ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2025
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2025 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Маблағгузории ҷамъоварӣ, коркарди маълумоти оморӣ ва таҳияи маҷмуаҳои оморӣ дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсус барои соли 2025, ки барои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ карда шавад.
3. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи Барномаи мазкурро таъмин намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 687
...