ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, №255
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, № 255 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 2 рақами «30» ба рақами «50» иваз карда шавад;
- дар банди 4 рақами «1» ба рақами «2» иваз карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 январи соли 2025, № 930
...