Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, № 882 "Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ"

Санаи амалкуни: 04.12.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ


Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» фармон медиҳам:

  1. Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин карда шавад.
  2. Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъин карда шавад.
  3. Ба инобат гирифта шавад, ки интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 2 марти соли 2025 гузаронида мешавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, аз 4 декабри соли 2024, № 882

 

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О назначении выборов нового созыва Маджлиси Оли Республики Таджикистан и местных Маджлисов народных депутатов

В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан, статьей 27 Конституционного закона Республики Таджикистан «О выборах в Маджлиси Оли Республики Таджикистан» и статьей 23 Конституционного закона Республики Таджикистан «О выборах депутатов в местные Маджлисы народных депутатов» постановляю:

  1. Назначить выборы депутатов нового созыва Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан и Маджлисов народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов 2 марта 2025 года.
  2. Назначить выборы членов нового созыва Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан 28 марта 2025 года.
  3. Принять во внимание, что выборы депутатов в джамоаты поселков и сел будут проводиться в соответствии с Законом Республики Таджикистан «Об органах самоуправления поселков и сел» 2 марта 2025 года.
Президент Республики Таджикистан                 Эмомали Рахмон
г. Душанбе 4 декабря 2024 года №882