ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 646
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» аз 17 майи соли 2018, (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2018, №5, мод.284; с. 2024, №1-2, мод.27) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати шашуми моддаи 9 пас аз калимаи «инчунин» калимаҳои «ба таври ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
2. Ба қисми 3 моддаи 31 пас аз калимаи «зарар» калимаҳои «ба таври ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
...