Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2024, № 618 "Дар бораи тасдиқи қарори комиссияи Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ"

Санаи амалкуни: 29.11.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи қарори комиссияи Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қарори комиссияи Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ барои сарфароз гардонидани шахсони арзанда, ки дар самти сайёҳии байналмилалӣ, рушди сайёҳии дохилӣ, ҷалби сармоя, ҷорӣ намудани навоварӣ, кори илмӣ-тадқиқотӣ ва таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 корҳои намоён анҷом додаанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).  

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 29 ноябри соли 2024, № 618

 

Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 ноябри соли 2024, № 618

Қарори комиссияи Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ


аз 28 августи соли 2024,          №2                           шаҳри Душанбе

Мутобиқи банди 12 Низомномаи Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023, № 246 тасдиқ шудааст, барои сарфароз гардонидани шахсони арзанда, ки дар самти сайёҳии байналмилалӣ, рушди сайёҳии дохилӣ, ҷалби сармоя, амалӣ намудани навоварӣ, кори илмӣ-тадқиқотӣ ва таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 корҳои намоён анҷом додаанд, комиссия қарор мекунад:


  1. Бо Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ барои соли 2023 шахсони зерин сарфароз гардонида шаванд:


1) барои дастоварди беҳтарин дар руши сайёҳии дохилӣ:

- Маҳсудинзода Авазхон Маҳсудин – директори ширкати сайёҳии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайри мунк»;


2) барои дастоварди беҳтарин дар рушди сайёҳии байналмилалӣ:

- Ҳамро Фаридун Бегмурод – менеҷери генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати сайёҳии Расул тур»;


3) барои сармоягузории беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ:

- Исҳоқӣ Баҳодур Эркинӣ – директори Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сафеддара»;


4) барои кори илмӣ (тадқиқотӣ)-и беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ:

- Машокирзода Ҷаҳонгир Неъматулло – дотсенти кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон;


5) барои дастоварди беҳтарин дар таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Маҳмадализода Ҳофиз Маҳмадалӣ – муҳаррири идораи иттилоотии Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо».


2. Қарори комиссияи Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ барои соли 2023 тибқи тартиби муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.


Раиси комиссия,

муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ

Правительство Республики Таджикистан 

Постановление

Об утверждении решения комиссии Премии Правительства Республики Таджикистан в области туризма

В соответствии со статьей 13 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Утвердить решение комиссии Премии Правительства Республики Таджикистан в области туризма для награждения достойных лиц, осуществивших в 2023 году выдающиеся работы в сфере международного туризма, развития внутреннего туризма, привлечения инвестиций, внедрения инноваций, научно-исследовательской работы и продвижения туристической продукции Республики Таджикистан (прилагается).

Председатель Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 29 ноября 2024 года №618
Приложение 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от 29 ноября 2024 года, №618

Решение комиссии Премии Правительства Республики Таджикистан в области туризма

от 28 августа 2024 года №2город Душанбе

В соответствии с пунктом 12 Положения о Премии Правительства Республики Таджикистан в области туризма, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 июня 2023 года, №246 в целях поощрения достойных лиц, выполнивших существенные работы по международному туризму, развитию внутреннего туризма, привлечению инвестиций, внедрению инноваций, научно-исследовательскую работу и продвижение туристического продукта Республики Таджикистан, комиссия п о с т а н о в и л а:

  1. Наградить Премией Правительства Республики Таджикистан в области туризма за 2023 год следующих лиц:

1) за лучшее достижение в развитии внутреннего туризма:

- Махсудинзода Авазхона Махсудина – директора туристической компании Общества с ограниченной ответственностью «Сайри мунк»;

2) за лучшее достижение в развитии международного туризма:

- Хамро Фаридуна Бегмурода – генералного менеджера Общества с ограниченной ответственностью «Туристическая компания Расул тур»;

3) за лучшую инвестицию в сферу туризма:

- Исхоки Баходура Эркини – директора Закрытого акционерного общества «Сафеддара»;

4) за лучшую научную (исследовательскую) работу в области туризма:

- Машокирзода Джахонгира Неъматулло – доцента кафедры туристического бизнеса, рекреации и гостеприимства Международного университета туризма и предпринимательства Таджикистана;

5) за лучшее достижение в продвижении туристического продукта Республики Таджикистан:

- Махмадализода Хофиза Махмадали – редактора информационного управления государственного учреждения «Джахоннамо».

2. Представить в установленном порядке решение комиссии Премии Правительства Республики Таджикистан в области туризма за 2023 год на утверждение Правительства Республики Таджикистан.


Председатель комиссии, Заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан                        Дилрабо Мансури