Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, № 546
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, № 546 «Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ» тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар сатри 8 рақами «46,40» ба рақами «30,75» иваз карда шавад;
- дар банди 1 эзоҳ пас аз калимаҳои «, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» калимаҳои «, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»» илова карда шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 576
...