Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 685 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2021, № 500"

Санаи амалкуни: 26.12.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР 

Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2021, № 500

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомнома оид ба талаботи асосӣ нисбати истифодаи суратҳисоби махсус барои идоракунии воситаҳои молиявие, ки аз фурӯши неруи барқ дар дохили шабакаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2021, № 500 «Дар бораи Низомнома оид ба талаботи асосӣ нисбати истифодаи суратҳисоби махсус барои идоракунии воситаҳои молиявие, ки аз фурӯши неруи барқ дар дохили шабакаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд» тасдиқ шудааст, банди 63 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«63. Пардохт ва истифодаи маблағҳои ба суратҳисоби махсус барои идоракунии воситаҳои молиявии аз фурӯши неруи барқ дар дохили шабакаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.».

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 685

Правительство Республики Таджикистан

  Постановление

О внесении дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 25 ноября 2021 года, №500

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Положение об основных требованиях к использованию специального счета для управления финансовыми средствами, поступающими от продажи электроэнергии внутри энергетической системы Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 25 ноября 2021 года, №500 «О Положении об основных требованиях к использованию специального счета для управления финансовыми средствами, поступающими от продажи электроэнергии внутри энергетической системы Республики Таджикистан», дополнить пунктом 63 следующего содержания:

«63. Оплата и использование средств на специальный счет для управления финансовыми средствами, полученными от продажи электроэнергии внутри энергетической системы Республики Таджикистан, осуществляются в безналичной форме.».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан            Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 26 декабря 2024 года №686