Оинномаи Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2024, № 661

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 декабри соли 2024, № 661

Оинномаи Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 

1. Оинномаи Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» (минбаъд - Оиннома) дар асоси Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таҳия гардидааст.

2. Муассиси Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» (минбаъд- Институт) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) буда, он дар тобеияти идоравии Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (минбаъд - Донишгоҳ) қарор дорад.

3. Институт ба Донишгоҳ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

4. Институт фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Муассис, Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон», Оинномаи мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.

5. Институт муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ буда, корҳои илмию таҳқиқотиро дар дохил ва хориҷи кишвар амалӣ менамояд.

6. Институт шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни мустақили муҳосибӣ ва суратҳисоб бо асъори миллӣ дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ мебошад ва барои анҷом додани амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва қарзӣ аз ин суратҳисоб дар мувофиқа бо Донишгоҳ истифода менамояд.

7. Институт дар асоси ҳуқуқи идоракунии фаврӣ дорои молу мулк мебошад, аз номи худ уҳдадориҳоро қабул ва иҷро мекунад ва дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад мекунад.

8. Институт дорои муҳри мудаввар бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи пурраи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, логотип, бланки фирмавӣ ва дигар аломатҳои муайянкунанда мебошад.

9. Маблағгузории фаъолияти Институт аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси Институт ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

10. Институт ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои пулакиро анҷом диҳад.

11. Номи расмии Институт:

- бо забони тоҷикӣ – Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»;

- бо забони русӣ – Государственное учреждение «Научно-исследовательский институт туризма и предпринимательства» государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана»;

- бо забони англисӣ – State Institution «Research Institute of Tourism and Entrepreneurship» of the State Institution «International University of Tourism and Entrepreneurship of Tajikistan».

12. Суроғаи ҳуқуқии Институт: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад 48/5.

2. САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ИНСТИТУТ 

13. Фаъолияти Институт ҳамчун муассисаи илмию тадқиқотӣ вобаста ба заминаи моддӣ-техникии худ мутахассисонро дар зинаи баъди дипломи-доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос ва аспирантура, доктор ҳабилитат ва докторантураи анъанавӣ омода менамояд.

14. Фаъолияти асосии Институт аз самтҳои зерин иборат аст:

- таҳияи асосҳои илмии амалигардонии сиёсати сайёҳӣ ва соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ таҳия намудани пешниҳодҳо вобаста ба такмили сиёсати сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ;

- ҳамоҳангсозиисамтҳои тадқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо муассисаҳои ҳаммонанд;

- гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар самти таҳлили бозорҳои дохилии сайёҳӣ, соҳибкорӣ, хизматрасонӣ ва ғайраҳо бо мақсади таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати рушди онҳо;

- ташкил ва гузаронидани конфронсҳо, семинарҳо, симпозиумҳо, мизҳои мудаввар ва форумҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар самти мавзуъҳои масоили мубрами иқтисодиву иҷтимоӣ;

- дар асоси густариши робитаҳои илмӣ бо муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои муштарак дар самти фаъолияти илмӣ- тадқиқотӣ;

- тибқи дархости вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо ба роҳ мондани тадқиқоти илмӣ-амалӣ;

- ба роҳ мондани тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар Институт дар мавзуъҳои вобаста ба идоракунии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ;

- ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ – тадқиқотии Институт бо кафедраҳои марбутаи донишгоҳ;

- таҳияи маҳзани маълумоти натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии Институт ва Донишгоҳ;

- пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, барои маблағгузорӣ ба Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии АМИТ ва ё созмонҳои байналмилалӣ;

- ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти шўроҳои диссертатсионии Институт ваДонишгоҳ дар самти сайёҳӣ ва соҳибкорӣ;

- амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ дар самти омода намудани магистр, доктори илм (PhD) ва доктор аз рўи ихтисос;

- тайёр намудани аспирантон, докторантони соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, инчунин кормандони илмӣ ва илмӣ-омўзгорӣ;

- пешбурди фаъолияти таблиғотӣ ва нашриётӣ;

