ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 2020, № 1537
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
Дар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 2020, № 1537 «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ» калимаҳои «Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 январи соли 2025, № 949
...