Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 686 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, № 58"

Санаи амалкуни: 26.12.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР 

Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, № 58

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Тартиби мусоидати мақомоти давлатӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани кумаки тиббӣ ва протезию ортопедӣ дар мамлакатҳои дигар, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, №58 «Дар бораи Тартиби мусоидати мақомоти давлатӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани кумаки тиббӣ ва протезию ортопедӣ дар мамлакатҳои дигар» тасдиқ шудааст, тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

- банди 19 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«19. Маблағи тибқи Тартиби мазкур барои гирифтани кумаки тиббӣ ва протезию ортопедӣ дар мамлакатҳои дигар ҷудошуда тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.»;

- банди 19 мувофиқан банди 20 ҳисобида шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 686

Правительство Республики Таджикистан

Постановление 

О внесении изменения и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 26 февраля 2022 года, №58

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Внести в Порядок содействия государственных органов гражданам Республики Таджикистан в получении медицинской и протезно-ортопедической помощи в других странах, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 26 февраля 2022 года, №58 «О Порядке содействия государственных органов гражданам Республики Таджикистан в получении медицинской и протезно-ортопедической помощи в других странах», следующие изменение и дополнение:

- дополнить пунктом 19 следующего содержания:

«19. Сумма, выделенная в соответствии с настоящим Порядком для получения медицинской и протезно-ортопедической помощи в других странах, выплачивается в безналичной форме.»;

- пункт 19 соответственно считать пункт 20.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан           Эмомали Рахмон

 

г.Душанбе от 26 декабря 2024 года №686