Қоидаҳои ҳамкории мутақобилаи марказҳои тасдиқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои тасдиқкунанда ва тарафҳои сеюми бовариноки давлатҳои хориҷӣ аз 11 сентябри соли 2024, №1/35

Санаи амалкуни: 11.09.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1307

Замима
ба фармоиши директори
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 сентябри соли 2024, №1/35

ҚОИДАҲОИ ҲАМКОРИИ МУТАҚОБИЛАИ МАРКАЗҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МАРКАЗҲОИ ТАСДИҚКУНАНДА ВА ТАРАФҲОИ СЕЮМИ БОВАРИНОКИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ

(фармоиш аз 01.09.2025 №1/12)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 

1. Қоидаҳои ҳамкории мутақобилаи марказҳои тасдиқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои тасдиқкунанда ва тарафҳои сеюми бовариноки давлатҳои хориҷӣ (минбаъд – Қоидаҳои мазкур) тартиби баҳисобгирӣ ва қатъ намудани ҳамкории марказҳои тасдиқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои тасдиқкунанда ва тарафҳои сеюми бовариноки давлатҳои хориҷиро муайян менамояд.

2. Ҳамкории мутақобилаи тарафҳои сеюми бовариноки давлатҳои хориҷӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ»-и Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Ҷамъият) амалӣ карда мешавад.

2. ТАРТИБИ БАҲИСОБГИРӢ ВА ҚАТЪИ ҲАМКОРИИ МАРКАЗҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ БО МАРКАЗҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(фармоиш аз 01.09.2025 №1/12)
...

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1307


Замима
ба фармоиши директори
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 сентябри соли 2024, №1/35

ҚОИДАҲОИ ҲАМКОРИИ МУТАҚОБИЛАИ МАРКАЗҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МАРКАЗҲОИ ТАСДИҚКУНАНДА ВА ТАРАФҲОИ СЕЮМИ БОВАРИНОКИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои ҳамкории мутақобилаи марказҳои тасдиқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои тасдиқкунанда ва тарафҳои сеюми бовариноки давлатҳои хориҷӣ (минбаъд – Қоидаҳои мазкур) тартиби баҳисобгирӣ ва қатъ намудани ҳамкории марказҳои тасдиқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои тасдиқкунанда ва тарафҳои сеюми бовариноки давлатҳои хориҷиро муайян менамояд.

2. Ҳамкории мутақобилаи тарафҳои сеюми бовариноки давлатҳои хориҷӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ»-и Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Ҷамъият) амалӣ карда мешавад.

2. ТАРТИБИ БАҲИСОБГИРӢ ВА ҚАТЪИ ҲАМКОРИИ БАЙНИ МАРКАЗҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МАРКАЗҲОИ ТАСДИҚКУНАНДА ВА ТАРАФҲОИ СЕЮМИ БОВАРИНОКИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ

3. Бо мақсади санҷиши тасдиқи мансубият ва эътибори калиди кушодаи имзои электронӣ ва сертификати бақайдгирии аз ҷониби маркази тасдиқкунанда додашуда баҳисобгирии маркази тасдиқкунанда дар тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи зерин амалӣ карда мешавад:

- мутобиқати сертификатҳои бақайдгирии маркази тасдиқкунанда ба стандарти муайяннамудаи Ҷамъият;

- дастрас будани рӯйхати сертификатҳои бақайдгирии бозхондшуда дар суроғаи электронии шабакаи байналмилалии интернетии маркази тасдиқкунанда бо реҷаи дастрасии шабонарӯзӣ, бо муҳлати амали на камтар аз 24 соат ва давраи барориш на камтар аз 1 маротиба дар як шабонарӯз;

- аз ҷониби маркази тасдиқкунандаи тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурдани воситаи ҳифзи иттилооти криптографӣ, ки дорои сертификати мутобиқат мебошад;

- мутобиқи стандартҳои муқарраргардида истифодаи алгоритми криптографӣ дар марказҳои тасдиқкунандаи тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи криптографии иттилоот, равандҳои сохтан ва санҷидани имзои электронӣ;

- таъсис ва фаъолияти маркази тасдиқкунанда мутобики қонунгузории давлати хориҷӣ;

- фаъолияти маркази тасдиқкунандаи хориҷӣ дар ҳудуди давлати будубош на кам аз 2 сол, ба истиснои маркази тасдиқкунандаҳои давлатии хориҷӣ;

- ба маркази тасдиқкунандаҳои хориҷӣ пешниҳоди имзоҳои электронӣ дар воситаҳои муҳофизатшудаи иттилооти калидӣ.

