Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2024, № 558 "Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Дарвоз ва Шуғнон, иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон"

Санаи амалкуни: 05.11.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Дарвоз ва Шуғнон, иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9, 17 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Маҳалли аҳолинишини Дашти Паткуноби деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба категорияи деҳа мансуб дониста шуда, номи он ба Сомониён иваз карда шавад.
  2. Маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба категорияи деҳа мансуб дониста шаванд:

маҳалли аҳолинишини Себзори деҳоти Навобод ба деҳаи Себзор;

- маҳалли аҳолинишини Деҳбастаи деҳоти Навобод ба деҳаи Деҳбаста;

- маҳалли аҳолинишини Саидхомушиёни деҳоти Навобод ба деҳаи Саидхомушиён;

- маҳалли аҳолинишини Кулеви деҳоти Навобод ба деҳаи Кулев.

  1. Номи маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иваз карда шаванд:

1) деҳаи Ҷелондеҳи деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ба деҳаи Оби Гарм;

2) дар ноҳияи Роштқалъа:

деҳаи Лесхози деҳоти Барвоз ба деҳаи Лоҷвард;

- деҳаи Бутаноқурғани деҳоти Сежд ба деҳаи Ҷавшангоз;

- деҳаи Қарақуруми деҳоти Сежд ба деҳаи Сиёвушгирд.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ


ш. Душанбе, аз 5 ноябри соли 2024, № 558

Постановление Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан

Об отнесении к категории села некоторых населённых пунктов Дарвазского и Шугнанского районов, переименовании некоторых населённых пунктов Дарвазского, Шугнанского и Рошткалинского районов Горно-Бадахшанской автономной области

Рассмотрев представление Правительства Республики Таджикистан, в соответствии со статьями 9, 17 и 19 Конституционного закона Республики Таджикистан «О порядке решения вопросов административно-территориального устройства Республики Таджикистан» Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Отнести к категории села населённый пункт Дашти Паткуноб дехота Калайхумб Дарвазского района Горно-Бадахшанской автономной области и переименовать его на Сомониён.

2) Отнести к категории села следующие населённые пункты Шугнанского района Горно-Бадахшанской автономной области:

- населённый пункт Себзор дехота Навобод на село Себзор;

- населённый пункт Дехбаста дехота Навобод на село Дехбаста;

- населённый пункт Саидхомушиён дехота Навобод на село Саидхомушиён;

- населённый пункт Кулев дехота Навобод на село Кулев;

2. Переименовать следующие населенные пункты Шугнанского и Рошткалинского районов Горно-Бадахшанской автономной области:

1) село Джелондех дехота Ванкала Шугнанского района на село Оби Гарм;

2) в Рошткалинском районе:

- село Лесхоз дехота Барвоз на село Лоджвард;

- село Бутанокурган дехота Сежд на село Джавшангоз;

- село Каракурум дехота Сежд на село Сиёвушгирд.

Председатель Маджлиси милли
Маджлиси Оли Республики Таджикистан   Рустами Эмомали
г. Душанбе, 5 ноября 2024 года, №558