Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, № 101 "Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ»

Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 101
Лоиҳа

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГӢ ВА ДУРНАМОСОЗИИ ДАВЛАТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» аз 25 майи соли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2022, №7, мод.436) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддима калимаҳои «ва амалисозии» ба калимаҳои «, амалисозӣ, мониторинг ва арзёбии» иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 1:

- банди 3) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«3) барнома - маҷмуи чорабиниҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаҳои умумӣ дар доираи афзалиятҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ бо дарназардошти истифодаи босамари захираҳои табиӣ, моддӣ ва молиявӣ дар давраи миёнамуҳлат;»;

- банди 7) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«7) консепсия – дурнамои дарозмуҳлати илман асосноккардашуда, ки самтҳои асосии рушди минбаъдаи кишварро бо дарназардошти афзалиятҳои миллӣ ва соҳавӣ муайян менамояд;»;

- банди 11) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«11) нақшаи амал - маҷмуи амал барои ҳалли масъалаҳои фаврӣ ва фавқулодаи баамаломада, инчунин иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;»;

- банди 12) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«12) нақшаи чорабиниҳо – маҷмуи чорабиниҳои мушаххас барои расидан ба ҳадаф ва вазифаҳои дар стратегияҳо ва барномаҳо гузошташуда;»;

- бандҳои 12) ва 13) ҳамчун бандҳои 13) ва 14) ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«13) стратегия – маҷмуи ислоҳот барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда, ки ба таъмини рушди устувор ва мутавозин дар заминаи истифодаи оқилонаи захираву иқтидорҳои мавҷуда нигаронида шудаанд;

14) ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ - дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳои миллии рушд, барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ, нақшаи чорабиниҳо, нақшаи амал, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрак ва деҳот;»;

- бандҳои 14) ва 15) мувофиқан бандҳои 15) ва 16) ҳисобида шаванд.

3. Дар моддаи 4:

- дар банди 1) калимаҳои «ва нақшаҳои амал оид ба амалисозии онҳоро» ба калимаҳои «, нақшаи чорабиниҳо ва нақшаи амалро» иваз карда шаванд;

- бандҳои 4) ва 5) дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«4) тартиби таҳия ва тасҳеҳи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро тасдиқ менамояд;

5) тартиби мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро тасдиқ менамояд;».

4. Дар моддаи 5:

- банди 2) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«2) мутобиқати ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро ба ҳадафу афзалиятҳои миллӣ ва дигар уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ҳамоҳанг менамояд;»;

- дар банди 10 калимаҳои «тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стретегиро» ба калимаҳои «тартиби таҳия ва тасҳеҳи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро» иваз карда шаванд;

- банди 11) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«11) тартиби мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро омода ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;»;

- банди 11) банди 12) ҳисобида шавад.

5. Дар банди 3) қисми 2 моддаи 7 калимаҳои «ноилшавӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор» ба калимаҳои «иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.

6. Аз номи бобҳои 3 ва 4 калимаҳои «ВА КОНСЕПСИЯ» хориҷ карда шаванд.

7. Қисми 1 моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар чунин шакл таҳия карда мешаванд:

1) ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ – дурнамоҳои давлатӣ, консепсия, стратегияи миллии рушд, барномаи миёнамуҳлати рушд ва нақшаи чорабиниҳо;

2) ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ – дурнамо, консепсия, стратегия, барнома, нақшаи чорабиниҳо ва нақшаи амали соҳавӣ;

3) ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи маҳаллӣ – дурнамо, барнома ва нақшаи амал.».

8. Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 9. Сохтор ва мазмуни ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ

1. Дурнамоҳои давлатӣ аз нишондиҳандаҳои демографӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, экологӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва дигар соҳаҳои алоҳидаи кишвар иборат буда, тибқи муқаррароти боби 6 Қонуни мазкур таҳия карда мешаванд.

2. Консепсия масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

1) маҷмуи нуқтаҳои назари илман асосноккардашуда ва бо ҳам алоқаманд;

2) самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии давлатӣ, аз ҷумла соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ, комплексҳои байнисоҳавӣ, инчунин самтҳои асосии сиёсати илмию техникӣ, навоварӣ, сармоягузорӣ, экологӣ, минтақавӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодии хориҷӣ ва амниятию мудофиавӣ;

3) самтҳои амалисозии ҳадафҳои стратегӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои алоҳидаи он дар ояндаи дарозмуҳлат;

4) низом ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳаҳои алоҳидаи он бо дарназардошти манфиатҳои стратегӣ ва миллӣ.

