Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 сентябри соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1299
Замима
ба фармоиши директори
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ТАРТИБИ ТАШАККУЛ, МУҲЛАТИ ПЕШНИҲОД ВА ШАКЛИ НАМУНАВИИ ҲИСОБОТ ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗӢ ВА МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ, МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ПЕШНИҲОДИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби ташаккул, муҳлати пешниҳод ва шакли намунавии ҳисобот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ (минбаъд - Тартиб) тартиби ташаккул, муҳлати пешниҳод ва шакли намунавии ҳисобот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (минбаъд - мақомоти давлатӣ)-ро оид ба масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ба танзим медарорад.
2. Ҳисобот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ (минбаъд - Ҳисобот) бо мақсади баланд бардоштани шаффофият ва маълумотдиҳии фаъолияти мақомоти давлатӣ, такмили ҷараёни хизматрасониҳои давлатӣ ташаккул дода мешавад.
2. ТАРТИБИ ТАШАККУЛИ ҲИСОБОТ
3. Манбаъҳои иттилоот барои ташаккули ҳисобот метавонанд инҳо бошанд:
- маълумоти оморӣ;
- натиҷаҳои арзёбии самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти «Хизматрасониҳои давлатӣ», ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ гузаронида мешавад;
- натиҷаҳои назорати сифати хизматрасониҳои давлатӣ;
- натиҷаҳои назорати дохилии сифати хизматрасониҳои давлатӣ.
3. МУҲЛАТИ ПЕШНИҲОДИ ҲИСОБОТ
4. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳар сол на дертар аз 5 апрели баъд аз соли ҳисоботӣ, дар сомонаи худ ҳисоботи соли гузаштаро дар асоси шакли намунавии ҳисобот ҷойгир менамоянд.
4. ШАКЛИ НАМУНАВИИ ҲИСОБОТ
5. Дар шакли намунавии ҳисобот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ (замима мегардад) ҳангоми хонапурӣ кардан маълумотҳои зерин бояд мушаххас нишон дода шавад:
1) маълумоти умумӣ:
- маълумот оид ба хизматрасонанда;
- маълумот оид ба хизматрасониҳои давлатӣ (миқдори хизматрасониҳои давлатии пешниҳодгардида, миқдори хизматрасониҳои давлатӣ, ки тавассути Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маркази тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» пешниҳод гардидаанд, миқдори хизматрасониҳои давлатии музднок ва ройгон, миқдори хизматрасониҳои давлатии дар шакли коғазӣ ё электронӣ пешниҳодгардида);
- маълумот оид ба номгӯйи хизматрасонии давлатии пурталаби пешниҳодшаванда;
2) маълумот оид ба гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба хизматрасониҳои давлатӣ бо гирандагони хизматрасонӣ:
- маълумот дар бораи овезаҳо дар бораи тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
- маълумот оид ба таъмини шаффофият дар раванди пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ (корҳои фаҳмондадиҳӣ, семинарҳо, вохӯриҳо, мусоҳибаҳо ва ғайраҳо) нигаронида шудаанд;
3) фаъолият оид ба беҳтар намудани раванди хизматрасониҳои давлатӣ:
- натиҷаҳои худкоркунонии равандҳои хизматрасонии давлатӣ;
- маълумот оид ба баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандон дар соҳаи хизматрасонии давлатӣ;
4) маълумот оид ба сифати хизматрасониҳои давлатӣ: маълумот оид ба натиҷаҳои мониторинги сифати хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба арзёбӣ ва мониторинги сифати хизматрасониҳои давлатӣ.
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
6. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Замима
ба Тартиби ташаккул, муҳлати пешниҳод
ва шакли намунавии ҳисобот дар бораи фаъолияти
мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,
мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
оид ба масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳоидавлатӣ
Шакли намунавии ҳисобот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ
№
|
Маълумоти умумӣ
|
Маълумот оид ба гузарони-дани чорабиниҳо вобаста ба хизматрасониҳои давлатӣ бо гирандагони хизматрасонӣ
|
Фаъолият оид ба беҳтар намудани раванди хизматрасониҳои давлатӣ
|
Маълумот оид ба
сифати хизматрасониҳои давлатӣ
|
|
1
|
2
|
3
|
4
|
1
|
|
|
|
|
2
|
|
|
|
|
3
|
|
|
|
|
Зарегистрированно Министерством юстиции
Республики Таджикистан от 2 сентября 2024 года,
регистрационный номер№ 1299
Приложение
к распоряжению директора Агентства инноваций
и цифровых технологий при Президенте
Республики Таджикистан
от 12 июля 2024 года,
№1/26
ПОРЯДОК ФОРМИРОВАНИЯ, СРОКИ ПРЕДОСТАВЛЕНИЯ И ТИПОВАЯ ФОРМА ОТЧЕТА ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ЦЕНТРАЛЬНЫХ И МЕСТНЫХ ИСПОЛНИТЕЛЬНЫХ ОРГАНОВ ГОСУДАРСТВЕННОЙ ВЛАСТИ, ОРГАНОВ МЕСТНОГО САМОУПРАВЛЕНИЯ ПОСЕЛКА И ДЕХОТА ПО ВОПРОСАМ ОКАЗАНИЯ ГОСУДАРСТВЕННЫХ УСЛУГ
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Порядок формирования, сроки предоставления и типовая форма отчета деятельности центральных и местных исполнительных органов государственной власти, органов местного самоуправления поселка и дехота по вопросам оказания государственных услуг (далее – Порядок) регулирует порядок формирования, сроки представления и типовая форма отчета о деятельности центральных и местных исполнительных органов государственной власти, работу органов самоуправления поселков и дехотов (далее - государственные органы) по вопросам предоставления государственных услуг.
