ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои муқаррароти Низомномаи мазкурро таъмин намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 562
...