Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2024, №1394 "Дар хусуси тасдиқи Созишнома дар бораи таъсиси Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм"

Санаи амалкуни: 01.10.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Созишнома дар бораи таъсиси Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм


Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Созишнома дар бораи таъсиси Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки 13 октябри соли 2023 дар шаҳри Бишкек ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                     М. Зокирзода

ш. Душанбе,
аз 1 октябри соли 2024, №1394


Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

О ратификации Соглашения об образовании Международного центра оценки рисков легализации (отмывания) доходов, полученных преступным путем, и финансирования терроризма

В соответствии со статьёй 57 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Ратифицировать Соглашение об образовании Международного центра оценки рисков легализации (отмывания) доходов, полученных преступным путем, и финансирования терроризма, подписанное 13 октября 2023 года в городе Бишкек.

2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу указанного Соглашения.

Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан                  М. Зокирзода
г. Душанбе, 1 октября 2024 года, №1394