3. Стратегия масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

1) шарҳи мухтасари ҳуҷҷати стратегӣ ва таҳлили ҳолати ҷорӣ бо муайян намудани мушкилоти мавҷуда;

2) ҳадаф ва вазифаҳои стратегия;

3) муайян намудани самтҳои афзалиятнок, натиҷаҳои чашмдошт ва арзёбии хавфҳои эҳтимолӣ;

4) имкониятҳои молиявӣ барои амалисозии стратегия;

5) механизми амалисозии стратегия;

6) низоми ҳисоботдиҳӣ, мониторинг ва арзёбӣ.

4. Барнома масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

1) асосҳои заминавии таҳияи барнома;

2) таҳлили ҳолати ҷорӣ бо муайян намудани мушкилоти мавҷуда;

3) ҳадаф ва вазифаҳои барнома;

4) муайян намудани самтҳои афзалиятнок, натиҷаҳои чашмдошт ва арзёбии хавфҳои эҳтимолӣ;

5) низоми ҳисоботдиҳӣ, мониторинг ва арзёбӣ.

5. Нақшаи чорабиниҳо муҳлати иҷро, масъулони иҷро, индикаторҳои асосӣ барои мониторинг ва арзёбӣ, андоза ва манбаъҳои маблағгузорӣ (давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ)-и чорабиниҳои мушаххасро дар бар мегирад.

6. Нақшаи амал аз маҷмуи амалҳои мувофиқашуда бо нишон додани муҳлати иҷро, масъули иҷро, ҳаҷм ва манбаи маблағгузорӣ ва натиҷаҳои чашмдошт иборат мебошад.».

9. Моддаи 10 хориҷ карда шавад.

10. Моддаҳои 11 ва 12 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«Моддаи 11. Таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ

1. Дурнамоҳои давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ таҳия гардида, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

2. Дурнамоҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

3. Дурнамоҳои давлатӣ барои самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, экологӣ, фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиаи кишвар барои соли навбатӣ ва параметрҳои он барои 2 соли оянда таҳия мешаванд.

4. Консепсияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати на кам аз 20 сол тасдиқ ва онро дар 5 сол як маротиба дар ҳолати зарурӣ тасҳеҳ менамояд.

5. Механизми амалишавии консепсия стратегия ба ҳисоб меравад.

6. Стратегияи миллии рушд ва барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ таҳия гардида, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии дахлдор барои баррасӣ ва маъқул донистан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

7. Стратегияи миллии рушд ва барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

8. Давраи амали стратегияи миллии рушд 15 сол ва давраи амали барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 солро дар бар мегиранд.

9. Стратегия метавонад дар доираи афзалиятҳои консепсия ва ё барои муайян намудани ҳадаф ва афзалиятҳои мушаххаси алоҳида таҳия карда шавад.

10. Механизми амалишавии стратегия барнома ё нақшаи чорабиниҳо (барои 5 сол) ба ҳисоб мераванд.

Моддаи 12. Таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ

1. Консепсия, стратегияҳо, барномаҳои соҳавӣ, нақшаи чорабиниҳо ва нақшаи амали соҳавӣ аз ҷониби вазорату идораҳо вобаста ба самти фаъолияташон таҳия гардида, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

2. Консепсия, стратегияҳо, барномаҳои соҳавӣ, нақшаи чорабиниҳо ва нақшаи амали соҳавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияҳо, барномаҳои соҳавии бахши пулию қарзӣ ва молиявӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

3. Давраи амали стратегияҳои соҳавӣ на камтар аз 15 сол ва давраи амали барномаҳои соҳавӣ на камтар аз 5 солро, ба истиснои стратегияҳо ва барномаҳои соҳавии бахши пулию қарзӣ ва молиявӣ дар бар мегиранд.

4. Нақшаи амал барои давраи муайян таҳия карда мешавад.

5. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтӣ, пурра ва самараноки стратегия, барномаҳо, нақшаи чорабиниҳо ва нақшаҳои амали соҳавӣ масъул мебошанд.».

11. Дар моддаи 13:

- аз қисмҳои 2 ва 4 калимаи «давраи» хориҷ карда шавад;

- қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«5. Нақшаи амал аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва раисони ҷамоатҳо барои давраи муайян тасдиқ мегардад.».

12. Моддаи 14 хориҷ карда шавад.

13. Ба моддаи 15 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«6. Тартиби маблағгузории чорабиниҳои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.».

