ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сайёҳӣ" ва бо мақсади ҳавасмандгардонии дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барои дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ 6 Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ, ҳар кадом ба андозаи 30 000 (сӣ ҳазор) сомонӣ таъсис дода шавад.
2. Низомнома ва ҳайати комиссияи Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои пардохти маблағҳои Ҷоизаи мазкур ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои заруриро ҷудо намояд.
4. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 1 июни соли 2023, № 246
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Премии Правительства Республики Таджикистан в области туризма
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О туризме" и в целях поощрения достижений в сфере туризма, Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. За достижения в области туризма учредить 6 Премии Правительства Республики Таджикистан в области туризма, каждый в размере 30 000 (тридцать тысяч) сомони.
2. Утвердить Положение и состав комиссии Премии Правительства Республики Таджикистан в области туризма (приложения 1 и 2).
3. Министерству финансов Республики Таджикистан для выплаты средств данной Премии ежегодно выделять необходимые средства Комитету по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан за счет республиканского бюджета.
4. Комитету по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан принять необходимые меры по выполнению настояшего постановления.
Председатель
Правительства Республика Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 1 июня 2023 года №246