Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон з 29 ноябри соли 2024, № 604 "Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» "

Санаи амалкуни: 29.11.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025»
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.06.2025 № 370)

Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027, инчунин бо мақсади ҷалби захираҳои молиявӣ, таъмини истифодаи самарабахши маблағҳои буҷетӣ, татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ:

- иҷрои саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027-ро таъмин намоянд;

- то 15 январи соли 2025 номгӯйи пурраи иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои махсус дар соли 2025 сохташавандаро дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, дар ҷараёни иҷрои буҷети давлатӣ истифодаи маблағҳои махсусро, ки воридоти онҳо аз нақшаи тасдиқшуда барзиёд мебошад, ҳангоми барои сохтмону азнавсозии иншоотҳо равона намудан тавассути ворид намудани тағйирот ба номгӯйи иншооти сохташаванда амалӣ намоянд;

- ҳангоми пешниҳоди маҳдудаи музди меҳнати моҳонаи кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ ҳар моҳ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ дар бораи шумораи воқеии воҳидҳои кории бандбуда, мавҷудияти воҳидҳои кории холӣ ва сарфаи музди меҳнат аз воҳидҳои кории холӣ маълумот пешниҳод намоянд;

- пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои буҷетӣ ва кумакпулиҳои иҷтимоиро тавассути кортҳои электронии Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ва бонкҳои дигари ҷумҳурӣ анҷом диҳанд;

- аз ҳисоби даромади ҷории маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ мутобиқи андозаҳои муқарраргардидаи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» пардохтҳои ҳатмиро дар суратҳисоби ташкилотҳо нигоҳ дошта, дар ҳолати сари вақт пардохт нагардидан тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ба таври автоматӣ ба суратҳисоби дахлдор интиқол диҳад;

- хариди давлатии аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои махсус амалишавандаро дар доираи маблағҳо ва меъёрҳои муқарраргардида бо пешниҳоди протоколи комиссияи тендерӣ анҷом дода, фарқият (сарфа)-и маблағҳои пулии дар натиҷаи баргузории тендер бавуҷудомадаро (ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастии ташкилотҳои буҷетӣ, гранту қарзҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, маблағҳои буҷетӣ ва махсуси Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун», Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишоти мудофиавии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ташкилотҳои аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузоришаванда, инчунин фонди иҷораи китобҳои дарсӣ) ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия интиқол диҳанд;

- истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, аз ҷумла барои сохтмони асосӣ ҷудошавандаро таъмин карда, ҳар моҳ то санаи 10-уми баъд аз моҳи ҳисоботӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаҷми корҳои иҷрошуда ва маблағҳои харҷшуда маълумоти муфассал пешниҳод намоянд;

- зиёд намудани шумораи воҳидҳои кории сохторҳои дахлдорро қатъиян дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд;

- пардохти саривақтии маблағҳои мутобиқи қисми 1 моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» муқарраршударо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ таъмин намоянд;

- истифодаи маблағҳои махсусро, ки дар ташкилотҳои буҷетӣ мутобиқи қонунгузорӣ ташаккул меёбанд (ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ), қатъиян тавассути низоми хазинадорӣ амалӣ намоянд. Дар ҳолати риоя нагардидани тартиби мазкур ё муайян гардидани хароҷоти маблағҳо бидуни суратҳисоби хазинадорӣ, маблағҳои мазкур пурра ба буҷетҳои дахлдор ситонида мешаванд. Дар баробари ин, ташкилотҳои буҷетӣ метавонанд барои истифодаи маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ аз низоми хазинадорӣ истифода баранд;

- маблағҳои ба суратҳисоби махсуси ташкилотҳои буҷетӣ дар бонкҳо аз ҳисоби хизматрасониҳои музднок воридгардидаро дар давоми 3 рӯзи корӣ пурра ба суратҳисоби Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳанд;

- дар ҳолати тағйирёбии қурби асъор ва аз ин ҳисоб пайдо гардидани норасоии маблағҳои дар буҷет барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва сохторҳои дахлдори дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар пешбинишуда, пардохти фарқияти онро аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом диҳанд;

- ҳар семоҳа то санаи 5-уми баъди моҳи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба воридоти маблағҳои грантӣ ва кумаки техникие, ки мустақиман аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ (хайриявӣ ва сарпарастон) пешниҳод мешаванд, маълумоти муфассал пешниҳод намоянд;

- ҳар семоҳа то санаи 10-уми баъди ҷамъбасти семоҳаи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба маблағгузории барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла барномаҳое, ки амалишавии онҳо дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд;

- қарздорӣ ва ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ, аз ҷумла истифодаи неруи барқро дар давоми соли молиявӣ бо бартарият тариќи танзими нақшаи хароҷот аз ҳисоби моддаҳои дигари хароҷоти афзалиятнадошта ва маблағҳои махсус пардохт намоянд;

- оид ба истифодаи маблағҳои буҷетию ғайрибуҷетӣ, ҳолат ва натиҷаи фаъолияти молиявӣ мутобиқ ба шаклҳои муайяншуда ҳисоботи молиявии муттаҳидшудаи фосилавӣ ва солона тартиб дода, дар муҳлати муқарраргардида ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

- дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани гардиши ҳуҷҷатҳои пардохти электронӣ чораҷӯйӣ намоянд. Гирандагони маблағҳои буҷетӣ, ки ба ҳуҷҷатгузории электронии пардохтҳо гузаштаанд, барои гузаронидани амалиётҳои молиявӣ ва мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асоснокии маблағгузорӣ дар ташкилотҳои зертобеи худ бевосита масъулият доранд;

- ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетие, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ кумаки молиявӣ (субсидия) мегиранд, бақияи маблағҳои буҷетии дар соли 2024 истифоданашударо то 1 апрели соли 2025 ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонанд;

- дар ҳолати саҳван ворид гардидани маблағҳои нақшавии даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ ва ҳолати баръакс, чунин маблағҳоро то ҷамъбасти моҳи ҳисоботӣ аз рӯйи таъиноташон ба буҷетҳои дахлдор баргардонанд;

- баргардонидани маблағҳои қарзи асосӣ ва фоизҳои аз ҳисоби созишномаҳои зерқарзии дар доираи лоиҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналии дар сатҳи маҳал татбиқшавандаро ҳамчун нақшаҳои захиравӣ дар иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳисоб гиранд;

- якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ (аз ҷумла Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо мақсади дарёфти маблағҳои иловагӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ, ҷиҳати барӯйхатгирии молу мулк (қитъаи замин, молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт) ва маҳалли бақайдгирии он, инчунин пардохти пурра ва саривақтии маблағи андоз ба буҷети дахлдори маҳаллӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои буҷетӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида, истифодаи маблағҳои буҷетиро мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» дар доираи даромади воқеӣ ва бо дарназардошти афзалиятнокии моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет таъмин намояд;

- бо мақсади иҷрои саривақтии нақшаи андози иҷтимоии ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, назорати пардохти андози иҷтимоиро тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ба роҳ монад;

- аз 1 январи соли 2025 қабули нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти ташкилотҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро пурра тариқи электронӣ тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ бе пешниҳоди шакли коғазии он ба роҳ монад. Масъулият барои мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асоснокии маблағгузорӣ бевосита ба зиммаи гирандагони маблағҳои буҷетӣ вогузор карда мешавад;

- бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нишондиҳандаҳои буҷет, ба тақсимоти семоҳаи даромад ва хароҷоти моддаҳои хароҷотии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин дар ҳолати ба миён омадани норасоӣ аз рӯйи пардохти музди меҳнат ва маблағҷудокунӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, байни соҳаҳо дар доираи буҷети тасдиқшудаи соли 2025 тағйирот ворид намояд;

- ҳангоми ворид намудани тағйирот ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷет дар раванди иҷрои буҷет тавозуни буҷетро ба инобат гирад;

- дар ҳолати барзиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ нисбат ба маблағҳои тасдиқшудаи буҷети давлатӣ, ба нақшаи даромад ва хароҷоти онҳо ва мувофиқан ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дахлдор ворид намояд;

- дар ҳолати дар раванди иҷрои буҷети давлатӣ ба вуҷуд омадани тафовути хазинавӣ, маблағгузории вазорату идораҳо ва ташкилотҳоеро, ки суратҳисобҳои маблағҳои махсус доранд, аз ҳисоби суратҳисобҳои мазкур амалӣ намояд;

- дар ҳолати муайян гардидани банақшагирии барзиёди фонди музди меҳнат дар буҷетҳои шаҳру ноҳияҳое, ки мусоидати молиявӣ (субвенсия) мегиранд, фарқияти маблағи онро аз нақшаи мусоидати молиявӣ кам намояд;

- дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бозпас нагардондани маблағҳои нақшавии даромади буҷети ҷумҳуриявӣ, ки саҳван ба буҷетҳои маҳаллӣ ворид гардидаанд ё дар ҳолатҳои дигари риоя нагардидани таъиноти мақсадноки маблағҳо, бе огоҳӣ чунин маблағҳоро ба суратҳисоби дахлдори буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол диҳад;

- маблағгузории асосии мутамаркази давлатиро дар доираи буҷети тасдиқшудаи соли 2025 мутобиқи замимаи 1 ба қарори мазкур ва аз рӯйи даромади воқеии буҷет баъд аз мувофиқа гардидани номгӯйи иншооти сохташаванда бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;

- ба фармоишгарони иншооти сохтмонашон оғознагардида барои пешпардохт ба ташкилотҳои паймонкорӣ ба андозаи то 20 дарсади маблағи дар нақшаи семоҳа пешбинигардида барои омодагии корҳои сохтмонӣ ҷудо карда, маблағи пешпардохтро аз ҳисоби ҳаҷми корҳои дар семоҳаи дахлдор иҷрогардида пӯшонад;

- хароҷоти ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро мақсаднок аз рӯйи талаботи воқеӣ дар доираи маблағҳои тасдиқшудаи буҷетӣ анҷом диҳад;

- маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои пурра намудани фонди оинномавии Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» пешбинишударо вобаста ба иҷрои воқеии буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт намояд;

- маблағҳои дар натиҷаи фаъолияти мақомоти назоратию санҷишӣ воридшавандаро ба андозаи маблағҳои истифодашуда дар сатри алоҳидаи ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ ба ҳисоб гирад;

- барои пӯшонидани касри буҷет векселҳоро ба муомилот барорад;

- якҷо бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоббаробаркунии қарзҳои кредитории ташкилотҳои буҷетиро дар назди андозсупорандагон ва қарзи онҳоро дар назди буҷет қатъиян дар доираи талаботи Тартиби гузарондани ҳисоббаробаркунии қарзҳо байни ташкилотҳои буҷетӣ дар назди андозсупорандагон гузаронад;

- якҷо бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар муҳлати муқарраргардида аз буҷетҳои дахлдор баргардондани маблағҳои барзиёд ва саҳван пардохтшуда аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои онҳо чораҳои зарурӣ андешад;

