ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 540
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.521; с.2014, №7, қ.2, мод.411; с.2018, №1, мод.33; с.2021, №6, мод.397) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:Дар моддаи 1 ва тамоми матн калимаҳои «субъекти санҷидашаванда», «субъекти санҷидашавандаро», «субъекти санҷидашавандаи», «субъектҳои санҷидашаванда», «субъектҳои санҷидашавандае», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд», «ӯҳдадор», «ӯҳдадориҳоро», «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадориҳое» ва «маҷмӯи» мувофиқан ба калимаҳои «субъекти аудит», «субъекти аудитро», «субъекти аудити», «субъектҳои аудит», «субъектҳои аудите», «уҳдадориҳои», «уҳдадоранд», «уҳдадор», «уҳдадориҳоро», «уҳдадориҳо», «уҳдадориҳое» ва «маҷмуи» иваз карда шаванд.
...