4. Барои баҳисобгирӣ маркази тасдиқкунандаи хориҷӣ ба Ҷамъият дар шакли электронӣ ё хаттӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунад:

- ариза дар бораи бақайдгирии маркази тасдиқкунанда (тарафи сеюми бовариноки давлати хориҷӣ) дар тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замимаи 1 Қоидаҳои мазкур;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, ки муассис – шахси ҳуқуқии хориҷӣ тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ шахси ҳуқуқӣ мебошад, бо тарҷумаи тариқи нотариалӣ тасдиқгардида;

- нусхаҳои иҷозатномаҳо ва ё сертификатҳо барои воситаҳои барномавии истифодашавандаи паҳнкунии маҳдуд, инчунин нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи муаллифӣ дар сурати таҳияи худ;

- протоколи мутобиқати воситаи ҳифзи криптографии иттилооти маркази тасдиқкунандаи хориҷӣ бо таъминоти барномавии тарафи сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сертификати бақайдгирии решавӣ ё муқаррарӣ (тобеъ)-и маркази тасдиқкунандаи хориҷӣ;

- нусхаи низомнома (қоидаҳо)-и фаъолияти маркази тасдиқкунандаи хориҷӣ;

- нусхаи сертификати мутобиқат ба воситаи истифодашавандаи ҳифзи криптографии иттилоот, мутобиқи талаботи стандартҳои дахлдори давлати хориҷӣ, ки дар ин маркази тасдиқкунандаи хориҷӣ ва истифодабарандагони он истифода мешавад.

5. Барои баҳисобгирӣ тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамъият ҳуҷҷатҳои зеринро дар шакли электронӣ ё хаттӣ пешниҳод мекунад:

- ариза дар бораи баҳисобгирии тарафҳои сеюми бовариноки давлати хориҷӣ дар тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шакли замимаи 1 Қоидаҳои мазкур;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ (азнавбақайдгирӣ)-и шахси ҳуқуқӣ;

- нусхаи сертификати аккредитатсияи маркази тасдиқкунанда;

- нусхаи иҷозатномаҳо ва ё сертификатҳои таъминоти барномавии истифодашаванда, инчунин нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи муаллифӣ дар сурати таҳияи худ;

- протоколи мутобиқати воситаи ҳифзи иттилооти криптографии маркази тасдиқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нармафзори тарафҳои сеюми бовариноки давлати хориҷӣ;

- сертификати решавӣ ё муқаррарӣ (тобеъ)-и баҳисобгирии маркази тасдиқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- номгӯйи низомҳои иттилоотие, ки истифодабарандагони онҳо сертификатҳои бақайдгирии маркази тасдиқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода мебаранд;

- қоидаҳои истифодаи сертификатҳои бақайдгирӣ;

- нусхаи сертификати мутобиқат барои воситаи ҳифзи иттилооти криптографӣ.

6. Ҷамъият дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза дар бораи баҳисобгирии маркази тасдиқкунанда дар тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра будани ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 4 ва 5 Қоидаҳои мазкур пешбинишударо месанҷад.

7. Дар асоси натиҷаҳои санҷиши ҳуҷҷатҳо Ҷамъият ба маркази тасдиқкунанда созишномаро дар бораи баҳисобгирии маркази тасдиқкунанда дар тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду нусха мефиристад.

8. Маркази тасдиқкунанда созишномаи баҳисобгириро имзо карда, як нусхаи онро ба Ҷамъият бармегардонад.

9. Ҷамъият ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо дар ҳолатҳои зерин бармегардонад:

- агар маркази тасдиқкунанда ба талаботи банди 3 Қоидаҳои мазкур мувофиқат накунад;

- агар ҳуҷҷатҳо мутобиқи бандҳои 4 ва 5 Қоидаҳои мазкур пешниҳод нагардида бошад.