- амалӣ намудани фаъолияти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

3. ҲУҚУҚ, УҲДАДОРӢ ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ИНСТИТУТ

15. Институт барои амалӣ намудани мақсадҳои худ тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҳуқуқ дорад:

- дар фаъолияти худ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил бошад;

- натиҷаҳои фаъолияти илмиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тиҷоратӣ намояд;

- омӯзгорону кормандон ва кормандони дигари илмиро, ки дар давоми сол ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардиданд, дар ҳолати сарфаи музди меҳнат аз ҳисоби фондҳои маблағҳои буҷетӣ ва махсус бо мукофотпулиҳо тибқи Тартиби пардохти музди меҳнат ва ҳиссаи тафриқавӣ барои кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мақоми байналмилалӣ ва воҳидҳои сохтории он (минбаъд - Тартиб) қадрдонӣ намояд;

- ба ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ тибқи Тартиб барои таҳияи монографияҳо, васоити илмӣ ва дигар маводди таълимӣ-методӣ ҳаққи қалам муқаррар намояд;

- дар асоси қарори Шурои илмӣ ва талаботи Низомномаи ҳавасмандгардонии моддӣ ва муқаррар намудани имтиёзҳои дохилӣ барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳавасмандкуниҳои молиявиро тибқи Тартиб татбиқ намояд;

- ҷадвали басти вазифаҳои кормандони Институтро дар доираи фонди музди меҳнат муқаррар ва барои тасдиқ ба Шурои олимони Донишгоҳ пешниҳод намояд;

- бо муассисаҳои илмӣ ҳамкориро ба роҳ монад;

- тибқи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ молу мулкеро, ки аз ҷониби Муассис ва Донишгоҳ вобаста карда шудааст, мувофиқи таъиноти мақсаднок истифода намояд ва дар ҳолати фарсудашавӣ аз эътибор соқит кунад;

- молу мулкеро, ки дар натиҷаи фаъолияти илмӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба даст меорад, мустақилона идора кунад;

- воҳидҳои иҷтимоӣ, табобатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, муассисаҳои фароғатӣ-фарҳангӣ ва хоҷагии ёрирасон дошта бошад;

- тартиби истифодаи маблағҳои аз сарчашмаҳои дигари буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ба суратҳисоби Институт воридшударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кунад;

- дар мувофиқа бо Донишгоҳ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоби худро дар бонкҳо дошта бошад;

- ҳангоми баргузории тендерҳо аз суратҳисоби иловагии дар бонкҳо ҷойдоштаи хеш дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда хариди мол ва хизматрасониҳоро пардохт намояд;

- бо мақсади ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба корҳои илмӣ музди меҳнати мутахассиони хориҷиро дар асоси шартномаи тарафайн аз ҳисоби фонди музди меҳнат дар доираи харҷномаи ягонаи даромадҳо ва хароҷот пардохт намояд;

- барои таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои инноватсионӣ, сармоягузорӣ ва грантҳо аз маблағҳои махсуси дар ихтиёрдоштаи худ истифода намояд;

- бо ташкилотҳои молиявии маблағгузор мустақилона ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ монад.

16. Институт уҳдадор аст:

- фаъолияти худро мутобиқи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои дохилӣ ба роҳ монад;

- оид ба натиҷаи фаъолияти Институт дар давраи ҳисоботӣ ба Донишгоҳ ҳисобот диҳад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони худ риояи кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро, ки давлат муқаррар намудааст, таъмин намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида барои зарари ба саломатӣ ва қобилияти меҳнатии онҳо расонидашуда ҷавобгар бошад;

- иҷрои уҳдадориҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур муқаррар намудаанд.

