Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 682 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, № 294"

Санаи амалкуни: 26.12.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР 

Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, № 294

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, № 294 «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

1) дар сархати панҷуми банди 11, сархати чоруми банди 12, сархати сеюми банди 16 ва сархати шашуми банди 60 калимаҳои «расид дар бораи пардохти» ба калимаҳои «маълумот доир ба тариқи ғайринақдӣ пардохт гардидани» иваз карда шаванд;

2) банди 69 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«69. Пардохтҳои марбут ба хизматрасониҳое, ки дар Қоидаҳои мазкур пешбинӣ шудаанд, тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.».

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 682

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменения и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 мая 2020 года, №294

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Внести в Правила оформления и выдачи заграничных паспортов, содержащих электронные носители информации и свидетельства на возвращение в Республику Таджикистан гражданам Республики Таджикистан, утвержденные постановлением Правительства Республики Таджикистан от 27 мая 2020 года, №294 «О Правилах оформления и выдачи заграничных паспортов, содержащих электронные носители информации и свидетельства на возвращение в Республику Таджикистан гражданам Республики Таджикистан», следующие изменения и дополнение:

1) в пятом абзаце пункта 11, четвёртом абзаце пункта 12, третьем абзаце пункта 16 и шестом абзаце пункта 60 слова «квитанция» и «квитанции» заменить соответственно словами «информация» и «информации»;

2) дополнить пунктом 69 следующего содержания:

«69. Платежи, связанные с услугами, предусмотренными настоящими Правилами, осуществляются в безналичной форме.».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан          Эмомали Рахмон

 

г.Душанбе от 26 декабря 2024 года №682