ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Конвенсия оид ба имтиёзҳо ва масунияти Котибот, ҳайати он ва намояндагони давлатҳои иштирокдори Машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Конвенсия оид ба имтиёзҳо ва масунияти Котибот, ҳайати он ва намояндагони давлатҳои иштирокдори Машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 8 июни соли 2010 дар шаҳри Истанбул ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Котиботро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Конвенсияи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, аз 31 январи соли 2025, № 1571
Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан
О ратификации Конвенции о привилегиях и иммунитетах Секретариата, его персонала и представителей государств – участников Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии
В соответствии со статьёй 57 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
- Ратифицировать Конвенцию о привилегиях и иммунитетах Секретариата, его персонала и представителей государств – участников Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии, подписанную 8 июня 2010 года в городе Стамбул.
- Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Секретариат о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящей Конвенции.
Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан М. Зокирзода
г. Душанбе, 31 января 2025 года, №1571