ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
1. Низомнома ва Сохтори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 81 воҳид (бо ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
3. Ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини директор, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад.
4. Маблағгузории Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
5. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2003, № 1109 «Масъалаҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 21 октябри соли 2024, № 878
...