17. Вазифаҳои асосии Институт:

- тартиб додани дастурамалҳои корӣ ва соҳавӣ дар самти сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва ғайра;

- иштирок дар омода ва таҳиясозии стандартҳои миллии сайёҳӣ ва соҳибкории ҷавобгўй ба стандартҳои байналхалқӣ;

- таҳияи саволномаҳои аттестатсионӣ барои санҷиши савияи дониши кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва соҳаҳои дигар дар асоси дархост;

- пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои он;

- тарҳрезӣ намудан ва гузаронидани конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, машваратҳо, мубоҳисаҳо оиди масъалаҳои муҳимми илмӣ;

- нашри маводҳо ва маҷаллаи соҳавии илмию тадқиқотӣ;

- дарёфт ва ҷалби сарчашмаҳои молиявии маблағгузории корҳои илмию тадқиқотӣ;

- густариш додани робитаҳо бо муассисаҳои илмӣ ва олимони дигар кишварҳо;

- пешниҳоди машваратҳои илмию методӣ ба ташкилоту муассисаҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ.

4. ИДОРАКУНИИ ИНСТИТУТ

18. Идоракунии Институт бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва шартномаи коллективӣ амалӣ карда мешавад.

19. Институт бо татбиқи усулҳои мувофиқати яккасардорӣ ва дастаҷамъӣ низоми мақоми идоракунанда таъсис медиҳад.

20. Низоми мақомоти идоракунандаи Институт чунин мебошад:

- Шурои илмӣ;

- директори Институт.

21. Директори Институт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Донишгоҳ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

22. Директори Институт барои идоракунии дастаҷамъонаи Институт Шурои илмиро таъсис медиҳад.

23. Ваколатҳои директори Институт:

- таклифу пешниҳодҳоро ба Донишгоҳ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оиннома, низомномаҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Институт, ки ба салоҳияти он марбут аст манзур менамояд;

- аз номи Институт амал карда, манфиатҳои онро дар мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, бонкҳо ва дар назди ашхоси алоҳида ҳимоя мекунад;

- молу мулк ва маблағҳои пулии Институтро идора намуда, дар истифодаи самараноки онҳо ҷавобгар мебошад;

- ба ректори Донишгоҳ оид ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани муовинони директор, сармуҳосиб, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва котиби илмӣ пешниҳод манзур менамояд;

- ходимону кормандони Институтро тибқи озмун таъин ва озод менамояд;

- дар доираи ваколати хеш фармоишҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо барои ходимону кормандони Институт ҳатмӣ мебошад;

- шурои илмии Институтро ташкил ва роҳбарӣ мекунад;

- оид ба ташкили шуроҳои диссертатсионӣ ба Шурои олимони донишгоҳ таклифҳо пешниҳод менамояд;

- ҳисоботи солонаи Институтро ҳамасола ба Донишгоҳ пешниҳод менамояд.

24. Ваколатҳои Шурои илмӣ:

- самтҳои асосии фаъолияти илмии Институтро муайян намуда, нақшаи иҷрои кории Институт, нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва озмоишиву конструкторӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ, дар амал ҷорӣ намудани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, машварат ва конфронсҳоро баррасӣ ва тасдиқ мекунад;

- ҳисоботро дар бораи муҳимтарин натиҷаҳои корҳои илмӣ ва илмиву ташкилии фаъолияти Институт тасдиқ намуда, ба Донишгоҳ пешниҳод мекунад;

- масъалаҳои марбут ба тағйири сохтори Институтро муҳокима менамояд;

- муҳимтарин масоили илмӣ, маърузаҳои илмиро муҳокима карда, натиҷаи корҳои нисбатан муҳимми илмии Институтро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад;

- нақшаҳои таҳрир ва интишори асарҳои илмии дар Институт тайёршударо баррасӣ намуда, онҳоро ба чоп тавсия мекунад;

- масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории эҷодиро бо муассисаҳои дигари илмӣ муҳокима менамояд;

- ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои илмию таҳқиқотӣ, роҳбарони гурўҳҳои таҳқиқотӣ ва кормандони илмии алоҳидаро шунида, мавриди арзёбӣ қарор медиҳад;

- самарабахшии ҳамкории илмии байнлмилалӣ, рафти таҳқиқоти бо муассисаҳои илмии хориҷӣ баргузоршавандаро муҳокима мекунад, инчунин ҳисоботҳои кормандони Институтро оид ба сафарҳои корӣ ва илмӣ гўш мекунад.

