ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қабул шудааст
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 2025,
№ 605ҷонибдорӣ шудааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» аз 17 майи соли 2018, (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2018, №5, мод. 284; с. 2024, №1-2, мод. 27) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати шашуми моддаи 9 пас аз калимаи «инчунин» калимаҳои «ба таври ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
2. Ба қисми 3 моддаи 31 пас аз калимаи «зарар» калимаҳои «ба таври ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
...