2. Отчет о деятельности центральных и местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления поселков и дехотов по вопросам предоставления государственных услуг (далее – Отчет) формируется в целях повышения прозрачности и информированности деятельности государственных органов, улучшения потока государственных услуг.
2. ПОРЯДОК ФОРМИРОВАНИЯ ОТЧЕТА
3. Источниками информации для отчета могут являться:
- статистические данные;
- результаты оценки эффективности деятельности государственных органов по направлению «Оказание государственных услуг», проведенной уполномоченными государственными органами;
- результаты контроля за качеством оказания государственных услуг;
- результаты внутреннего контроля за качеством оказания государственных услуг.
3. СРОКИ ПРЕДОСТАВЛЕНИЯ ОТЧЕТА
4. Центральные и местные исполнительные органы государственной власти, органы местного самоуправления поселка и дехота ежегодно, не позднее 5 апреля следующего года за отчетным, размещают на своем веб-сайте отчет за предыдущий год согласно типовой форме отчета.
4. ТИПОВОЙ ФОРМА ОТЧЕТА
5. В типовом форме отчете деятельности центральных и местных исполнительных органов государственной власти, органов местного самоуправления поселка и дехота по вопросам оказания государственных услуг (прилагается) при заполнении должны быть четко указаны следующие сведения:
1) общая информация:
- информация об услугодателе;
- информация о государственных услугах (количество оказанных государственных услуг, количество государственных услуг, оказываемых Открытой акционерной обществой "Удостоверяющие центры, государственные услуги и разработка цифровых программ", количество государственных услуг, оказываемых на бесплатной и платной основе, количество государственных услуг, оказываемых в бумажной или электронной форме);
- информация о наиболее востребованных государственных услугах.
2) информация о проведении мероприятий, связанных с государственными услугами с получателями услуг:
- информация о стендах и о порядке оказания государственных услуг;
- информация на обеспечение прозрачности процесса оказания государственных услуг (разъяснительные работы, семинары, встречи, интервью и иное).
3) деятельность по совершенствованию процессов оказания государственных услуг:
- результаты автоматизации процессов оказания государственных услуг;
- мероприятия, направленные на повышение квалификации сотрудников в сфере оказания государственных услуг.
4) информация о контроль за качеством оказания государственных услуг: информация результаты мониторинга за качеством оказания государственных услуг, проведенного уполномоченным органом по оценке и контролю за качеством оказания государственных услуг.
5. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНОЕ ПОЛОЖЕНИЕ
6. Центральные и местные исполнительные органы государственной власти, органы местного самоуправления поселка и дехота за невыполнение требований настоящего Порядка привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
Приложение
к Порядку формирования, сроки
предоставления и типовая форма отчета
деятельности центральных и местных
исполнительных органов государственной
власти, органов местного самоуправления
поселка и дехота по вопросам оказания
государственных услуг
ТИПОВАЯ ФОРМА ОТЧЕТА ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ЦЕНТРАЛЬНЫХ И МЕСТНЫХ ИСПОЛНИТЕЛЬНЫХ ОРГАНОВ ГОСУДАРСТВЕННОЙ ВЛАСТИ, ОРГАНОВ МЕСТНОГО САМОУПРАВЛЕНИЯ ПОСЕЛКА И ДЕХОТА ПО ВОПРОСАМ ОКАЗАНИЯ ГОСУДАРСТВЕННЫХ УСЛУГ
№
|
Общая информация
|
Информация о прове-дении мероприятий, связанных с государ-ственными услугами, с получателями услуг
|
Деятельность по
совершенствованию процессов оказания государственных услуг
|
Информация за
качеством оказания государственных услуг
|
|
1
|
2
|
3
|
4
|
1
|
|
|
|
|
2
|
|
|
|
|
3
|
|
|
|
|