14. Дар қисми 2 моддаи 16 банди 2) хориҷ карда шуда, бандҳои 3), 4), 5), 6), 7), 8) ва 9) мувофиқан бандҳои 2), 3), 4), 5), 6), 7) ва 8) ҳисобида шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. Қонуни мазкур нисбат ба ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегие, ки то мавриди амал қарор гирифтани он қабул гардидаанд ё ҷиҳати амалигардонии ин санадҳо қабул мешаванд, татбиқ намегардад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

 О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании»

В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан  Эмомали Рахмон

  

г.Душанбе от 28 февраля 2025 года №101
Проект

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О СТРАТЕГИЧЕСКОМ ПЛАНИРОВАНИИ И ГОСУДАРСТВЕННОМ ПРОГНОЗИРОВАНИИ»

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» от 25 мая 2022 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2022 г. №7, ст. 436) следующие изменения и дополнения:

1. В преамбуле слова «и реализации» заменить словами «, реализации, мониторинга и оценки».

2. В статье 1:

- пункт 3) изложить в следующей редакции:

«3) программа - совокупность мероприятий по достижению стратегических целей и общих задач в рамках национальных, отраслевых и местных приоритетов с учетом эффективного использования природных, материальных и финансовых ресурсов в среднесрочном периоде;»;

- пункт 7) изложить в следующей редакции:

«7) концепция – научно-обоснованный долгосрочный прогноз, определяющий основные направления последующей политики страны с учетом национальных и отраслевых приоритетов;»;

- пункт 11) изложить в следующей редакции:

«11) план действий - совокупность действий по решению возникших вопросов неотложного и чрезвычайного характера, а также реализации международных обязательств Таджикистана;»;

- дополнить пунктом 12) в следующей редакции:

«12) план мероприятий – совокупность конкретных мероприятий по достижению целей и задач, поставленных в стратегиях и программах;»;

- пункты 12) и 13) считать как пункты 13) и 14) и изложить в следующей редакции:

«13) стратегия – совокупность реформ для достижения определенных целей, направленных на обеспечение устойчивого и сбалансированного развития на основе рационального использования имеющихся ресурсов и возможностей;

14) документы стратегического планирования - государственные прогнозы, концепции, национальные стратегии развития, среднесрочные программы развития Республики Таджикистан, отраслевые стратегии и программы, план мероприятий, план действий, программы социально-экономического развития областей, городов и районов, а также программы социально-экономического развития городков и сел»;

- пункты 14) и 15) соответственно считать пунктами 15) и 16).

3. В статье 4:

- в пункте 1) слова «и планы действий по их реализации» заменить словами «, план мероприятий и план действий».

- пункт 4) и 5) изложить в следующей редакции:

«4) утверждает порядок разработки и корректировки документов стратегического планирования;

5) утверждает порядок мониторинга и оценки документов стратегического планирования;».

4. В статье 5:

- пункт 2) изложить в следующей редакции:

«2) координирует соответствие документов стратегического планирования национальным целям и приоритетам и другим международным обязательствам Таджикистана;»;

-в пункте 10 слова «порядок разработки документов стратегического планирования» заменить словами «порядок разработки и корректировки документов стратегического планирования»;

- пункт 11) добавить в следующей редакции:

«11) подготавливает порядок мониторинга и оценки документов стратегического планирования и предоставляет на утверждение Правительству Республики Таджикистан;»;

- пункт 11) считать пунктом 12).

5. В пункте 3) части 2 статьи 7 слова «достижении Целей Устойчивого Развития» заменить словами «выполнение международных обязательств Таджикистана».

6. В названии глав 3 и 4 исключить слова «И КОНЦЕПЦИЯ».

7. Часть 1 статьи 8 изложить в следующей редакции:

«1. Документы стратегического планирования разрабатываются в следующем виде:

1) документы стратегического планирования национального уровня – государственные прогнозы, концепция, национальная стратегия развития, программа среднесрочного развития и план мероприятий;

2) документы стратегического планирования отраслевого уровня –отраслевые прогнозы, концепция, стратегия, программа, план мероприятий и план действий;

3) документы стратегического планирования местного уровня – прогнозы, программа и план действий.».

8. Статью 9 изложить в следующей редакции:

«Статья 9. Структура и содержание документов стратегического планирования

1. Государственные прогнозы состоят из демографических, социально-экономических, научно-технических, внешнеэкономической, экологической, правоохранительной, оборонной показателей и других отдельных отраслей страны и разрабатываются в соответствии с положениями главы 6 настоящего Закона.

2. Концепция включает следующие вопросы:

1) совокупность научно - обоснованных и взаимосвязанных взглядов;

2) основные направления государственного социально-экономического развития, включая отдельные отрасли экономики, межведомственные комплексы, а также основные направления научно-технической политики, инновационной, инвестиционной, экологической, региональной, правовой, внешнеэкономической, безопасности и обороны;

3) направления реализации стратегических целей, развития национальной экономики и отдельных ее отраслей на долгосрочную перспективу;

4) система и пути решения вопросов социально-экономического развития Республики Таджикистан и отдельных ее отраслей с учетом стратегических и национальных интересов.