- асарҳои барҷастаи илмӣ, кашфиётҳои илмӣ ва ихтироъҳоро барои гирифтани ҷоизаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунад;

- олимони Институтро барои дарёфти унвонҳои фахрӣ пешбарӣ мекунад;

- номзадҳоро ба узви вобаста ва узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои илмии соҳавӣ пешбарӣ менамояд;

- қарори Шурои олимон ба тариқи овоздиҳии ошкоро қабул карда мешавад, агар Шурои олимон оид ба пинҳонӣ баргузории овоздиҳӣ қарор қабул накарда бошад;

- дар масъалаҳои озмун барои ишғол кардани вазифаҳои холӣ қарорҳо тибқи Оинномаи мазкур қабул карда мешаванд.

5. ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН, АСПИРАНТОН, УНВОНҶӮЁН ВА ДОКТОРАНТОН БА ИНСТИТУТ

25. Қабули магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантон ба Институт мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

6. МОЛУ МУЛК ВА ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРИИ ИНСТИТУТ

26. Институт ба молу мулки дар истифодааш буда (биною иншоот, маҷмааҳои таълимӣ, таҷҳизот ва ашёи дигари зарурии таълимӣ, техникӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва ғайра) тибқи қонунгузорӣ, ҳадафҳои фаъолияти хеш, супоришҳои Муассис ва таъиноти молу мулк ҳуқуқи идоракунии оперативӣ дорад.

27. Сарчашмаҳои ташаккули молу мулки Институт ва маблағгузории фаъолият аз инҳо иборат аст:

- моликияти Донишгоҳ, ки бо мақсади идоракунии оперативӣ ба Институт дода шудааст;

- маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои мавзуъҳои фармоишии илмӣ-тадқиқотӣ пешбинӣ шудаанд;

- ҳиссагузории корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои илмию таҷрибавӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ, ки дар тобеияти Институт мебошанд;

- даромадҳое, ки аз амалӣ намудани шаклҳои гуногуни фаъолияти Институт, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба даст меояд;

- аъзоҳаққиҳо ва грантҳои мақсаднок, хайрияҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла, ташкилотҳои хориҷӣ;

- даромад аз истифодаи фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ғайраҳо.

28. Амалиёти молиявӣ аз ҷониби мақоми хазинадорӣ ба воситаи суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ ва суратҳисоби асъории хазинадорӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

29. Аз даромади софе, ки пас аз анҷоми пардохтҳои ҳатмии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ихтиёри Институт боқӣ мемонад, маблағҳои махсуси Институт ташкил меёбад. Дар ҷамъбасти соли молиявӣ бо қарори Шурои олимон истифодабарии маблағҳои махсуси Институт барои соли ояндаи молиявӣ муайян карда мешавад.

30. Институт бевосита ба мақомоти молия, андоз, омор ва мақомоти дигари давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии амалкунанда ҳисобот медиҳад.

31. Институт масъалаҳои бастани шартномаро барои иҷро намудани корҳои илмӣ-тадқиқотии фармоишӣ ва амалӣ намудани фаъолияти таълимии пулакӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ҳал менамояд.

7. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИНСТИТУТ 

32. Институт ҳуқуқи иштирок намудан дар ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илмӣ-тадқиқотиро доро мебошад, аз он ҷумла:

- дар барномаҳои дутарафа ва бисёртарафаи байналмилалии мубодилаи аспирантон, докторантон, ходимони илмӣ, кормандони омўзгорӣ ва илмӣ иштирок менамояд;

- дар гузаронидани тадқиқотҳои байналмилалии илмӣ-методӣ, инчунин дар конгрессҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо ва чорабиниҳои дигари байналмилалӣ ширкат меварзад;

- дар барномаҳои байналмилалии такмили корҳои илмию тадқиқотӣ иштирок мекунад.

33. Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти илмӣ-тадқиқотии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз марзи кишвар дар асоси шартномаҳое, ки Институт бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ бастааст, ба роҳ монда мешавад.