10. Маркази тасдиқкунанда ҳамкориро бо тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ба Ҷамъият пешниҳод намудани ариза дар бораи қатъи ҳамкорӣ бо тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мутобиқи замимаи 2 Қоидаҳои мазкур дар ҳолатҳои зерин қатъ менамояд:

- қатъи фаъолияти маркази тасдиқкунанда бо роҳи огоҳ намудани Ҷамъият дар бораи қатъи фаъолияти он на дертар аз 20 рӯзи корӣ;

- таъхир дар нашри номгӯйи сертификатҳои бақайдгирии бозхондшуда дар як моҳ зиёда аз 2 маротиба;

- риоя накардани шартҳои дигари созишномаи баҳисобгирӣ.

3. ТАРТИБИ БАҲИСОБГИРӢ ВА ҚАТЪИ ҲАМКОРИИ ТАРАФҲОИ СЕЮМИ БОВАРИНОКИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ВА ТАРАФҲОИ СЕЮМИ БОВАРИНОКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

11. Бо мақсади баробар эътироф намудани имзои электронии хориҷӣ ва сертификати бақайдгирии хориҷӣ ба имзои электронӣ ва сертификати бақайдгирии аз ҷониби маркази тасдиқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда, Ҷамъият баҳисобгирии тарафи сеюми бовариноки давлати хориҷиро бо риояи талаботи зерин амалӣ менамояд:

- мутобиқати сертификати решавӣ ва (ё) муқаррарии бақайдгирии тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандарти муайяннамудаи Ҷамъият;

- номгӯйи сертификатҳои бақайдгирии бозхондшудаи тарафҳои сеюми бовариноки давлати хориҷӣ ё маркази тасдиқкунанда, ки сертификати бақайдгирӣ ба тарафҳои сеюми бовариноки давлати хориҷӣ додааст, дар суроғаи доимии интернет дастрас аст;

- тарафи сеюми бовариноки давлати хориҷӣ воситаи ҳифзи криптографии иттилоотро, ки сертификати мутобиқат дорад, тибқи талаботи стандартҳои дахлдори давлати хориҷӣ истифода мебарад.

12. Тарафи сеюми бовариноки давлати хориҷӣ ба Ҷамъият барои баҳисобгирӣ ҳуҷҷатҳои зеринро дар шакли электронӣ ё хаттӣ пешниҳод мекунад:

- ариза дар бораи баҳисобгирии тарафҳои сеюми бовариноки давлати хориҷӣ дар тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мутобиқи замимаи 1 Қоидаҳои мазкур;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, ки муассис – шахси ҳуқуқии хориҷӣ тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ шахси ҳуқуқӣ мебошад, бо тарҷумаи тариқи нотариалӣ тасдиқгардида;

- нусхаҳои иҷозатномаҳо ва ё сертификатҳо барои воситаҳои барномавии истифодашавандаи паҳнкунии маҳдуд, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи муаллиф дар сурати таҳияи худӣ;

- нусхаи сертификати мутобиқат ба воситаи ҳифзи иттилооти криптографӣ, ки мутобиқи талаботи стандартҳои дахлдори давлати хориҷӣ истифода мешавад;

- протокол оид ба ҳамгироии низомҳои тарафҳои сеюми бовариноки давлати хориҷӣ бо низомҳои тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сертификати решавӣ ва (ё) муқаррарии баҳисобгирии тарафҳои сеюми бовариноки давлати хориҷӣ;

- нусхаи низомнома (қоидаҳо)-и фаъолияти тарафҳои сеюми бовариноки давлати хориҷӣ.

13. Ҷамъият дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза дар бораи баҳисобгирии тарафҳои сеюми бовариноки давлати хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра будани ҳуҷҷатҳои дар банди 12 Қоидаҳои мазкур пешбинишударо месанҷад.

14. Дар асоси натиҷаҳои санҷиши ҳуҷҷатҳо Ҷамъият ба маркази тасдиқкунанда созишномаро дар бораи баҳисобгирии маркази тасдиқкунанда дар тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду нусха мефиристад.

