Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2024, № 1428 "Дар бораи тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ва илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12 феврали соли 2002"

Санаи амалкуни: 09.10.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ва илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12 феврали соли 2002

Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ва илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12 феврали соли 2002, ки 18 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Протоколи зикргардида заруранд, огоҳ намояд.


Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, аз 9 октябри соли 2024, № 1428


Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

О ратификации Протокола о внесении изменений и дополнения в Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Узбекистан о пунктах пропуска через государственную границу от 12 февраля 2002 года

В соответствии со статьёй 57 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Ратифицировать Протокол о внесении изменений и дополнения в Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Узбекистан о пунктах пропуска через государственную границу от 12 февраля 2002 года, подписанный 18 апреля 2024 года в городе Душанбе.

2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Правительство Республики Узбекистан о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу указанного Протокола.

Председатель Маджлиси намояндагон
Маджлиси Оли Республики Таджикистан             М.Зокирзода
г. Душанбе, 9 октября 2024 года,№ 1428

Прилагается на тадж.яз