34. Институт дар мувофиқа бо Донишгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти байналмилалӣ, ки ба иҷрои вазифаҳои Институт, инчунин рушди робитаҳои байналмилалии он равона шудаанд, ҳуқуқ дорад.

8. ТАРТИБИ БАРҲАМДИҲӢ ВА АЗНАВТАШКИЛДИҲИИ ИНСТИТУТ

35. Барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии Институт бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда сурат мегирад.


Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «26» декабри соли 2024, №661

 

Сохтори Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»

  1. Роҳбарият
  2. Шурои илмӣ
  3. Котиби илмӣ
  4. Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадр
  5. Шуъбаи тадқиқоти сайёҳӣ
  6. Шуъбаи тадқиқоти соҳибкорӣ
  7. Шуъбаи татбиқи натиҷаҳои илмӣ
  8. Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва кор бо грантҳо
  9. Шуъбаи муҳосибот ва банақшагирӣ
  10. Шуъбаи хоҷагидорӣ
  11. Шуъбаи техникӣ

Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «26» декабря 2024 года, №661

Устав Государственного учреждения «Научно-исследовательский институт туризма и предпринимательства» Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана»

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Устав Государственного учреждения «Научно-исследовательский институт туризма и предпринимательства» Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана» (далее-Устав) разработан на основе Гражданского кодекса Республики Таджикистан, Закона Республики Таджикистан «О научной деятельности и государственной политике в области науки и техники» и других отраслевых нормативных правовых актов.

2. Учредителем Государственного учреждения «Научно-исследовательский институт туризма и предпринимательства» Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана» (далее - Институт) является Правительство Республики Таджикистан (далее - Учредитель) и он находится в ведомственном управлении Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана» (далее - Университет).

3. Институт подчиняется и подотчетен Университету.

4. Институт осуществляет свою деятельность в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан «Об образовании», «О научной деятельности и государственной политике в области науки и техники», международно-правовыми актами, признанными Таджикистаном, а также указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Учредителя, Уставом Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана», настоящим Уставом и другими нормативными правовыми актами.

5. Институт является научно-исследовательским учреждением и осуществляет научно-ислледовательские работы в стране и за рубежом.

6. Институт является юридическим лицом и имеет независимый бухгалтерский баланс и расчётный счет в национальной валюте в Главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан и коммерческих банках и согласно с Университетом и использует этот счет для осуществления расчетных и кредитных операций.

7. Учреждение на основе права оперативного управления владеет имуществом, принимает и выполняет обязательства от своего имени и выступает в качестве истца и ответчика в суде.

8. Институт имеет круглую печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и своего полного наименования на государственном, русском и английском языках, логотипом, фирменным бланком и другими опознавательными знаками.

9. Финансирование деятельности Института осуществляется за счет средств государственного бюджета, специальных средств Института и других источников финансирования, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.

10. Институт имеет право оказывать платные услуги в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

11. Официальное название Института:

- на таджикском языке - Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии сайёњї ва соњибкорї»-и Муассисаи давлатии «Донишгоњи байналмиллалии сайёњї ва соњибкории Тољикистон»;

- на русском языке - Государственное учреждение «Научно-исследовательский институт туризма и предпринимательства» Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана»;

- на английском языке – State Institution «Research Institute of Tourism and Entrepreneurship» of the State Institution «International University of Tourism and Entrepreneurship of Tajikistan».

12. Юридический адрес Института: Республика Таджикистан, город Душанбе, район Фирдавси, улица Борбад 48/5.

2. ОСНОВНЫЕ НАПРАВЛЕНИЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ИНСТИТУТА

13. Институт как научно-исследовательское учреждение в зависимости от его материально-технической базы осуществляет подготовку специалистов последипломного уровня - доктора философии (RhD), доктора по специальности и аспирантуры, доктора хабилитата и традиционной докторантуры.

