ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 210
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби сертификатсияи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 210 «Дар бораи тасдиқи Тартиби сертификатсияи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ» тасдиқ шудааст, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) ба банди 34) пас аз калимаи «тасдиқгардида» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
2) ба банди 48) пас аз калимаи «дорухона» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 676
...