3. Стратегия включает в себя следующие вопросы:

1) краткое описание стратегического документа и анализ текущей ситуации с выявлением существующих проблем;

2) цели и задачи стратегии;

3) определение приоритетных направлений, ожидаемых результатов и оценка потенциальных рисков;

4) финансовые возможности для реализации стратегии;

5) механизм реализации стратегии;

6) система отчетности, мониторинга и оценки.

4. Программа охватывает следующие вопросы:

1) фундаментальные основы разработки программы;

2) анализ текущей ситуации с выявлением существующих проблем;

3) цели и задачи программы;

4) определение приоритетных направлений, ожидаемых результатов и оценка потенциальных рисков;

5) система отчетности, мониторинга и оценки.

5. План мероприятий включает сроки реализации, ответственных за реализацию, основные индикаторы для мониторинга и оценки, объём и источники финансирования (государство, партнеры по развитию, частный сектор) конкретных мероприятий.»;

6. План действий состоит из совокупности согласованных действий с указанием сроков реализации, ответственных за реализацию, объём и источники финансирования и ожидаемые результаты.».

9. Статью 10 исключить:

10. Статьи 11 и 12 изложить в следующей редакции:

«Статья 11. Разработка и утверждение стратегических документов планирования национального уровня

1. Государственные прогнозы разрабатываются уполномоченным государственным органом по стратегическому планированию и государственному прогнозированию и в согласовании с центральными исполнительными органами государственной власти предоставляются на рассмотрение Правительству Республики Таджикистан.

2. Государственные прогнозы утверждаются Правительством Республики Таджикистан.

3. Государственные прогнозы разрабатываются для социально-экономической, научно-технической, экологической, внешнеэкономической и правоохранительной деятельности, обороны страны на очередной год и ее параметров на 2 последующих года.

4. Концепция утверждается Правительством Республики Таджикистан сроком не менее 20 лет и при необходимости корректируется раз в 5 лет.

5. Механизмом реализации концепции является стратегия.

6. Национальная стратегия развития и программа среднесрочного развития Республики Таджикистан разрабатываются уполномоченным государственным органом по стратегическому планированию и государственному прогнозированию и по согласованию с центральными исполнительными органами государственной власти представляются на рассмотрение и одобрение Правительству Республики Таджикистан.

7. Национальная стратегия развития и программа среднесрочного развития Республики Таджикистан утверждаются со стороны Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

8. Срок действия национальной стратегии развития составляет 15 лет, а срок действия программы среднесрочного развития Республики Таджикистан составляет 5 лет.

9. Стратегия может разрабатываться в рамках приоритетов концепции или для определения конкретных целей и приоритетов.

10. Механизмом реализации стратегии являются программа или план мероприятий (на 5 лет).

Статья 12. Разработка и утверждение документов стратегического планирования отраслевого уровня

1. Консепсия, стратегии, отраслевые программы, отраслевые планы мероприятий и планы действий разрабатываются министерствами и ведомствами исходя из направлений их деятельности и в согласовании с уполномоченным государственным органом по стратегическому планированию и государственному прогнозированию предоставляются Правительству Республики Таджикистан для рассмотрения.

2. Консепсия, стратегии, отраслевые программы, отраслевые планы мероприятий и планы действий утверждаются Правительством Республики Таджикистан, а отраслевые стратегии, программы в области денег, кредита и финансов утверждаются Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

3. Период действия отраслевых стратегий составляет не менее 15 лет, а период действия отраслевых программ не менее 5 лет, за исключением отраслевых стратегий, программ в области денег, кредита и финансов.

4. План действий разрабатывается на определенный период.

5. Министерства и ведомства, местные исполнительные органы государственной власти ответственны за своевременную, полную и эффективную реализацию отраслевых стратегий, программ, плана мероприятий и планов действий.».

11. В статье 13:

- в частях 2 и 4 исключить слово «период»;

- часть 5 изложить в следующей редакции:

«5. План действий утверждается председателем Горно - Бадахшанской автономной области, председателями областей, города Душанбе, городов и районов и джамоатов на определенный период.».

12. Статью 14 исключить:

13. Статью 15 дополнить частью 6 следующего содержания:

«6. Порядок финансирования мероприятий документов стратегического планирования утверждается Правительством Республики Таджикистан.».

14. Исключить часть 2 из пункта 2) статьи 16 и пункты 3), 4), 5), 6), 7), 8) и 9) соответственно считать пунктами 2), 3), 4), 5), 6), 7) и 8).

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования. Настоящий Закон не применяется относительно документов стратегического планирования, принятых до их вступления в действие или принимаемых с целью реализации этих актов.


Президент Республики Таджикистан