14. Основная деятельность Института состоит из следующих направлений:

- разработка научной основы реализации туристической и предпринимательской политики Республики Таджикистан;

- на основе результатов научных исследований разработка предложений, связанных с развитием туризма, предпринимательства и внешнеэкономических отношений;

- координация направлений научных исследований по социально-экономическим вопросам с аналогичными учреждениями;

- проведение научных исследований в области анализа внутренних рынков туризма, препринимательства, услуг и т.д. с целью разработки предложений по их развитию;

- организация и проведение конференций, семинаров, симпозиумов, круглых столов и республиканских и международных форумов по актуальным экономическим и социальным вопросам;

- разработка и реализация совместных проектов в области научно-исследовательской деятельности на основе расширения научных связей с научно-исследовательскими учреждениями республики и зарубежных стран;

- проведение научно-практических исследований по запросу министерств и ведомств, предприятий, учреждений и организаций;

- проведение фундаментальных и прикладных исследований в Институте по темам, связанным с управлением туризмом и предпринимательством;

- координация научно-исследовательских работ Института с соответствующими кафедрами Университета;

- разработка базы данных результатов научно-исследовательских работ Института и Университета;

- представление научно-исследовательских проектов для финансирования Совету по координации научно-исследовательских работ НАНТ или международных организаций;

- организация и координация деятельности диссертационных советов Института и Университета по направлениям туризма и предпринимательства;

- реализация образовательных программ по направлению подготовки магистра, доктора философии (PhD), доктора по специальности;

- подготовка аспирантов, докторантов в области туризма и предпринимательства, а также научных и научно-педагогических работников;

- осуществление рекламной и издательской деятельности;

- осуществление иной деятельности, не запрещенной законодательством Республики Таджикистан.

3. ОСНОВНЫЕ ПРАВА, ОБЯЗАННОСТИ И ФУНКЦИИ ИНСТИТУТА

15. Институт имеет право осуществлять свои цели в соответствии с положениями действующих нормативных правовых актов:

- быть самостоятельным в своей деятельности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан;

- коммерциализировать результаты научной деятельности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан;

- поощрять учителей, сотрудников и других научных работников, добившихся в течение года значительных научных достижений, в случае экономии заработной платы за счет бюджетных средств и специальных фондов премиями в соответствии с Порядком выплаты заработной платы и дифференцированной доли работникам высших учебных заведений международного статуса и его структурных подразделений (далее - Порядок);

- установить гонорары профессорско-преподавательскому составу за подготовку монографий, научных изданий и других учебно-методических материалов, в соответствии с Порядком;

- применять материальное стимулирование на основании решения Ученого совета и требований Положения о материальном стимулировании и установлении внутренних льгот для защиты докторских и кандидатских диссертаций, в соответствии с Порядком;

- установить штатное расписание сотрудников Института в рамках фонда заработной платы и представить её на утверждение Учёному совету Университета;

- наладить сотрудничество с научными учреждениями;

- в соответствии с требованиями, установленными нормативными правовыми актами, использовать имущество, закрепленное Учредителем, в соответствии с целевым назначением и списывать его в случае износа;

- самостоятельно распоряжаться имуществом, приобретенным в результате научной, производственной и сервисной деятельности;

- иметь социальные, лечебные и спортивные части, санатории, культурно-развлекательные учреждения и подсобные хозяйства;

- определяет порядок использования средств, поступивших из других бюджетных и внебюджетных источников на счет Института в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;

- в согласовании с Университетом и Министерством финансов Республики Таджикистан иметь расчетные счета в банках;

- при проведении тендеров оплачивать приобретение товаров и услуг с дополнительного банковского счета на основании подтверждающих документов;

- в целях привлечения иностранных преподавателей к научной работе производить оплату труда иностранных специалистов по взаимному согласию из фонда оплаты труда в пределах единой сметы доходов и расходов;

- использовать имеющиеся в его распоряжении специальные средства для разработки и реализации инновационных проектов, инвестиций и грантов;

- самостоятельно в установленном порядке налаживать двустороннее сотрудничество с финансовыми организациями в рамках действующих нормативных правовых актов.