- якҷо бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк», бонкҳои дигари ҷумҳурӣ ва сохторҳои дигари давлатӣ барои тақвияти корҳо оид ба ташкили низоми ягонаи иттилоотӣ, инчунин табодули электронии маълумот оид ба воридоти андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии дигар ба буҷет чораҳои иловагӣ андешад;

- ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои молиявии қаблӣ ва ҷорӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯйи қоғазҳои қиматноки давлатӣ (векселҳо), қарзи давлатӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои тарафайн чораҷӯйӣ намояд;

- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои буҷетии дигар ҳар семоҳа ба буҷети давлатӣ ворид кардани пардохтҳои ҳатмиро мутобиқи қисми 1 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» таъмин намояд;

- якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пардохти кумакпулиҳои яквақтаро ба хизматчиёни давлатӣ бинобар ба нафақа баромадан ва дар ҳолати фавти онҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2025 пешбинигардида ва маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор, инчунин аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромадҳо ва бақияи маблағи озоди буҷетҳои маҳаллӣ амалӣ намояд;

- дар ҳолати норасоии маблағҳо барои пардохти уҳдадориҳои давлатӣ вобаста ба хизматрасонии қарзи давлатӣ, қарзҳои бо кафолати давлатӣ ҷалбгардида, ҳаққи узвияти кишвар дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва хароҷоти дигари ғайринақшавии буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағгузории хароҷоти мазкурро аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои коҳиш додани хавфҳои фискалӣ пешбинишуда анҷом диҳад;

- ҳар семоҳа оид ба иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур намояд;

- ҳар семоҳа дар сомонаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, ба истиснои иттилооти дорои хусусияти махфӣ, маълумот нашр намояд;

- ҷиҳати сари вақт таъмин намудани уҳдадориҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯйи шартномаҳои байналмилалӣ ва узвият дар созмонҳои байналмилалӣ ба амал меоянд, тартиби пардохти онҳоро таҳия намояд;

- ҷиҳати иҷрои сифатноки нақшаи маблағгузории лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо дарназардошти амалигардонии лоиҳаҳои нав, дар ҷараёни иҷрои буҷети давлатӣ ба нақшаи семоҳаҳо ва соҳаҳо дар доираи нақшаи барои соли 2025 тасдиқгардида тағйироти дахлдор ворид намояд.

3. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», бонкҳои дигари ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ воридоти андозҳо ва пардохтҳоро ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаи 13 ва қисми 2 моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд;

- якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар муҳлатҳои муқарраргардида ба буҷетҳои дахлдор гузаронидани маблағҳо аз ҳисоби фоидаи софи ҳиссаи ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва суди саҳмияҳои давлатӣ дар ҷамъиятҳои саҳомӣ чораҷӯйӣ намоянд;

- якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 августи соли 2025 доир ба иҷрои нақшаи воридоти маблағҳо аз ҳисоби фоидаи соф ба ҳиссаи давлат дар ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва суди саҳмияҳои давлатӣ дар ҷамъиятҳои саҳомӣ дар солҳои 2023-2024 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд;

- воридот ва тақсимоти андозҳои танзимшавандаи дар моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» муқарраргардидаро қатъиян тавассути суратҳисоби танзимкунандаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарҷ намудани намуди андоз дар таъинот мутобиқ ба суратҳисоб амалӣ намоянд;

- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа оид ба воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи намудҳои онҳо санади муқоисавӣ ба имзо расонанд;

- барои рӯёнидани бақияпулиҳо аз рӯйи андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ, низомҳои махсуси андозбандӣ, боҷҳои давлатӣ, пардохтҳои ҳатмии дигар, боҷҳои гумрукӣ ва роҳ надодан ба зиёдшавии онҳо дар доираи муқаррароти кодексҳои андоз ва гумрук чораҳои зарурӣ андешанд;

- новобаста ба тағйир ёфтани маҳалли фаъолияти андозсупоранда, ҷиҳати иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ, уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ ва чорабиниҳои барномаҳои давлатӣ пардохти уҳдадориҳои андозии чунин андозсупорандаро то анҷоми соли молиявӣ дар маҳалли қаблан бақайдгирифташуда ё маҳалли фаъолият анҷом диҳанд;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи фаврӣ оид ба воридоти андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ, низомҳои махсуси андозбандӣ, пардохтҳои ҳатмии дигар ба буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин пардохтҳои гумрукӣ аз гардиши савдои хориҷиро то санаи 5-уми баъди моҳи ҳисоботӣ, маълумот оид ба бақияпулиҳои андозро то 20-уми баъди моҳи ҳисоботӣ пешниҳод намоянд;

- маълумот оид ба имтиёзҳои истифодашудаи андозӣ ва гумрукиро бо нишондоди номгӯйи субъектҳо, номгӯйи андозҳо, манбаъ ва маблағи имтиёзҳо ҳар семоҳа на дертар аз санаи 25-уми баъд аз давраи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

- якҷо бо мақомоти молия ва воҳидҳои сохтории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои нақшаи воридоти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ чораҳои зарурӣ андешида, оид ба воридоти андози иҷтимоии ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҳар моҳ на дертар аз санаи 5-уми баъди моҳи ҳисоботӣ дар асоси санадҳои муқоисавӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи фаврӣ пешниҳод намоянд;

- дар соли 2025 маблағҳои дар ҷараёни фаъолияти назоратии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба андози иҷтимоӣ, андозҳои маҳаллӣ ва низомҳои махсуси андозбандӣ ошкоргардидаро аз рӯйи таъиноташон пурра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ гузаронанд ва ҳар семоҳа то санаи 15-уми баъди давраи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд;

- мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» барои ҳавасмандгардонии кормандон ва рушди заминаи моддию техникӣ 30 дарсади маблағи умумии пинҳонкардашуда (камнишондодашуда)-и андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои дар рафти фаъолияти назоратӣ ошкоргардида (ба истиснои андози иҷтимоӣ, низоми махсуси андозбандӣ, андозҳои маҳаллӣ) ва 80 дарсади хироҷи гумрукиро равона карда, истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин намоянд;

- якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти дигари дахлдори давлатӣ ҷиҳати насби шаклҳои нави дастгоҳҳои назоратию хазинавӣ ва хазинаҳои виртуалӣ, барномаҳои махсуси бонкиии таъминкунандаи фаъолияти чунин дастгоҳҳо, инчунин васеъ ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии молҳои воридотӣ ва ватанӣ, шакли ягонаи ҳамгироишудаи электронии баҳисобгирии амалиётҳои субъектҳои хоҷагидорӣ, тамғагузории электронии молҳо ва чеки фискалии электронӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд;

- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати амалӣ кардани тартиби дар шакли электронӣ ба ҳисоби шахсии андозсупорандагон гузарондани маблағи андозҳои пардохтшуда мунтазам чораҷӯйӣ намоянд;

- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дигари дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва риояи муқаррароти кодексҳои андоз ва гумрук, корҳои фаҳмондадиҳиро бо андозсупорандагон ва иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мунтазам роҳандозӣ намоянд;

- маблағҳои дар натиҷаи фаъолияти назоратию санҷишии мақомоти фискалӣ воридшударо аз рӯйи сиёсати як пардохт барои як намуди андоз равона намоянд;

- пардохти андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмиро ба буҷет аз рӯйи ҳар як намуди андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ бо дарҷи таъиноти он амалӣ намоянд.

4. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо Бонки миллии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва бонкҳои дигари ҷумҳурӣ ба буҷетҳои дахлдор гузарондани андози иҷтимоиро тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» таъмин намояд;

- ҳар моҳ то санаи 5-уми баъди моҳи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин гурӯҳбандии иқтисодӣ, гирандагони маблағҳои буҷетӣ бо нишон додани шумораи нафақагирон ва намудҳои нафақа ҳисоботи муфассал пешниҳод намояд;

- дар ҳолати иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷт№ 370  бо мақсади маблағгузории саривақтии нафақа ва кумакпулиҳо, маблағҳои озоди андӯхти нафақавиро муваққатан мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пӯшонидани норасоии маблағгузории буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа истифода намояд;

- бо мақсади баррасии масъалаи таъмин намудани маблағгузории чорабиниҳои дахлдор дар соли 2025, ҷиҳати таъмини гузариши бахши суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба низоми идоракунӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии рақамӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;

- бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2022, №419 «Дар бораи Тартиби ҳисоб ва пардохт аз маблағҳои андӯхти нафақавӣ ба шахсони суғурташуда», ба андозаи 2 дарсад маблағ аз ҳисоби даромади умумии маблағҳои андӯхти нафақавии сармоягузоришударо барои хароҷоти маъмуригардонии андӯхти нафақавӣ (молҳои канселярӣ, маводди масрафии таҷҳизот, ҷалб намудани барномасозон ва ҳавасмандгардонии кормандон) истифода намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.06.2025 № 370).

5. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои манбаъҳои даромади буҷети давлатиро, ки бевосита ба фаъолияти онҳо мансубанд, таъмин намуда, ҷараёни мазкурро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

6. Вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигаре, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд:

- то 10 январи соли 2025 бо мақсади дастрасии саривақтӣ ба низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ тибқи тартиби муқарраршуда шакли дастрасиро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

- то 20 январи соли 2025 тақсимоти тасдиқшудаи даромад ва хароҷотро аз рӯйи семоҳаҳо барои соли 2025 оид ба маблағҳои буҷетӣ ва махсуси вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ ба низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ворид намоянд. Дар ҳолати аз ҷониби ташкилотҳои буҷетӣ дар муҳлати муқарраршуда ворид нагардидани маълумот ба низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимоти онҳоро дар семоҳаҳо бо салоҳдиди худ ташаккул диҳад;

- хариди давлатӣ, инчунин ҷойгиркунии фармоиши мудофиавии давлатиро дар навбати аввал аз молистеҳсолкунандагони ватанӣ (аз корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) амалӣ намоянд ва танҳо дар ҳолати мавҷуд набудани онҳо дар бозори истеъмолии дохилӣ, хариди онҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурӣ аз субъектҳои хоҷагидории хориҷӣ анҷом диҳанд;

- тағйироти нақшаи хароҷот аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетии ташкилотҳои зертобеъро қатъиян дар мувофиқа бо тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ амалӣ намоянд.

7. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бақияи маблағҳои буҷетӣ ва махсусро дар суратҳисобҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, ки ба ҳолати 1 январи соли 2025 ба вуҷуд омадааст, тибқи тартиб ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории хароҷоти иловагии нигоҳдории сафоратҳо, аз ҷумла барои таъмиру сохтмони биноҳои маъмурӣ равона намояд;

- ҳар семоҳа то санаи 10-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи молиявӣ оид ба истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва даромади консулиро бо дарназардошти маблағҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар пешниҳод намояд.

8. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати тақвияти фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани ҷойҳои кории нав ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои зертобеъ, инчунин сари вақт таъмин намудани уҳдадориҳои андозии онҳо дар назди буҷети давлатӣ ва уҳдадориҳои дигари онҳо аз рӯйи созишномаҳои қарзӣ ва зерқарзӣ чораҳои зарурӣ андешанд;

- якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, молҳои содиротӣ ва зераксизӣ бо мақсади зиёд намудани манбаъҳои андозбандӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

9. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгир намудани фармоишҳои давлатӣ ва мудофиавӣ дар корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ комиссияи дахлдор таъсис диҳад.

10. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзим ва мониторинги истифодаи неруи барқ ва истифодаи дурусти тарифҳои неруи барқ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дар ташкилотҳои буҷетӣ фаъолият менамоянд, тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

11. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки сармоягузории давлатӣ, истифодаи саривақтӣ ва босамари маблағҳои ҷалбгардида чораҳои зарурӣ андешад;

- хизматрасонии бонкии лоиҳаҳоеро, ки барои дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ равона гардидаанд, дар мувофиқа бо шарикони рушд аз рӯйи имконият тавассути Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» амалӣ намояд;

- фурӯши молу мулки ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро, ки ба моликияти давлатӣ қабул шудааст, бо мақсади танзими саривақтии уҳдадориҳои молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи қарзи дохила ва уҳдадориҳои молиявии дигар мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №527 «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» мунтазам ба роҳ монад;

- пешбурди феҳристи ягонаи электронии молу мулки давлатӣ, инчунин молу мулки давлатии мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ, коммуналӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидоре, ки дар сармояи оинномавии онҳо 100 дарсад ҳиссаи давлат мавҷуд аст, ба роҳ монда, то 1 августи соли 2025 доир ба иҷрои нақшаи воридоти маблағҳо аз ҳисоби хусусигардонӣ ва иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ, фоидаи соф аз ҳиссаи давлат дар ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва суди саҳмияҳои давлатӣ дар ҷамъиятҳои саҳомӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молия маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

12. Агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ:

- сари вақт ва пурра ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид намудани андозҳои муқарраршударо аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки мувофиқи шартномаҳо (қарордодҳо) дар марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ фаъолият мекунанд, дар асоси талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» таъмин намоянд;

- то 16 январи соли 2025 дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тақсимоти маблағҳои грантӣ ва қарзӣ аз рӯйи самтҳо (ҷузъҳо)-и лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмони иншоот, хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ҳамаи давраи амалишавии лоиҳаҳо бо ҳуҷҷатҳои асосноккунанда аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ маълумот пешниҳод намоянд;

- ҳар моҳ на дертар аз санаи 5-уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба азхудкунии маблағҳои грантӣ ва қарзӣ аз рӯйи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ҳисобот пешниҳод намоянд;

- ҳар семоҳа на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шумораи кормандон, маблағҳои ҳисоб ва пардохтшудаи андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ-резидентҳо ва ғайрирезидентҳо маълумот пешниҳод намоянд;

- ҳар семоҳа на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ оид ба истифодаи маблағҳои қарзӣ ва грантии барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ҷалбшуда ҳисоботи молиявии фосилавӣ ва солонаро тибқи стандартҳои ҳисоботи молиявии бахши давлатии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

13. Вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва субъектҳои дигари хоҷагидор, сарфи назар аз шакли моликият, ҳар семоҳа на дертар аз санаи 10-уми моҳи баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи қарзҳои берунаи бо кафолати давлат ва бе кафолати давлат ҷалбгардида, мавҷудият ва гардиши маблағҳои қарзӣ барои баҳисобгирии қарзи давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба қарзҳо ва грантҳои аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ҷудогардида маълумот пешниҳод намоянд.

14. Бо мақсади сари вақт хизматрасонӣ намудани қарзҳои берунӣ ва дохилии давлатӣ:

-Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз», Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир энерҷӣ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун», Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Кумитаи хоҷагии манзилию каммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони махсуси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» уҳдадориҳои қарзиро аз рӯйи созишномаҳои зерқарзӣ, ки дар асоси созишномаҳои қарзии давлатӣ ба имзо расонда шудаанд, таъмин карда, ҳар семоҳа ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот манзур намоянд;

- Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Кумитаи хоҷагии манзилию каммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал», Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Хуҷанд, Корхонаи воҳиди давлатии «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Корхонаи коммуналии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода», Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар шаҳри Бохтар, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар шаҳри Норак, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ноҳияи Ёвон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар шаҳри Кӯлоб, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар шаҳри Хоруғ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои қарзии худ дар назди ташкилотҳои шарикони рушд мутобиқи шартҳои созишномаҳое, ки таҳти кафолати давлатӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба имзо расонда шудаанд, мунтазам чораҳо андешида, пардохти саривақтии онҳоро ба буҷети ҷумҳуриявӣ қатъиян таъмин намоянд.

15. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:

- дар ҳолати мавҷуд набудани қарздорӣ аз рӯйи моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот, маблағҳои аз ҳисоби барзиёд иҷро гардидани қисми даромади буҷетҳои маҳаллиро пас аз пӯшонидани касри буҷет аз рӯйи бартарият барои маблағгузории барномаҳои давлатӣ ва рушди шаҳру ноҳияҳо равона намоянд;

- дар сурати мавҷудияти қарздорӣ аз рӯйи моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот, махсусан фонди музди меҳнат, маблағҳои иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои маҳаллиро қатъиян барои пӯшонидани чунин уҳдадориҳо равона намоянд.

16. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати истифодаи босамари маблағҳои дар буҷети соли 2025 пешбинишуда мунтазам чораҷӯйӣ карда, иҷрои барномаҳои соҳавии қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд;

- ҷиҳати таъмини истифодаи оқилонаи замину об, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ҳосилнокӣ ва маҳсулнокии соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, коркард ва афзун намудани ҳаҷми содироти онҳо, зиёд ва беҳтар кардани саршумори чорвои зотӣ, инчунин биотехнологияи он, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, рушди боғу токпарварӣ, риояи технологияи парвариш ва истеҳсоли онҳо дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои фонди давлатии тухмӣ ва маблағҳои дигари барои бахш ҷалбшаванда тадбирҳои иловагӣ андешанд;

- ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техникаи кишоварзӣ, иҷрои корҳои таъмиру барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ ва истгоҳҳои обтаъминкунанда, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаю эҳтиёткоронаи захираҳои табиӣ чораҷӯйӣ намоянд;

- ҳар семоҳа на дертар аз санаи 10-уми моҳи баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ оид ба истифодаи маблағҳо аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

17. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати маблағгузории саривақтии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, ки ба тариқи сарикасӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз рӯйи меъёрҳои ҳадди ақал мутобиқи замимаҳои 2-5 ва коэффитсиентҳои махсуси шаҳрӣ ва ноҳиявӣ мутобиқи замимаи 3 ба қарори мазкур чораҷӯйӣ намояд;

- якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати маблағгузории саривақтии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар доираи меъёри маблағгузории сарикасӣ ва дар заминаи шаҳру ноҳияҳои пилотӣ, ки дар онҳо тибқи замимаи 4 ба қарори мазкур меъёри хӯрокворӣ барои таъмини хонандагони синфҳои ибтидоии 1-4 пешбинӣ шудааст, ҷораҷӯйӣ намояд;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, таъмини рушд ва ислоҳоти соҳа, 1 дарсади ҳаҷми умумии воридоти воқеии маблағҳои махсуси муассисаҳои таълимии тобеи Вазорат (ба истиснои муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ) ва 1 дарсади ҳаҷми воридоти воқеии маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо тартиби муқарраргардида ба суратҳисоби махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суратҳисоби сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда, истифодаи мақсадноки маблағҳоро тибқи нақшаи даромад ва хароҷот таъмин намояд. Ҳар семоҳа оид ба хароҷоти маблағҳои мазкур ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд;

- ҷиҳати таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ ва таъсиси фонди гардишӣ аз ҳисоби фурӯши китобҳо чораҳои иловагӣ андешад.

18. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағҳои махсуси дастгоҳи марказии Вазорат, ки аз ҳисоби ҳиссаҷудокунӣ ба андозаи 5 дарсад аз даромади умумии ташкилотҳои худ ташаккул меёбанд, инчунин пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатиро дар асоси дастурамал оид ба ташаккул ва истифодабарии маблағҳои махсуси дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, тибқи нақшаи даромад ва хароҷот таъмин намояд. Ҳар семоҳа оид ба хароҷоти маблағҳои мазкур ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

19. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри тақсимоти маблағҳои буҷетиро дар асоси принсипи маблағгузории сарикасӣ барои марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ, инчунин меъёри заминавӣ ва коэффитсиентҳои махсуси маблағгузориро аз рӯйи натиҷаи табобат дар муассисаҳои сохтори беморхонавии ноҳияҳои таҷрибавӣ барои соли 2025 таҳия ва тасдиқ намояд;

- якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати маблағгузории муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки ба маблағгузории сарикасӣ гузаштаанд, аз рӯйи меъёрҳои ҳадди ақал мутобиқи замимаи 6 ва коэффитсиентҳои махсуси шаҳрӣ ва ноҳиявӣ (барои баробаркунии хароҷот) мутобиқи замимаи 7 ба қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешад;

- якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати мустаҳкам намудани низоми кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар панҷ шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Суғд, ки дар онҳо механизми нави маблағгузорӣ барои муассисаҳои давлатии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба роҳ монда шудааст, барои хариди доруворӣ ва ба таври ройгон дастрас намудан ба беморони гирифтори беморҳои фишорбаландӣ, нафастангӣ ва диабети қанди навъи 2 дар доираи имкониятҳои буҷет маблағҳои иловагӣ ҷудо намоянд;

- бо мақсади иҷрои талаботи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи ҳатмии ройгони тиббӣ гузаштани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро, ки ақди никоҳ мебанданд, дар муассисаҳои соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимиашон таъмин намояд;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, таъмири онҳо, ташкил намудани ташхис ва табобати беморон дар ҳолатҳои фавқулода (садамаҳо, сар задани бемориҳои сироятӣ ва дигар ҳолатҳои фаврӣ), 5 дарсади ҳаҷми воридоти воқеии маблағҳои махсуси муассисаҳои тиббӣ ва 30 дарсади маблағҳои аз ҳисоби гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмӣ воридгардидаро бо тартиби муқарраргардида ба суратҳисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда, истифодаи мақсадноки онҳоро тибқи нақшаи даромад ва хароҷот таъмин намояд. Ҳар семоҳа оид ба хароҷоти маблағҳои мазкур ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд;

- бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №232 ба кӯдакони маъюби то 16-солаи гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам кумакпулии давлатӣ пардохт намуда, ҳар семоҳа оид ба хароҷоти маблағҳои мазкур ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

20. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то 6 феврали соли 2025 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати шаҳрвандонеро, ки аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор мебошанд ва аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз рӯйи гурӯҳҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

21. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва таъмини рушди ташкилотҳои тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 дарсади ҳаҷми воридоти воқеии маблағҳои махсуси ташкилотҳои зертобеъро бо тартиби муқарраргардида ба суратҳисоби махсуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда, истифодаи мақсадноки ин маблағҳоро тибқи нақшаи даромад ва хароҷот таъмин намояд. Ҳар семоҳа оид ба хароҷоти маблағҳои мазкур ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

22. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳангоми мувофиқаи номгӯйи иншоотҳои аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ сохташавандаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба иншоотҳои дар стратегия ва барномаҳои давлатӣ, инчунин занҷири мантиқии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо пешбинишуда бартарият диҳад;

- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурат бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои ҳаҷми маблағгузории асосии мутамаркази вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои соли 2025 тағйирот ворид намояд.

23. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки вазифаи фармоишгарро иҷро менамоянд, то 10 январи соли 2025 ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи иншооти дар соли 2025 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохташавандаро барои мувофиқа пешниҳод намоянд.

24. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи хоҷагии манзилию каммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 феврали соли 2025 дар мувофиқа бо мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯйхати имтиёздоронро аз рӯйи гурӯҳҳо, ки аз имтиёзҳо бархӯрдоранд, ҷиҳати пардохти кумаки молиявӣ (субсидия) ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

25. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати сари вақт анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳубин ва истифода намудани иншооти обгирӣ тадбирҳои мушаххас андешад;

- ҷиҳати таъмини устувории молиявӣ ва пардохтпазирии мақомот, инчунин таъмини шаффофияти иҷрои уҳдадориҳои молиявӣ аз ҷониби истифодабарандагони об ва субъектҳои хоҷагидори дигар пардохти ҳаққи истифодабарии обро қатъиян тариқи ғайринақдӣ тавассути суратҳисобҳои бонкӣ ба роҳ монда, аз истифодаи механизмҳои дигари ҳисоббаробаркунӣ дар ин самт худдорӣ намояд;

- бо мақсади таъмини шаффофияти пардохти маблағҳои истифодабарии об, ҳар семоҳа ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизматрасониҳои анҷомдодашуда, аз ҷумла аз рӯйи шаҳру ноҳияҳо, гурӯҳҳои истифодабарандагон, андозаи пардохтҳо ва бақияпулиҳо дар ин самт маълумот пешниҳод намояд;

- ҷиҳати сари вақт пардохт намудани андозҳои ҷорӣ ва кам кардани бақияи қарзи андозҳои солҳои қаблии ташкилотҳои зертобеи худ, инчунин пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқи истифодашуда мунтазам чораҷӯйӣ намояд;

- ҷиҳати истифодабарии босамари маблағҳои аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷалбшуда ва аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ ҷудогардида тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

26. Кумитаи хоҷагии манзилию каммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналӣ ва ҷамъоварии маблағҳои ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ мунтазам чораҷӯйӣ карда, иҷрои уҳдадориҳои молиявии худро дар назди буҷети давлатӣ аз рӯйи созишномаҳои зерқарзӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда таъмин намоянд;

- ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ намудани лоиҳаҳои давлатии сармоягузории дар соҳа амалишаванда ва истифодаи мақсадноки маблағҳои аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷалбшуда, инчунин аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ ҷудогардида тадбирҳои таъхирнопазир андешанд;

- ҷиҳати ба буҷет пардохт намудани бақияи қарзи андозҳои корхонаҳои тобеи худ ва пешгирии афзоишёбии он чораҳои иловагӣ андешанд.

27. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» якҷо бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории худро бо стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ мутобиқ карда, ҷиҳати пурра ҷамъоварӣ намудани маблағҳои истифодаи неруи барқ ва иҷрои уҳдадориҳои андозӣ дар назди буҷет аз рӯйи пардохти андозҳои ҷорӣ, инчунин иҷрои уҳдадориҳои молиявӣ аз рӯйи созишномаҳои зерқарзӣ чораҳои зарурӣ андешанд ва ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

28. Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки:

- бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузарондани ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи маблағҳои буҷети давлатӣ дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон ва тамдиди муҳлати қарзи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Бонки миллии Тоҷикистон шартномаҳои дуҷониба ба имзо расонда, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои худ чораҷӯйӣ намояд;

- якҷо бо бонкҳои дигари ҷумҳурӣ ҷиҳати сари вақт ба буҷет интиқол додани маблағи андозҳо ва пардохтҳои субъектҳои хоҷагидор тавассути суратҳисобҳои муросилотии ташкилотҳои қарзӣ чораҷӯйӣ намояд;

- барои сари вақт гузарондани амалиётҳо оид ба уҳдадориҳои давлат дар назди созмонҳои байналмилалии молиявии қарзӣ ва ҳаққи узвияти созмонҳои байналмилалӣ мусоидат намояд.

29. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои дигари ба мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ баробаркардашуда:

- дар муҳлати муқарраргардида ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои ягонаи даромад ва хароҷот оид ба маблағҳои буҷетӣ ва махсуси ҳамаи ҷузъу томҳо ва хадамоте, ки тавассути сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд, бо ҳисобу китоби махсуси моддаҳои хароҷот ва рӯйхати мансабҳои дастгоҳҳои марказӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо, инчунин нақшаҳои хароҷоти нигоҳдории муассисаҳои олии ҳарбии таълимӣ ва муассисаҳои ҳарбии тиббиро дар алоҳидагӣ пешниҳод намоянд;

- хароҷоти роҳкироро ба маҳалли гузарондани рухсатӣ ва бозгашт (дар як сол як маротиба) танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохт намоянд;

- ба ҳолати казармавӣ гузарондани ҳайати шахсиро танҳо дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, пардохти ҷубронпулиро барои ин мақсад дар доираи маблағҳои тасдиқшудаи фонди музди меҳнат ва нақшаи хароҷот анҷом диҳанд;

- пардохти ҳаққи хизматрасонии табобати санаторию курортии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро мувофиқи тартиби муқарраргардида дар доираи маблағҳое, ки дар нақшаи хароҷоти вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин мақсад пешбинӣ шудаанд, анҷом диҳанд;

- хароҷоти нигоҳдории шумораи курсантҳо ва шунавандагони дар муассисаҳои таълимии ҳарбии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳсилдоштаро дар доираи маблағҳое, ки дар нақшаҳои хароҷот барои ин мақсад пешбинӣ шудаанд, амалӣ намоянд;

- бо тартиби муқарраргардида баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии ҳаҷми молу маҳсулоти дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон истеҳсолшавандаро бо ифодаи пулӣ ба роҳ монанд, даромад ва хароҷоти онро дар шаклҳои баҳисобгирии муҳосибӣ пурра ба ҳисоб гирифта, ҳар семоҳа то санаи 10-уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд;

- ҳар семоҳа то санаи 10-уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дар бораи кумакҳои техникии аз давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ гирифташударо бо ифодаи арзишӣ ва аслӣ пешниҳод намоянд;

- назорати харҷи мақсадноки маблағҳои дар нақшаҳои хароҷот барои пардохти таъминоти пулӣ, нафақа, кумакпулиҳо ва пардохтҳои дигари иҷтимоӣ пешбинишударо таъмин намоянд;

- бо мақсади таъмини шаффофият ва роҳ надодан ба қарздорӣ аз рӯйи моддаҳои ҳимояшаванда, пардохтҳоро ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, ҳуҷҷатҳои асосноккунандаро оид ба пардохти музди меҳнат, кумакпулиҳо ва ҷубронпулиҳо ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

30. Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҳаҷми маблағҳои тасдиқшудаи буҷети марказонидашударо барои соли 2025 ҷиҳати таҳвили озуқа, ашё ва молу мулки дигари моддию техникӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳо, ҷузъу томҳои дигари ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд;

- бо вазорату идораҳои дахлдор номгӯй ва миқдори молҳо (захираҳои моддию техникӣ)-и таҳвилшавандаро бо ифодаи арзишӣ ва миқдорӣ мувофиқа намояд;

- ҳар моҳ то санаи 15-уми баъди моҳи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаҷми таҳвили озуқа, ашё ва молу мулки дигари моддию техникӣ ба вазорату идораҳои қудратӣ ҳисобот бо ифодаи арзишӣ ва миқдорӣ пешниҳод намояд.

31. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» 40 дарсади маблағҳои дар ихтиёри он гузошташавандаро (аз ҳисоби додани сертификат) баъд аз пардохти андозҳо барои хариди барнома ва технологияҳои муосир равона карда, ҳар нимсола оид ба истифодаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

32. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Кумитаи хоҷагии манзилию каммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигар дар нақшаҳои хароҷот барои соли 2025 дар доираи имкониятҳои буҷети тасдиқшуда дархосту пешниҳодҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027 бармеоянҚонуни инобат гиранд.

33. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ:

- то 8 январи соли 2025 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буҷети тасдиқшудаи соли молиявӣ аз рӯйи даромад ва хароҷот, инчунин тақсимоти онро бо семоҳаҳо пешниҳод намоянд;

- то 25 январи соли 2025 маълумот дар бораи теъдоди ташкилотҳои буҷетӣ, воҳидҳои корӣ ва Қонуни и хонандагону тарбиятгирандагонро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

- ҳар семоҳа дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор рӯйхати шахсони имтиёздорро ки хароҷоти онҳо вобаста ба хизматрасонии коммуналӣ, нақлиётӣ, тиббӣ ва хизматрасониҳои дигари аз буҷетҳои маҳаллӣ ҷуброн карда мешавад, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида маблағгузории саривақтии пардохти музди меҳнат, ҷубронпулӣ ба маъюбон ва иштирокдорони рафъи оқибатҳои фалокат дар неругоҳи барқи атомии Чернобил, инчунин ҷубронпулии омӯзгоронро барои хизматрасонии коммуналӣ аз рӯйи меъёрҳои муқарраргардида дар доираи маблағҳои пешбинишуда таъмин намоянд;

- маблағгузории пурра ва саривақтии муассисаҳои таҳсилоти умумиро мутобиқи меъёрҳои тасдиқгардидаи маблағгузории сарикасӣ таъмин намоянд;

- маблағгузории пурра ва саривақтии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитариро, ки ба маблағгузории сарикасӣ гузаронда шудаанд, аз рӯйи меъёрҳои тасдиқгардида таъмин намоянд;

- маблағгузории саривақтии хизматрасониҳои коммуналии ташкилотҳои аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда ва уҳдадориҳои молиявии онҳоро аз рӯйи созишномаҳои зерқарзӣ дар назди буҷети давлатӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда таъмин намоянд;

- дар ҳолати мавҷудияти қарздорӣ ва ба миён омадани норасоии маблағгузории фонди музди меҳнат ва моддаҳои дигари ҳимояшаванда, маблағҳои бақияи озодро бо бартарият барои пӯшонидани хароҷоти болозикр равона намоянд;

- дар муҳлати муқарраршуда пардохти 25 дарсади маблағи иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети тасдиқшударо баъд аз пўшонидани касри буҷет ба фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт таъмин намоянд;

- дар ҳолати дар давоми соли молиявӣ пайдо шудани касри хазинавӣ ва истифода гардидани маблағҳои нақди гардони хазинавӣ, то 1 январи соли 2026 барқарорсозии онҳоро таъмин намоянд;

- маблағҳои истифоданагардидаи фонди музди меҳнатро, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ дар шакли мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз рӯйи ҳисоби байниҳамдигарӣ равона карда шудаанд, дар охири соли молиявии 2025 ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонанд;

- ҳар семоҳа дар сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ ҳисобот ҷойгир намоянд.

34. Тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ ҳар семоҳа ҳисоботи молиявии фосилавӣ ва солонаро тибқи стандартҳои ҳисоботи молиявии бахши давлатии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

35. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигаре, ки тибқи муқаррароти моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ бархӯрдор мегарданд, ҳар семоҳа на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ оид ба истифодаи имтиёзҳои додашуда ва оид ба имтиёзҳои андозии татбиқшуда барои давраи солҳои 2023-2024 аз рӯйи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот (кор ва хизматрасонӣ), даромади умумӣ, маблағи имтиёз аз рӯйи намудҳои андоз ва шумораи ҷойҳои кории нав ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

36. Дар соли 2025 меъёрҳои маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тибқи замимаи 2, коэффитсиентҳои махсуси шаҳрӣ ва ноҳиявӣ барои маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ)-и муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ тибқи замимаи 3, маблағгузории меъёри хӯрокворӣ барои хонандагони синфҳои 1-4 ҳамчун таҷрибавӣ тибқи замимаи 4, меъёрҳои маблағгузории сарикасии муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ тибқи замимаи 5, меъёрҳои ҳадди ақалли маблағгузории сарикасии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ тибқи замимаи 6 ва коэффитсиентҳои махсуси шаҳрӣ ва ноҳиявӣ барои баробаркунии маблағгузории сарикасии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ тибқи замимаи 7 ба қарори мазкур тасдиқ ва амалӣ карда шаванд.

37. Номгӯйи нишондиҳандаҳои ғайримолиявии гурӯҳбандии барномавии буҷетӣ аз рӯйи тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетии дахлдор тибқи замимаи 8 муайян карда шавад.

38. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳар семоҳа дар бораи иҷрои қарори мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

39. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, аз 29 ноябри соли 2024, № 604

Ниг. ба Замимаҳои 1-8

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025»

Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027, инчунин бо мақсади ҷалби захираҳои молиявӣ, таъмини истифодаи самарабахши маблағҳои буҷетӣ, татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ:

- иҷрои саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027-ро таъмин намоянд;

- то 15 январи соли 2025 номгӯйи пурраи иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои махсус дар соли 2025 сохташавандаро дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, дар ҷараёни иҷрои буҷети давлатӣ истифодаи маблағҳои махсусро, ки воридоти онҳо аз нақшаи тасдиқшуда барзиёд мебошад, ҳангоми барои сохтмону азнавсозии иншоотҳо равона намудан тавассути ворид намудани тағйирот ба номгӯйи иншооти сохташаванда амалӣ намоянд;

- ҳангоми пешниҳоди маҳдудаи музди меҳнати моҳонаи кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ ҳар моҳ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ дар бораи шумораи воқеии воҳидҳои кории бандбуда, мавҷудияти воҳидҳои кории холӣ ва сарфаи музди меҳнат аз воҳидҳои кории холӣ маълумот пешниҳод намоянд;

- пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои буҷетӣ ва кумакпулиҳои иҷтимоиро тавассути кортҳои электронии Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ва бонкҳои дигари ҷумҳурӣ анҷом диҳанд;

- аз ҳисоби даромади ҷории маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ мутобиқи андозаҳои муқарраргардидаи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» пардохтҳои ҳатмиро дар суратҳисоби ташкилотҳо нигоҳ дошта, дар ҳолати сари вақт пардохт нагардидан тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ба таври автоматӣ ба суратҳисоби дахлдор интиқол диҳад;

- хариди давлатии аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои махсус амалишавандаро дар доираи маблағҳо ва меъёрҳои муқарраргардида бо пешниҳоди протоколи комиссияи тендерӣ анҷом дода, фарқият (сарфа)-и маблағҳои пулии дар натиҷаи баргузории тендер бавуҷудомадаро (ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастии ташкилотҳои буҷетӣ, гранту қарзҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, маблағҳои буҷетӣ ва махсуси Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун», Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишоти мудофиавии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ташкилотҳои аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузоришаванда, инчунин фонди иҷораи китобҳои дарсӣ) ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия интиқол диҳанд;

- истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, аз ҷумла барои сохтмони асосӣ ҷудошавандаро таъмин карда, ҳар моҳ то санаи 10-уми баъд аз моҳи ҳисоботӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаҷми корҳои иҷрошуда ва маблағҳои харҷшуда маълумоти муфассал пешниҳод намоянд;

- зиёд намудани шумораи воҳидҳои кории сохторҳои дахлдорро қатъиян дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд;

- пардохти саривақтии маблағҳои мутобиқи қисми 1 моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» муқарраршударо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ таъмин намоянд;

- истифодаи маблағҳои махсусро, ки дар ташкилотҳои буҷетӣ мутобиқи қонунгузорӣ ташаккул меёбанд (ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ), қатъиян тавассути низоми хазинадорӣ амалӣ намоянд. Дар ҳолати риоя нагардидани тартиби мазкур ё муайян гардидани хароҷоти маблағҳо бидуни суратҳисоби хазинадорӣ, маблағҳои мазкур пурра ба буҷетҳои дахлдор ситонида мешаванд. Дар баробари ин, ташкилотҳои буҷетӣ метавонанд барои истифодаи маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ аз низоми хазинадорӣ истифода баранд;

- маблағҳои ба суратҳисоби махсуси ташкилотҳои буҷетӣ дар бонкҳо аз ҳисоби хизматрасониҳои музднок воридгардидаро дар давоми 3 рӯзи корӣ пурра ба суратҳисоби Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳанд;

- дар ҳолати тағйирёбии қурби асъор ва аз ин ҳисоб пайдо гардидани норасоии маблағҳои дар буҷет барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва сохторҳои дахлдори дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар пешбинишуда, пардохти фарқияти онро аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом диҳанд;

- ҳар семоҳа то санаи 5-уми баъди моҳи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба воридоти маблағҳои грантӣ ва кумаки техникие, ки мустақиман аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ (хайриявӣ ва сарпарастон) пешниҳод мешаванд, маълумоти муфассал пешниҳод намоянд;

- ҳар семоҳа то санаи 10-уми баъди ҷамъбасти семоҳаи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба маблағгузории барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла барномаҳое, ки амалишавии онҳо дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд;

- қарздорӣ ва ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ, аз ҷумла истифодаи неруи барқро дар давоми соли молиявӣ бо бартарият тариќи танзими нақшаи хароҷот аз ҳисоби моддаҳои дигари хароҷоти афзалиятнадошта ва маблағҳои махсус пардохт намоянд;

- оид ба истифодаи маблағҳои буҷетию ғайрибуҷетӣ, ҳолат ва натиҷаи фаъолияти молиявӣ мутобиқ ба шаклҳои муайяншуда ҳисоботи молиявии муттаҳидшудаи фосилавӣ ва солона тартиб дода, дар муҳлати муқарраргардида ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

- дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани гардиши ҳуҷҷатҳои пардохти электронӣ чораҷӯйӣ намоянд. Гирандагони маблағҳои буҷетӣ, ки ба ҳуҷҷатгузории электронии пардохтҳо гузаштаанд, барои гузаронидани амалиётҳои молиявӣ ва мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асоснокии маблағгузорӣ дар ташкилотҳои зертобеи худ бевосита масъулият доранд;

- ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетие, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ кумаки молиявӣ (субсидия) мегиранд, бақияи маблағҳои буҷетии дар соли 2024 истифоданашударо то 1 апрели соли 2025 ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонанд;

- дар ҳолати саҳван ворид гардидани маблағҳои нақшавии даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ ва ҳолати баръакс, чунин маблағҳоро то ҷамъбасти моҳи ҳисоботӣ аз рӯйи таъиноташон ба буҷетҳои дахлдор баргардонанд;

- баргардонидани маблағҳои қарзи асосӣ ва фоизҳои аз ҳисоби созишномаҳои зерқарзии дар доираи лоиҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналии дар сатҳи маҳал татбиқшавандаро ҳамчун нақшаҳои захиравӣ дар иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳисоб гиранд;

- якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ (аз ҷумла Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо мақсади дарёфти маблағҳои иловагӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ, ҷиҳати барӯйхатгирии молу мулк (қитъаи замин, молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт) ва маҳалли бақайдгирии он, инчунин пардохти пурра ва саривақтии маблағи андоз ба буҷети дахлдори маҳаллӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои буҷетӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида, истифодаи маблағҳои буҷетиро мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» дар доираи даромади воқеӣ ва бо дарназардошти афзалиятнокии моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет таъмин намояд;

- бо мақсади иҷрои саривақтии нақшаи андози иҷтимоии ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, назорати пардохти андози иҷтимоиро тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ба роҳ монад;

- аз 1 январи соли 2025 қабули нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти ташкилотҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро пурра тариқи электронӣ тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ бе пешниҳоди шакли коғазии он ба роҳ монад. Масъулият барои мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асоснокии маблағгузорӣ бевосита ба зиммаи гирандагони маблағҳои буҷетӣ вогузор карда мешавад;

- бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нишондиҳандаҳои буҷет, ба тақсимоти семоҳаи даромад ва хароҷоти моддаҳои хароҷотии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин дар ҳолати ба миён омадани норасоӣ аз рӯйи пардохти музди меҳнат ва маблағҷудокунӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, байни соҳаҳо дар доираи буҷети тасдиқшудаи соли 2025 тағйирот ворид намояд;

- ҳангоми ворид намудани тағйирот ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷет дар раванди иҷрои буҷет тавозуни буҷетро ба инобат гирад;

- дар ҳолати барзиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ нисбат ба маблағҳои тасдиқшудаи буҷети давлатӣ, ба нақшаи даромад ва хароҷоти онҳо ва мувофиқан ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дахлдор ворид намояд;

- дар ҳолати дар раванди иҷрои буҷети давлатӣ ба вуҷуд омадани тафовути хазинавӣ, маблағгузории вазорату идораҳо ва ташкилотҳоеро, ки суратҳисобҳои маблағҳои махсус доранд, аз ҳисоби суратҳисобҳои мазкур амалӣ намояд;

- дар ҳолати муайян гардидани банақшагирии барзиёди фонди музди меҳнат дар буҷетҳои шаҳру ноҳияҳое, ки мусоидати молиявӣ (субвенсия) мегиранд, фарқияти маблағи онро аз нақшаи мусоидати молиявӣ кам намояд;

- дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бозпас нагардондани маблағҳои нақшавии даромади буҷети ҷумҳуриявӣ, ки саҳван ба буҷетҳои маҳаллӣ ворид гардидаанд ё дар ҳолатҳои дигари риоя нагардидани таъиноти мақсадноки маблағҳо, бе огоҳӣ чунин маблағҳоро ба суратҳисоби дахлдори буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол диҳад;

- маблағгузории асосии мутамаркази давлатиро дар доираи буҷети тасдиқшудаи соли 2025 мутобиқи замимаи 1 ба қарори мазкур ва аз рӯйи даромади воқеии буҷет баъд аз мувофиқа гардидани номгӯйи иншооти сохташаванда бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;

- ба фармоишгарони иншооти сохтмонашон оғознагардида барои пешпардохт ба ташкилотҳои паймонкорӣ ба андозаи то 20 дарсади маблағи дар нақшаи семоҳа пешбинигардида барои омодагии корҳои сохтмонӣ ҷудо карда, маблағи пешпардохтро аз ҳисоби ҳаҷми корҳои дар семоҳаи дахлдор иҷрогардида пӯшонад;

- хароҷоти ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро мақсаднок аз рӯйи талаботи воқеӣ дар доираи маблағҳои тасдиқшудаи буҷетӣ анҷом диҳад;

- маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои пурра намудани фонди оинномавии Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» пешбинишударо вобаста ба иҷрои воқеии буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт намояд;

- маблағҳои дар натиҷаи фаъолияти мақомоти назоратию санҷишӣ воридшавандаро ба андозаи маблағҳои истифодашуда дар сатри алоҳидаи ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ ба ҳисоб гирад;

- барои пӯшонидани касри буҷет векселҳоро ба муомилот барорад;

- якҷо бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоббаробаркунии қарзҳои кредитории ташкилотҳои буҷетиро дар назди андозсупорандагон ва қарзи онҳоро дар назди буҷет қатъиян дар доираи талаботи Тартиби гузарондани ҳисоббаробаркунии қарзҳо байни ташкилотҳои буҷетӣ дар назди андозсупорандагон гузаронад;

- якҷо бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар муҳлати муқарраргардида аз буҷетҳои дахлдор баргардондани маблағҳои барзиёд ва саҳван пардохтшуда аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои онҳо чораҳои зарурӣ андешад;

- якҷо бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк», бонкҳои дигари ҷумҳурӣ ва сохторҳои дигари давлатӣ барои тақвияти корҳо оид ба ташкили низоми ягонаи иттилоотӣ, инчунин табодули электронии маълумот оид ба воридоти андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии дигар ба буҷет чораҳои иловагӣ андешад;

- ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои молиявии қаблӣ ва ҷорӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯйи қоғазҳои қиматноки давлатӣ (векселҳо), қарзи давлатӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои тарафайн чораҷӯйӣ намояд;

- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои буҷетии дигар ҳар семоҳа ба буҷети давлатӣ ворид кардани пардохтҳои ҳатмиро мутобиқи қисми 1 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» таъмин намояд;

- якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пардохти кумакпулиҳои яквақтаро ба хизматчиёни давлатӣ бинобар ба нафақа баромадан ва дар ҳолати фавти онҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2025 пешбинигардида ва маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор, инчунин аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромадҳо ва бақияи маблағи озоди буҷетҳои маҳаллӣ амалӣ намояд;

- дар ҳолати норасоии маблағҳо барои пардохти уҳдадориҳои давлатӣ вобаста ба хизматрасонии қарзи давлатӣ, қарзҳои бо кафолати давлатӣ ҷалбгардида, ҳаққи узвияти кишвар дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва хароҷоти дигари ғайринақшавии буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағгузории хароҷоти мазкурро аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои коҳиш додани хавфҳои фискалӣ пешбинишуда анҷом диҳад;

- ҳар семоҳа оид ба иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур намояд;

- ҳар семоҳа дар сомонаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, ба истиснои иттилооти дорои хусусияти махфӣ, маълумот нашр намояд;

- ҷиҳати сари вақт таъмин намудани уҳдадориҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯйи шартномаҳои байналмилалӣ ва узвият дар созмонҳои байналмилалӣ ба амал меоянд, тартиби пардохти онҳоро таҳия намояд;

- ҷиҳати иҷрои сифатноки нақшаи маблағгузории лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо дарназардошти амалигардонии лоиҳаҳои нав, дар ҷараёни иҷрои буҷети давлатӣ ба нақшаи семоҳаҳо ва соҳаҳо дар доираи нақшаи барои соли 2025 тасдиқгардида тағйироти дахлдор ворид намояд.

3. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», бонкҳои дигари ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ воридоти андозҳо ва пардохтҳоро ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаи 13 ва қисми 2 моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд;

- якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар муҳлатҳои муқарраргардида ба буҷетҳои дахлдор гузаронидани маблағҳо аз ҳисоби фоидаи софи ҳиссаи ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва суди саҳмияҳои давлатӣ дар ҷамъиятҳои саҳомӣ чораҷӯйӣ намоянд;

- якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 августи соли 2025 доир ба иҷрои нақшаи воридоти маблағҳо аз ҳисоби фоидаи соф ба ҳиссаи давлат дар ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва суди саҳмияҳои давлатӣ дар ҷамъиятҳои саҳомӣ дар солҳои 2023-2024 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд;

- воридот ва тақсимоти андозҳои танзимшавандаи дар моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» муқарраргардидаро қатъиян тавассути суратҳисоби танзимкунандаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарҷ намудани намуди андоз дар таъинот мутобиқ ба суратҳисоб амалӣ намоянд;

- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа оид ба воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи намудҳои онҳо санади муқоисавӣ ба имзо расонанд;

- барои рӯёнидани бақияпулиҳо аз рӯйи андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ, низомҳои махсуси андозбандӣ, боҷҳои давлатӣ, пардохтҳои ҳатмии дигар, боҷҳои гумрукӣ ва роҳ надодан ба зиёдшавии онҳо дар доираи муқаррароти кодексҳои андоз ва гумрук чораҳои зарурӣ андешанд;

- новобаста ба тағйир ёфтани маҳалли фаъолияти андозсупоранда, ҷиҳати иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ, уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ ва чорабиниҳои барномаҳои давлатӣ пардохти уҳдадориҳои андозии чунин андозсупорандаро то анҷоми соли молиявӣ дар маҳалли қаблан бақайдгирифташуда ё маҳалли фаъолият анҷом диҳанд;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи фаврӣ оид ба воридоти андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ, низомҳои махсуси андозбандӣ, пардохтҳои ҳатмии дигар ба буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин пардохтҳои гумрукӣ аз гардиши савдои хориҷиро то санаи 5-уми баъди моҳи ҳисоботӣ, маълумот оид ба бақияпулиҳои андозро то 20-уми баъди моҳи ҳисоботӣ пешниҳод намоянд;

- маълумот оид ба имтиёзҳои истифодашудаи андозӣ ва гумрукиро бо нишондоди номгӯйи субъектҳо, номгӯйи андозҳо, манбаъ ва маблағи имтиёзҳо ҳар семоҳа на дертар аз санаи 25-уми баъд аз давраи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

- якҷо бо мақомоти молия ва воҳидҳои сохтории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои нақшаи воридоти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ чораҳои зарурӣ андешида, оид ба воридоти андози иҷтимоии ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҳар моҳ на дертар аз санаи 5-уми баъди моҳи ҳисоботӣ дар асоси санадҳои муқоисавӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи фаврӣ пешниҳод намоянд;

- дар соли 2025 маблағҳои дар ҷараёни фаъолияти назоратии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба андози иҷтимоӣ, андозҳои маҳаллӣ ва низомҳои махсуси андозбандӣ ошкоргардидаро аз рӯйи таъиноташон пурра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ гузаронанд ва ҳар семоҳа то санаи 15-уми баъди давраи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд;

- мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» барои ҳавасмандгардонии кормандон ва рушди заминаи моддию техникӣ 30 дарсади маблағи умумии пинҳонкардашуда (камнишондодашуда)-и андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои дар рафти фаъолияти назоратӣ ошкоргардида (ба истиснои андози иҷтимоӣ, низоми махсуси андозбандӣ, андозҳои маҳаллӣ) ва 80 дарсади хироҷи гумрукиро равона карда, истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин намоянд;

- якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти дигари дахлдори давлатӣ ҷиҳати насби шаклҳои нави дастгоҳҳои назоратию хазинавӣ ва хазинаҳои виртуалӣ, барномаҳои махсуси бонкиии таъминкунандаи фаъолияти чунин дастгоҳҳо, инчунин васеъ ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии молҳои воридотӣ ва ватанӣ, шакли ягонаи ҳамгироишудаи электронии баҳисобгирии амалиётҳои субъектҳои хоҷагидорӣ, тамғагузории электронии молҳо ва чеки фискалии электронӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд;

- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати амалӣ кардани тартиби дар шакли электронӣ ба ҳисоби шахсии андозсупорандагон гузарондани маблағи андозҳои пардохтшуда мунтазам чораҷӯйӣ намоянд;

- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дигари дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва риояи муқаррароти кодексҳои андоз ва гумрук, корҳои фаҳмондадиҳиро бо андозсупорандагон ва иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мунтазам роҳандозӣ намоянд;

- маблағҳои дар натиҷаи фаъолияти назоратию санҷишии мақомоти фискалӣ воридшударо аз рӯйи сиёсати як пардохт барои як намуди андоз равона намоянд;

- пардохти андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмиро ба буҷет аз рӯйи ҳар як намуди андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ бо дарҷи таъиноти он амалӣ намоянд.

4. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо Бонки миллии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва бонкҳои дигари ҷумҳурӣ ба буҷетҳои дахлдор гузарондани андози иҷтимоиро тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» таъмин намояд;

- ҳар моҳ то санаи 5-уми баъди моҳи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин гурӯҳбандии иқтисодӣ, гирандагони маблағҳои буҷетӣ бо нишон додани шумораи нафақагирон ва намудҳои нафақа ҳисоботи муфассал пешниҳод намояд;

- дар ҳолати иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, бо мақсади маблағгузории саривақтии нафақа ва кумакпулиҳо, маблағҳои озоди андӯхти нафақавиро муваққатан мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пӯшонидани норасоии маблағгузории буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа истифода намояд;

- бо мақсади баррасии масъалаи таъмин намудани маблағгузории чорабиниҳои дахлдор дар соли 2025, ҷиҳати таъмини гузариши бахши суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба низоми идоракунӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии рақамӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

5. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои манбаъҳои даромади буҷети давлатиро, ки бевосита ба фаъолияти онҳо мансубанд, таъмин намуда, ҷараёни мазкурро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

6. Вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигаре, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд:

- то 10 январи соли 2025 бо мақсади дастрасии саривақтӣ ба низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ тибқи тартиби муқарраршуда шакли дастрасиро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

- то 20 январи соли 2025 тақсимоти тасдиқшудаи даромад ва хароҷотро аз рӯйи семоҳаҳо барои соли 2025 оид ба маблағҳои буҷетӣ ва махсуси вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ ба низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ворид намоянд. Дар ҳолати аз ҷониби ташкилотҳои буҷетӣ дар муҳлати муқарраршуда ворид нагардидани маълумот ба низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимоти онҳоро дар семоҳаҳо бо салоҳдиди худ ташаккул диҳад;

- хариди давлатӣ, инчунин ҷойгиркунии фармоиши мудофиавии давлатиро дар навбати аввал аз молистеҳсолкунандагони ватанӣ (аз корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) амалӣ намоянд ва танҳо дар ҳолати мавҷуд набудани онҳо дар бозори истеъмолии дохилӣ, хариди онҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурӣ аз субъектҳои хоҷагидории хориҷӣ анҷом диҳанд;

- тағйироти нақшаи хароҷот аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетии ташкилотҳои зертобеъро қатъиян дар мувофиқа бо тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ амалӣ намоянд.

7. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бақияи маблағҳои буҷетӣ ва махсусро дар суратҳисобҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, ки ба ҳолати 1 январи соли 2025 ба вуҷуд омадааст, тибқи тартиб ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории хароҷоти иловагии нигоҳдории сафоратҳо, аз ҷумла барои таъмиру сохтмони биноҳои маъмурӣ равона намояд;

- ҳар семоҳа то санаи 10-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи молиявӣ оид ба истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва даромади консулиро бо дарназардошти маблағҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар пешниҳод намояд.

8. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати тақвияти фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани ҷойҳои кории нав ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои зертобеъ, инчунин сари вақт таъмин намудани уҳдадориҳои андозии онҳо дар назди буҷети давлатӣ ва уҳдадориҳои дигари онҳо аз рӯйи созишномаҳои қарзӣ ва зерқарзӣ чораҳои зарурӣ андешанд;

- якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, молҳои содиротӣ ва зераксизӣ бо мақсади зиёд намудани манбаъҳои андозбандӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

9. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгир намудани фармоишҳои давлатӣ ва мудофиавӣ дар корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ комиссияи дахлдор таъсис диҳад.

10. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзим ва мониторинги истифодаи неруи барқ ва истифодаи дурусти тарифҳои неруи барқ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дар ташкилотҳои буҷетӣ фаъолият менамоянд, тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

11. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки сармоягузории давлатӣ, истифодаи саривақтӣ ва босамари маблағҳои ҷалбгардида чораҳои зарурӣ андешад;

- хизматрасонии бонкии лоиҳаҳоеро, ки барои дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ равона гардидаанд, дар мувофиқа бо шарикони рушд аз рӯйи имконият тавассути Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» амалӣ намояд;

- фурӯши молу мулки ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро, ки ба моликияти давлатӣ қабул шудааст, бо мақсади танзими саривақтии уҳдадориҳои молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи қарзи дохила ва уҳдадориҳои молиявии дигар мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №527 «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» мунтазам ба роҳ монад;

- пешбурди феҳристи ягонаи электронии молу мулки давлатӣ, инчунин молу мулки давлатии мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ, коммуналӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидоре, ки дар сармояи оинномавии онҳо 100 дарсад ҳиссаи давлат мавҷуд аст, ба роҳ монда, то 1 августи соли 2025 доир ба иҷрои нақшаи воридоти маблағҳо аз ҳисоби хусусигардонӣ ва иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ, фоидаи соф аз ҳиссаи давлат дар ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва суди саҳмияҳои давлатӣ дар ҷамъиятҳои саҳомӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молия маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

12. Агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ:

- сари вақт ва пурра ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид намудани андозҳои муқарраршударо аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки мувофиқи шартномаҳо (қарордодҳо) дар марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ фаъолият мекунанд, дар асоси талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» таъмин намоянд;

- то 16 январи соли 2025 дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тақсимоти маблағҳои грантӣ ва қарзӣ аз рӯйи самтҳо (ҷузъҳо)-и лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмони иншоот, хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ҳамаи давраи амалишавии лоиҳаҳо бо ҳуҷҷатҳои асосноккунанда аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ маълумот пешниҳод намоянд;

- ҳар моҳ на дертар аз санаи 5-уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба азхудкунии маблағҳои грантӣ ва қарзӣ аз рӯйи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ҳисобот пешниҳод намоянд;

- ҳар семоҳа на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шумораи кормандон, маблағҳои ҳисоб ва пардохтшудаи андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ-резидентҳо ва ғайрирезидентҳо маълумот пешниҳод намоянд;

- ҳар семоҳа на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ оид ба истифодаи маблағҳои қарзӣ ва грантии барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ҷалбшуда ҳисоботи молиявии фосилавӣ ва солонаро тибқи стандартҳои ҳисоботи молиявии бахши давлатии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

13. Вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва субъектҳои дигари хоҷагидор, сарфи назар аз шакли моликият, ҳар семоҳа на дертар аз санаи 10-уми моҳи баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи қарзҳои берунаи бо кафолати давлат ва бе кафолати давлат ҷалбгардида, мавҷудият ва гардиши маблағҳои қарзӣ барои баҳисобгирии қарзи давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба қарзҳо ва грантҳои аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ҷудогардида маълумот пешниҳод намоянд.

14. Бо мақсади сари вақт хизматрасонӣ намудани қарзҳои берунӣ ва дохилии давлатӣ:

-Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз», Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир энерҷӣ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун», Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Кумитаи хоҷагии манзилию каммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони махсуси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» уҳдадориҳои қарзиро аз рӯйи созишномаҳои зерқарзӣ, ки дар асоси созишномаҳои қарзии давлатӣ ба имзо расонда шудаанд, таъмин карда, ҳар семоҳа ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот манзур намоянд;

- Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Кумитаи хоҷагии манзилию каммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал», Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Хуҷанд, Корхонаи воҳиди давлатии «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Корхонаи коммуналии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода», Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар шаҳри Бохтар, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар шаҳри Норак, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ноҳияи Ёвон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар шаҳри Кӯлоб, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар шаҳри Хоруғ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои қарзии худ дар назди ташкилотҳои шарикони рушд мутобиқи шартҳои созишномаҳое, ки таҳти кафолати давлатӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба имзо расонда шудаанд, мунтазам чораҳо андешида, пардохти саривақтии онҳоро ба буҷети ҷумҳуриявӣ қатъиян таъмин намоянд.

15. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:

- дар ҳолати мавҷуд набудани қарздорӣ аз рӯйи моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот, маблағҳои аз ҳисоби барзиёд иҷро гардидани қисми даромади буҷетҳои маҳаллиро пас аз пӯшонидани касри буҷет аз рӯйи бартарият барои маблағгузории барномаҳои давлатӣ ва рушди шаҳру ноҳияҳо равона намоянд;

- дар сурати мавҷудияти қарздорӣ аз рӯйи моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот, махсусан фонди музди меҳнат, маблағҳои иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои маҳаллиро қатъиян барои пӯшонидани чунин уҳдадориҳо равона намоянд.

16. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати истифодаи босамари маблағҳои дар буҷети соли 2025 пешбинишуда мунтазам чораҷӯйӣ карда, иҷрои барномаҳои соҳавии қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд;

- ҷиҳати таъмини истифодаи оқилонаи замину об, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ҳосилнокӣ ва маҳсулнокии соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, коркард ва афзун намудани ҳаҷми содироти онҳо, зиёд ва беҳтар кардани саршумори чорвои зотӣ, инчунин биотехнологияи он, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, рушди боғу токпарварӣ, риояи технологияи парвариш ва истеҳсоли онҳо дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои фонди давлатии тухмӣ ва маблағҳои дигари барои бахш ҷалбшаванда тадбирҳои иловагӣ андешанд;

- ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техникаи кишоварзӣ, иҷрои корҳои таъмиру барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ ва истгоҳҳои обтаъминкунанда, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаю эҳтиёткоронаи захираҳои табиӣ чораҷӯйӣ намоянд;

- ҳар семоҳа на дертар аз санаи 10-уми моҳи баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ оид ба истифодаи маблағҳо аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

17. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати маблағгузории саривақтии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, ки ба тариқи сарикасӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз рӯйи меъёрҳои ҳадди ақал мутобиқи замимаҳои 2-5 ва коэффитсиентҳои махсуси шаҳрӣ ва ноҳиявӣ мутобиқи замимаи 3 ба қарори мазкур чораҷӯйӣ намояд;

- якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати маблағгузории саривақтии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар доираи меъёри маблағгузории сарикасӣ ва дар заминаи шаҳру ноҳияҳои пилотӣ, ки дар онҳо тибқи замимаи 4 ба қарори мазкур меъёри хӯрокворӣ барои таъмини хонандагони синфҳои ибтидоии 1-4 пешбинӣ шудааст, ҷораҷӯйӣ намояд;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, таъмини рушд ва ислоҳоти соҳа, 1 дарсади ҳаҷми умумии воридоти воқеии маблағҳои махсуси муассисаҳои таълимии тобеи Вазорат (ба истиснои муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ) ва 1 дарсади ҳаҷми воридоти воқеии маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо тартиби муқарраргардида ба суратҳисоби махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суратҳисоби сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда, истифодаи мақсадноки маблағҳоро тибқи нақшаи даромад ва хароҷот таъмин намояд. Ҳар семоҳа оид ба хароҷоти маблағҳои мазкур ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд;

- ҷиҳати таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ ва таъсиси фонди гардишӣ аз ҳисоби фурӯши китобҳо чораҳои иловагӣ андешад.

18. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағҳои махсуси дастгоҳи марказии Вазорат, ки аз ҳисоби ҳиссаҷудокунӣ ба андозаи 5 дарсад аз даромади умумии ташкилотҳои худ ташаккул меёбанд, инчунин пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатиро дар асоси дастурамал оид ба ташаккул ва истифодабарии маблағҳои махсуси дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, тибқи нақшаи даромад ва хароҷот таъмин намояд. Ҳар семоҳа оид ба хароҷоти маблағҳои мазкур ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

19. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри тақсимоти маблағҳои буҷетиро дар асоси принсипи маблағгузории сарикасӣ барои марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ, инчунин меъёри заминавӣ ва коэффитсиентҳои махсуси маблағгузориро аз рӯйи натиҷаи табобат дар муассисаҳои сохтори беморхонавии ноҳияҳои таҷрибавӣ барои соли 2025 таҳия ва тасдиқ намояд;

- якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати маблағгузории муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки ба маблағгузории сарикасӣ гузаштаанд, аз рӯйи меъёрҳои ҳадди ақал мутобиқи замимаи 6 ва коэффитсиентҳои махсуси шаҳрӣ ва ноҳиявӣ (барои баробаркунии хароҷот) мутобиқи замимаи 7 ба қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешад;

- якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати мустаҳкам намудани низоми кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар панҷ шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Суғд, ки дар онҳо механизми нави маблағгузорӣ барои муассисаҳои давлатии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба роҳ монда шудааст, барои хариди доруворӣ ва ба таври ройгон дастрас намудан ба беморони гирифтори беморҳои фишорбаландӣ, нафастангӣ ва диабети қанди навъи 2 дар доираи имкониятҳои буҷет маблағҳои иловагӣ ҷудо намоянд;

- бо мақсади иҷрои талаботи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи ҳатмии ройгони тиббӣ гузаштани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро, ки ақди никоҳ мебанданд, дар муассисаҳои соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимиашон таъмин намояд;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, таъмири онҳо, ташкил намудани ташхис ва табобати беморон дар ҳолатҳои фавқулода (садамаҳо, сар задани бемориҳои сироятӣ ва дигар ҳолатҳои фаврӣ), 5 дарсади ҳаҷми воридоти воқеии маблағҳои махсуси муассисаҳои тиббӣ ва 30 дарсади маблағҳои аз ҳисоби гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмӣ воридгардидаро бо тартиби муқарраргардида ба суратҳисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда, истифодаи мақсадноки онҳоро тибқи нақшаи даромад ва хароҷот таъмин намояд. Ҳар семоҳа оид ба хароҷоти маблағҳои мазкур ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд;

- бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №232 ба кӯдакони маъюби то 16-солаи гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам кумакпулии давлатӣ пардохт намуда, ҳар семоҳа оид ба хароҷоти маблағҳои мазкур ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

20. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то 6 феврали соли 2025 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати шаҳрвандонеро, ки аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор мебошанд ва аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз рӯйи гурӯҳҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

21. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва таъмини рушди ташкилотҳои тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 дарсади ҳаҷми воридоти воқеии маблағҳои махсуси ташкилотҳои зертобеъро бо тартиби муқарраргардида ба суратҳисоби махсуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда, истифодаи мақсадноки ин маблағҳоро тибқи нақшаи даромад ва хароҷот таъмин намояд. Ҳар семоҳа оид ба хароҷоти маблағҳои мазкур ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

22. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳангоми мувофиқаи номгӯйи иншоотҳои аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ сохташавандаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба иншоотҳои дар стратегия ва барномаҳои давлатӣ, инчунин занҷири мантиқии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо пешбинишуда бартарият диҳад;

- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурат бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои ҳаҷми маблағгузории асосии мутамаркази вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои соли 2025 тағйирот ворид намояд.

23. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки вазифаи фармоишгарро иҷро менамоянд, то 10 январи соли 2025 ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи иншооти дар соли 2025 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохташавандаро барои мувофиқа пешниҳод намоянд.

24. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи хоҷагии манзилию каммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 феврали соли 2025 дар мувофиқа бо мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯйхати имтиёздоронро аз рӯйи гурӯҳҳо, ки аз имтиёзҳо бархӯрдоранд, ҷиҳати пардохти кумаки молиявӣ (субсидия) ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

25. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати сари вақт анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳубин ва истифода намудани иншооти обгирӣ тадбирҳои мушаххас андешад;

- ҷиҳати таъмини устувории молиявӣ ва пардохтпазирии мақомот, инчунин таъмини шаффофияти иҷрои уҳдадориҳои молиявӣ аз ҷониби истифодабарандагони об ва субъектҳои хоҷагидори дигар пардохти ҳаққи истифодабарии обро қатъиян тариқи ғайринақдӣ тавассути суратҳисобҳои бонкӣ ба роҳ монда, аз истифодаи механизмҳои дигари ҳисоббаробаркунӣ дар ин самт худдорӣ намояд;

- бо мақсади таъмини шаффофияти пардохти маблағҳои истифодабарии об, ҳар семоҳа ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизматрасониҳои анҷомдодашуда, аз ҷумла аз рӯйи шаҳру ноҳияҳо, гурӯҳҳои истифодабарандагон, андозаи пардохтҳо ва бақияпулиҳо дар ин самт маълумот пешниҳод намояд;

- ҷиҳати сари вақт пардохт намудани андозҳои ҷорӣ ва кам кардани бақияи қарзи андозҳои солҳои қаблии ташкилотҳои зертобеи худ, инчунин пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқи истифодашуда мунтазам чораҷӯйӣ намояд;

- ҷиҳати истифодабарии босамари маблағҳои аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷалбшуда ва аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ ҷудогардида тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

26. Кумитаи хоҷагии манзилию каммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналӣ ва ҷамъоварии маблағҳои ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ мунтазам чораҷӯйӣ карда, иҷрои уҳдадориҳои молиявии худро дар назди буҷети давлатӣ аз рӯйи созишномаҳои зерқарзӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда таъмин намоянд;

- ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ намудани лоиҳаҳои давлатии сармоягузории дар соҳа амалишаванда ва истифодаи мақсадноки маблағҳои аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷалбшуда, инчунин аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ ҷудогардида тадбирҳои таъхирнопазир андешанд;

- ҷиҳати ба буҷет пардохт намудани бақияи қарзи андозҳои корхонаҳои тобеи худ ва пешгирии афзоишёбии он чораҳои иловагӣ андешанд.

27. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» якҷо бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории худро бо стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ мутобиқ карда, ҷиҳати пурра ҷамъоварӣ намудани маблағҳои истифодаи неруи барқ ва иҷрои уҳдадориҳои андозӣ дар назди буҷет аз рӯйи пардохти андозҳои ҷорӣ, инчунин иҷрои уҳдадориҳои молиявӣ аз рӯйи созишномаҳои зерқарзӣ чораҳои зарурӣ андешанд ва ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

28. Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки:

- бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузарондани ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи маблағҳои буҷети давлатӣ дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон ва тамдиди муҳлати қарзи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Бонки миллии Тоҷикистон шартномаҳои дуҷониба ба имзо расонда, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои худ чораҷӯйӣ намояд;

- якҷо бо бонкҳои дигари ҷумҳурӣ ҷиҳати сари вақт ба буҷет интиқол додани маблағи андозҳо ва пардохтҳои субъектҳои хоҷагидор тавассути суратҳисобҳои муросилотии ташкилотҳои қарзӣ чораҷӯйӣ намояд;

- барои сари вақт гузарондани амалиётҳо оид ба уҳдадориҳои давлат дар назди созмонҳои байналмилалии молиявии қарзӣ ва ҳаққи узвияти созмонҳои байналмилалӣ мусоидат намояд.

29. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои дигари ба мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ баробаркардашуда:

- дар муҳлати муқарраргардида ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои ягонаи даромад ва хароҷот оид ба маблағҳои буҷетӣ ва махсуси ҳамаи ҷузъу томҳо ва хадамоте, ки тавассути сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд, бо ҳисобу китоби махсуси моддаҳои хароҷот ва рӯйхати мансабҳои дастгоҳҳои марказӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо, инчунин нақшаҳои хароҷоти нигоҳдории муассисаҳои олии ҳарбии таълимӣ ва муассисаҳои ҳарбии тиббиро дар алоҳидагӣ пешниҳод намоянд;

- хароҷоти роҳкироро ба маҳалли гузарондани рухсатӣ ва бозгашт (дар як сол як маротиба) танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохт намоянд;

- ба ҳолати казармавӣ гузарондани ҳайати шахсиро танҳо дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, пардохти ҷубронпулиро барои ин мақсад дар доираи маблағҳои тасдиқшудаи фонди музди меҳнат ва нақшаи хароҷот анҷом диҳанд;

- пардохти ҳаққи хизматрасонии табобати санаторию курортии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро мувофиқи тартиби муқарраргардида дар доираи маблағҳое, ки дар нақшаи хароҷоти вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин мақсад пешбинӣ шудаанд, анҷом диҳанд;

- хароҷоти нигоҳдории шумораи курсантҳо ва шунавандагони дар муассисаҳои таълимии ҳарбии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳсилдоштаро дар доираи маблағҳое, ки дар нақшаҳои хароҷот барои ин мақсад пешбинӣ шудаанд, амалӣ намоянд;

- бо тартиби муқарраргардида баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии ҳаҷми молу маҳсулоти дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон истеҳсолшавандаро бо ифодаи пулӣ ба роҳ монанд, даромад ва хароҷоти онро дар шаклҳои баҳисобгирии муҳосибӣ пурра ба ҳисоб гирифта, ҳар семоҳа то санаи 10-уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд;

- ҳар семоҳа то санаи 10-уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дар бораи кумакҳои техникии аз давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ гирифташударо бо ифодаи арзишӣ ва аслӣ пешниҳод намоянд;

- назорати харҷи мақсадноки маблағҳои дар нақшаҳои хароҷот барои пардохти таъминоти пулӣ, нафақа, кумакпулиҳо ва пардохтҳои дигари иҷтимоӣ пешбинишударо таъмин намоянд;

- бо мақсади таъмини шаффофият ва роҳ надодан ба қарздорӣ аз рӯйи моддаҳои ҳимояшаванда, пардохтҳоро ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, ҳуҷҷатҳои асосноккунандаро оид ба пардохти музди меҳнат, кумакпулиҳо ва ҷубронпулиҳо ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

30. Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҳаҷми маблағҳои тасдиқшудаи буҷети марказонидашударо барои соли 2025 ҷиҳати таҳвили озуқа, ашё ва молу мулки дигари моддию техникӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳо, ҷузъу томҳои дигари ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд;

- бо вазорату идораҳои дахлдор номгӯй ва миқдори молҳо (захираҳои моддию техникӣ)-и таҳвилшавандаро бо ифодаи арзишӣ ва миқдорӣ мувофиқа намояд;

- ҳар моҳ то санаи 15-уми баъди моҳи ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаҷми таҳвили озуқа, ашё ва молу мулки дигари моддию техникӣ ба вазорату идораҳои қудратӣ ҳисобот бо ифодаи арзишӣ ва миқдорӣ пешниҳод намояд.

31. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» 40 дарсади маблағҳои дар ихтиёри он гузошташавандаро (аз ҳисоби додани сертификат) баъд аз пардохти андозҳо барои хариди барнома ва технологияҳои муосир равона карда, ҳар нимсола оид ба истифодаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

32. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Кумитаи хоҷагии манзилию каммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигар дар нақшаҳои хароҷот барои соли 2025 дар доираи имкониятҳои буҷети тасдиқшуда дархосту пешниҳодҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027 бармеоянд, ба инобат гиранд.

33. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ:

- то 8 январи соли 2025 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буҷети тасдиқшудаи соли молиявӣ аз рӯйи даромад ва хароҷот, инчунин тақсимоти онро бо семоҳаҳо пешниҳод намоянд;

- то 25 январи соли 2025 маълумот дар бораи теъдоди ташкилотҳои буҷетӣ, воҳидҳои корӣ ва шумораи хонандагону тарбиятгирандагонро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;