ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, № 737
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
Ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, № 737 «Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 5) §10 боби 2 фасли II калимаҳои «Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар банди 5.2) §10 боби 2 фасли II калимаҳои «Шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим» мувофиқан ба калимаҳои «Шуъбаҳои дин ва танзими ҷашну маросим» ва «бахшҳои дин ва танзими ҷашну маросим» иваз карда шаванд;
- дар §12 боби 2 фасли II калимаҳои «Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросим» ба калимаҳои «Сармутахассиси дин ва танзими ҷашну маросим» иваз карда шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе, аз 7 январи соли 2025, № 908
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений в указ Президента Республики Таджикистан от 15 августа 2016 года, №737
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» постановляю:
Внести в Реестр государственных должностей Республики Таджикистан, утвержденный указом Президента Республики Таджикистан от 15 августа 2016 года, №737 «О Реестре государственных должностей Республики Таджикистан», следующие изменения:
- в пункте 5) §10 главы 2 раздела II слова «Комитет по религии, упорядочению традиций, торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан» заменить словами «Комитет по религии, упорядочению торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан»;
- в пункте 5.2) §10 главы 2 раздела II слова «Отделы по религии, упорядочению традиций, торжеств и обрядов» и «секторы по религии, упорядочению традиций, торжеств и обрядов» заменить соответственно словами «Отделы по религии, упорядочению торжеств и обрядов» и «секторы по религии, упорядочению торжеств и обрядов»;
- в §12 главы 2 раздела II слова «Главный специалист по религии, упорядочению традиций, торжеств и обрядов» заменить словами «Главный специалист по религии, упорядочению торжеств и обрядов».
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе 7 января 2025 года №908