15. Маркази тасдиқкунанда созишномаи баҳисобгириро имзо карда, як нусхаи онро ба Ҷамъият бармегардонад.

16. Тарафи сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафи сеюми бовариноки давлати хориҷиро баъди гирифтани созишномаи имзошуда оид ба санҷиши мутақобила ба ҳисоб мегирад.

17. Ҷамъият дар ҳолатҳои зерин баҳисобгириро рад карда, ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо бармегардонад:

- тарафи сеюми бовариноки давлати хориҷӣ ба талаботи банди 11 Қоидаҳои мазкур мувофиқат накунад;

- тарафи сеюми бовариноки давлати хориҷӣ мутобиқи банди 12 Қоидаҳои мазкур ҳуҷҷат пешниҳод накардааст ё маълумоти нодуруст пешниҳод кардааст.

18. Тарафи сеюми бовариноки давлати хориҷӣ ҳамкориро бо тарафи сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи пешниҳоди ариза барои қатъ намудани ҳамкорӣ аз рӯйи шакли тибқи замимаи 2 ба Қоидаҳои мазкур дар ҳолатҳои зерин қатъ менамояд:

- қатъи фаъолияти тарафи сеюми бовариноки давлати хориҷӣ тавассути огоҳ кардани Ҷамъият дар бораи қатъи фаъолияти худ дар на дертар аз 20 рӯзи корӣ;

- таъхир дар нашри номгӯйи сертификатҳои бақайдгирии бозхондшуда дар як моҳ зиёда аз 2 маротиба;

- риоя накардани шартҳои дигар созишномаи тафтиши мутақобила.


Замимаи 1
ба Қоидаҳои ҳамкории мутақобилаи
марказҳои тасдиқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо марказҳои тасдиқкунанда ва тарафҳои сеюми
боваринокидавлатҳои хориҷӣ

АРИЗА БАРОИ БАҲИСОБГИРӢ

 

Номи ширкат:                                                                                                                                                                                                                                                              

Суроға:                                                                                                                                                                                                                                                                           

                                           (номи маркази тасдиқкунандаҳои тасдиқкунанда ё тарафҳои сеюми бовариноки давлатҳои хориҷӣ)


                                                                                                                                                                                                                                                                                   

                                                            Хоҳишмандем дар низоми тарафи сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо кадом мақсадҳо)

                                                                                                                                                                                                                                                                                   

                                                                                                                                                                                                                                                                                 

                                                                                                                                                                                                                                                                                  

                                                                                                                                                                                                                                                                                   

_______________________________________________________________________ба ҳисоб гиред.


Эзоҳ:  Аризадиҳанда барои дурустии ҳуҷҷат (маълумот)-и замимашаванда масъул аст.

             

Сана "___"__________соли 20___

 

________________        ________________________________

         (имзо)                             (насаб, ном, номи падар)

 

Ҷойи муҳр

 

“____” __________соли 20__

Замимаи 2
ба Қоидаҳои ҳамкории мутақобилаи
марказҳои тасдиқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо марказҳои тасдиқкунанда ватарафҳои сеюми
бовариноки давлатҳои хориҷӣ

 

АРИЗА БАРОИ ҚАТЪИ ҲАМКОРӢ

 

Ном ва суроға                                                                                                                                                                                                                                      

 

                                                                                                                                                                                                                                                                  

                                     (номи маркази тасдиқкунандаҳои тасдиқкунанда ё тарафҳои сеюми бовариноки давлатҳои хориҷӣ)

                                                                                                                                                                                                                                                                      

Хоҳиш менамоемки                                                                                                                                                                                                                          

                                                                       (номи маркази тасдиқкунанда ё тарафи сеюми бовариноки давлати хориҷӣ)

маркази тасдиқкунанда (тарафи сеюми бовариноки давлати хориҷӣ)-ро аз ҳисоб бароред.

 

Сана "_____"______________20_____

 

______________                         ____________________________________

         (имзо)                                       (насаб, ном, номи падар)

 

Ҷойи муҳр

 

___________________