи мазкур муқаррар намудани тартиби гузоштани муҳр ва штампҳои мақомоти гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (марбут ба ҳамлу нақл) ва тиҷоратӣ аз ҷониби мақомоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд – ИДМ) дар ҷойҳои убури сарҳади гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол тавассути нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ ва интиқоли омехта мебошад.

Моддаи 2
...
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 28 февраля 2025 года №107

СОГЛАШЕНИЕ о порядке проставления таможенными органами государств – участников Содружества Независимых Государств на транспортных (перевозочных) и коммерческих документах печатей и штампов таможенных органов

Таможенные службы государств – участников Содружества Независимых Государств, далее именуемые Сторонами,

исходя из положений Соглашения о сотрудничестве и взаимопомощи в таможенных делах от 15 апреля 1994 года,

учитывая необходимость выработки комплекса мер, направленных на совершенствование порядка проведения таможенных операций (таможенного оформления) и таможенного контроля в отношении товаров, перемещаемых через таможенные границы государств – участников Содружества Независимых Государств,

стремясь обеспечить эффективный таможенный контроль

по идентификации транспортных (перевозочных) и коммерческих документов, в целях контроля таможенной стоимости перемещаемых товаров,

признавая необходимость усиления борьбы с нарушениями в сфере таможенного законодательства и контрабандой путём предотвращения замены транспортных (перевозочных) и коммерческих документов,

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Целью настоящего Соглашения является установление порядка проставления на транспортных (перевозочных) и коммерческих документах печатей и штампов таможенных органов государств – участников Содружества Независимых Государств (далее – СНГ) в местах пересечения таможенных границ при перемещении товаров автомобильным, железнодорожным, авиационным, водным видами транспорта и при смешанном перемещении.

Статья 2
...