Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2025, № 76 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2017, №282"

Санаи амалкуни: 29.01.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР 

Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2017, №282

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2017, № 282 «Дар бораи Тартиби нигоҳдорӣ ва нест кардани ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони масъул» тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1) ном дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Дар бораи Тартиби ташкили бойгонии электронӣ, инчунин тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳон электронӣ дар бойгониҳои элсктронӣ ва нобуд кардани онҳо»;

2) дар қисми муқаддимавӣ рақами «16» ба рақами «12» иваз гардида, пас аз калимаи «электронӣ» калимаҳои «ва имзои электронӣ» илова карда шаванд;

3) банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Тартиби ташкили бойгонии электронӣ, инчунин тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ дар бойгониҳои электронӣ ва нобуд кардани онҳо тасдиқ карда шавад (замима мегардад).»;

4) дар Тартиби нигоҳдорӣ ва нест кардани ҳуҷҷатҳои элсктронӣ, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони масъул:

- ном дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Тартиби ташкили бойгонии электронӣ, инчунин тартиби нигоҳдории хуҷҷатҳои электронӣ дар бойгониҳои электронӣ ва нобуд кардани онҳо”;

- банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Тартиби ташкили бойгонии электронӣ, инчунин тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ дар бойгониҳои электронӣ ва нобуд кардани онҳо (минбаъд - Тартиби мазкур) масъалаҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар бойгониҳои электронӣ ва нобуд кардани онҳо дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоеро, ки фаъолияти пешбурди бойгонӣ ва фаъолият оид ба нигоҳдории иттилооти ҳуҷҷатшударо амалӣ мекунанд, танзим менамояд.»;

- сархати якуми банди 2 хориҷ карда шавад;

- номи замимаҳои 1-7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Тартиби ташкили бойгонии электронӣ, инчунин тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ дар бойгониҳои электронӣ ва нобуд кардани онҳо».

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, аз 29 январи соли 2025, № 76


Правительство Республики Таджикистан 

Постановление

О внесении изменений и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 8 июня 2017 года, №282

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 8 нюня 2017 года, №282 «О Порядке хранения и уничтожения электронных документов, а также права и обязанности ответственных лиц» следующие изменения и дополнение:

  1. название изложить в следующей редакции:

«О Порядке создания электронных архивов, а также порядок хранения электронных документов в электронных архивах и их уничтожения»;

  1. в преамбуле цифру «16» заменить цифрой «12» и после слова «документе» дополнить словами «и электронной подписи»;
  2. пункт 1 изложить в следующей редакции:

«1. Утвердить Порядок создания электронных архивов, а также порядок хранения электронных документов и электронных архивах и их уничтожения (прилагается).»;

  1. в Порядке хранения и уничтожения электронных документов, а также права и обязанности ответственных лиц:
  • название изложить в следующей редакции:

«Порядок создания электронных архивов, а также порядок хранения электронных документов в электронных архивах и их уничтожения»;

  • пункт 1 изложить в следующей редакции:

«1. Порядок создания электронных архивов, а также порядок хранения электронных документов в электронных архивах и их уничтожения (далее - настоящий Порядок) регулирует вопросы хранения документов и их уничтожения в электронном архиве в государственных органах и организациях, которые осуществляют и регулируют деятельность по архивированию и хранению документированной информации.»;

- первый абзац пункта 2 исключить;

- название приложений 1-7 изложить в следующей редакции:

«Порядок создания электронных архивов, а также порядок хранения электронных документов в электронных архивах и их уничтожения».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан          Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 29 января 2025 года №76