ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 428
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар банди 26) Тартиби ба фурӯш баровардани амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 428 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба фурӯш баровардани амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа» тасдиқ шудааст, калимаи «мепардозад» ба калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ пардохт менамояд» иваз карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 677