бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2024,
№ 1394тасдиқ шудааст
Созишнома дар бораи таъсиси Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм
Давлатҳои иштирокдори Созишномаи мазкур, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
бо назардошти хусусияти байналмилалӣ ва миқёси кунунии қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки ба амнияти Тарафҳо таҳдид мекунанд,
бо таваҷҷуҳи хос ба рушди ҳамкорӣ барои ҳамоҳангии ҳамкории мутақобил ва андешидани чораҳои коҳиш додани хавфҳои ошкоршудаи қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм кӯшиш ба харҷ дода,
Созишнома дар бораи таъсиси Шурои роҳбарони воҳидҳои кашшофии молиявии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 5 декабри соли 2012 ва шартномаҳои байналмилалии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро ба асос гирифта,
бо дарки он, ки рушди чунин ҳамкорӣ ҷавобгӯи манфиатҳои онҳо мебошад,
бо назардошти мақсаду вазифаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,
стандартҳои байналмилалии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯиро (минбаъд - ФАТФ) эътироф карда,
принсипҳо ва меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалиро ба асос гирифта,
...