16. Инстутут обязан:

- осуществлять свою деятельность в соответствии с Конституцией и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, а также внутренними актами;

- отчитываться перед Университетом о результатах деятельности Института за отчетный период;

- в соответствии с законодательством Республики Таджикистан обеспечивать соблюдение правовых гарантий граждан, установленных государством для своих работников, и нести ответственность за причинение вреда их здоровью и трудоспособности в установленном порядке;

- выполнение иных обязанностей, установленных нормативными правовыми актами Республики Таджикистан и настоящим Уставом.

17. Основные функции Института:

- составление рабочих и отраслевых инструкций по туризму, предпринимательству и т.д.;

- участие в подготовке и разработке национальных стандартов туризма и предпринимтаельства, соответствующих международным стандартам;

- разработка аттестационных анкет для проверки уровня знаний работников туристической и предпринимательской и других отраслей на основе запроса;

- ведение научно-исследовательской деятельности в туристической и предпринимательской сферах с целью реализации ее результатов на практике;

- разработка и проведение международных и республиканских конференций, симпозиумов, семинаров, консультаций, дискуссий по важным научным вопросам;

- публикация материалов и научно-исследовательский журнал;

- поиск и привлечение финансовых источников финансирования научно-исследовательских работ;

- расширение связей с научными учреждениями и учеными других стран;

- предоставление научно-методических консультаций организациям и учреждениям в сфере туризма и предпринимательства.

4. УПРАВЛЕНИЕ ИНСТИТУТОМ 

18. Управление Институтом осуществляется в порядке, установленном нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, настоящим Уставом, правилами внутреннего распорядка Института и коллективным договором.

19. Институт создает систему органов управления с применением методов согласования единоначалия и коллегиальности.

20. Система центрального органа управления Института является:

- Ученый совет;

- директор Института.

21. Директор Института назначается и освобождается от должности Правительством Республики Таджикистан по представлению Университета.

22. Для коллективного управления Институтом директор создает Ученый совет.

23. Полномочия директора Института:

- вносит в Университет предложения и представления о внесении изменений и дополнений в Устав, положения и другие нормативные правовые документы, регулирующие деятельность Института, относящиеся к его компетенции;

- действует от имени Института и защищает его интересы в органах власти и государственного управления, банках и перед отдельными физическими лицами;

- управляет имуществом и средствами Института и несет ответственность за их эффективное использование;

- вносит ректору Университета предложения о назначении на должность и освобождении от должности заместителей директора, главного бухгалтера, руководителей структурных подразделений и учёного секретаря;

- назначает и освобождает от должности сотрудников Института согласно конкурсу;

- издает распоряжения в пределах своих полномочий, выполнение которых является обязательным для работников Института;

- организует и руководит Ученым советом Института;

- вносит в Ученый совет Университета предложения по организации диссертационных советов;

- ежегодно представлят Университету годовой отчет Института.

24. Полномочия Ученого совета:

- определяет основные направления научной деятельности Института, утверждает план работы Института, план научно-исследовательских и опытно-конструкторских работ, подготовку научных кадров, внедрение результатов научных исследований в практику, а также рассмотрение и утверждение планов проведения консультаций и конференций;

- утверждает отчёт о важнейших результатах научной и научно-организационной деятельности Института и представляет его Университету.

- обсуждает вопросы, связанные с изменением структуры Института;

- обсуждает важнейшие научные материалы, научные доклады и оценивает результаты научных работ Института;

- рассматривает планы редактирования и публикации научных работ, подготовленных в Институте, и рекомендует их к публикации;

- обсуждает вопросы координации и творческого сотрудничества с другими научными учреждениями;

- заслушивает и оценивает отчеты руководителей научно-исследовательских подразделений, руководителей научных групп и отдельных научных работников;

- обсуждает эффективность международного научного сотрудничества Института, ход исследований, проводимых совместно с зарубежными научными учреждениями, а также заслушивает отчеты сотрудников Института о деловых и научных поездках;

- представляет выдающиеся научные работы, научные открытия и изобретения к получению международных и национальных премий;

- выдвигает ученых Института к присвоению почетных званий;

- выдвигает кандидатов в ассоциированные и постоянные члены Национальной академии наук Таджикистана и отраслевых научных академий;

- решения Ученого совета принимаются открытым голосованием, если Ученый совет не принял решения о проведении тайного голосования;

- по вопросам конкурса на замещение вакантных должностей решения принимаются в соответствии с настоящим Положением.

