ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи амали солҳои 2025-2027 Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалигардонии Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи амали он муайян карда шавад.
3. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалигардонии Стратегияи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, аз натиҷаи амалигардонии онҳо ҳар сол то 20 январ ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои амалигардонии Стратегияи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 ноябри соли 2024, № 627
...