ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба тартиби гузоштани муҳр ва штампҳои мақомоти гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (марбут ба ҳамлу нақл) ва тиҷоратӣ аз ҷониби мақомоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишнома оид ба тартиби гузоштани муҳр ва штампҳои мақомоти гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (марбут ба ҳамлу нақл) ва тиҷоратӣ аз ҷониби мақомоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 27 сентябри соли 2024 дар шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Россия ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати амалисозии Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида котиботи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 107
...