5. ПРИЕМ МАГИСТРАНТОВ, АСПИРАНТОВ, СОИСКАТЕЛЕЙ И ДОКТОРАНТОВ В ИНСТИТУТ

25. Прием магистрантов, аспирантов, соискателей и докторантов в Институт осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

6. ИМУЩЕСТВО И ФИНАНСОВО-ХОЗЯЙСТВЕННАЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ ИНСТИТУТА

26. Институт имеет право оперативного управления имуществом, находящимся в его пользовании (здания, сооружения, учебные комплексы, оборудование и другие необходимые образовательные, технические культурные, социальные, производственные и т.п.) в соответствии с законодательством, целями своей деятельности, поручениями Учредителя и назначением имущества.

27. Источники формирования имущества Института и финансирования деятельности состоят из:

- собственности Университета, переданное Институту в оперативное управление;

- средств государственного бюджета, предназначенных для реализации заказных научно-исследовательских тем;

- долевого участия производственных предприятий, научно-экспериментальных организаций и других структурных подразделений, находящихся в ведении Института;

- доходов от осуществления различных видов деятельности Института, не запрещенных действующим законодательством Республики Таджикистан;

- членских взносов и целевых грантов, добровольных пожертвований физических и юридических лиц, в том числе иностранных организаций;

- доходов от использования образовательной, научной и иной деятельности.

28. Финансовые операции осуществляются органом казначейства посредством единого казначейского счета и валютного счета казначейства и коммерческих банков в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

29. Специальные средства Института формируются из чистого дохода, остающегося в распоряжении Института после уплаты обязательных платежей, установленных законодательством Республики Таджикистан. По окончании финансового года использование специальных средств Института на следующий финансовый год определяется решением Ученого совета.

30. Институт непосредственно отчитывается перед финансовыми, налоговыми, статистическими и другими государственными органами в соответствии с действующими нормативными актами.

31. Институт решает вопросы заключения договора на выполнение заказных научных исследований и осуществление платной образовательной деятельности на основании законодательства Республики Таджикистан и настоящего Устава.

7. МЕЖДУНАРОДНОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО ИНСТИТУТА


32. Институт имеет право участвовать в международном сотрудничестве в области научных исследований, в том числе:

- участвует в двусторонних и многосторонних программах обмена аспирантами, докторантами, научными работниками, педагогическими и научными работниками;

- участвует в проведении научно-методических исследований, а также в конгрессах, конференциях, симпозиумах и других мероприятиях;

- участвует в международных программах по совершенствованию научно-исследовательской работы.

33. Научно-исследовательская деятельность иностранных граждан в Республике Таджикистан, научно-исследовательская деятельность граждан Республики Таджикистан за пределами страны осуществляется на основании договоров, заключаемых Институтом с иностранными физическими и юридическими лицами.

34. Институт по согласованию с Университетом согласно законодательству Республики Таджикистан, имеет право осуществлять международную деятельность, направленную на выполнение задач Института, а также развитие его международных связей.

8. ПОРЯДОК ЛИКВИДАЦИИ И РЕОРГАНИЗАЦИИ ИНСТИТУТА

35. Ликвидация и реорганизация Института осуществляется в порядке, установленном действующим законодательством.

Приложение 2
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «26» декабря 2024 года, №661


Структура Государственного учреждения «Научно-исследовательский институт туризма и предпринимательства» Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана»

1.Руководство

2.Ученый совет

3.Ученый секретарь

4.Отдел правового и кадрового обеспечения

5.Отдел исследований туризма

6.Отдел исследований предпринимательства

7.Отдел внедрения научных результатов

8.Отдел международных связей и работы с грантами

9.Бухгалтерия и плановый отдел

10. Отдел хозяйствования

11. Технический отдел