Фармоиши директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2024, № 162 "Дар бораи талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 августи соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1295

АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ
090.020.030.

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ тасдиқ карда шавад (замима карда мешавад).

2. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот зимни таҳия ва тасдиқи дастурамалҳои мансабӣ ва таъин (интихоб)-и хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи тахассусии мазкур ба инобат гирифта шавад.

3. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Фармоиши муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2011, №153 «Дар бораи тасдиқи Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 2011, №436«а» ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич


ш. Душанбе, аз 10 июли соли 2024, № 162 

 

Зарегисттрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 12 августа 2024 года,
регистрационный номер 1295


АГЕНТСТВА ГОСУДАРСТВЕННОЙ СЛУЖБЫ ПРИ ПРЕЗИДЕНТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О квалификационных требованиях для административных государственных служащих
090.020.030.

В соответствии со статьёй 8 Закона Республики Таджикистан «О государственной службе» и статьёй 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах»,

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

1. Утвердить квалификационные требования для административных государственных служащих Республики Таджикистан (прилагаются).

2. Государственным органам и органам самоуправления поселков и дехотов при разработке и утверждении должностных инструкций и назначении (избрании) административных государственных служащих Республики Таджикистан руководствоваться настоящим квалификационным требованиям.

3. Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

4. Признать утратившим силу распоряжение заместителя начальника Управления государственной службы при Президенте Республики Таджикистан от 24 августа 2011, №153 «Об утверждении Инструкции квалификационных требований для административных государственных служащих Республики Таджикистан», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 26 сентября 2011 года, №436«а».


Директор Агентства
государственной службы
при Президенте
Республики Таджикистан                                             Давлатов Джума Мухмадалиевич


г. Душанбе, от 10 июля 2024 года, №162