ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии ТСозишнома ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ, ки 4 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷониби Мисрро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 104
...