Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2024, № 536 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №369"

Санаи амалкуни: 01.10.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №369

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Номгӯйи молҳои барои сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369 «Дар бораи объектҳои махсусан муҳим» тасдиқ шудааст, сатрҳои 42873-45272 тибқи замима илова карда шаванд.

2. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани расмиёти гумрукӣ ва назорати истифодаи мақсадноки таҷҳизоту техника ва маводди сохтмонии воридшавандаро таъмин намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2024, № 536

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года, №369

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Дополнить Перечень товаров, ввозимых в Республику Таджикистан для строительства Рогунской гидроэлектростанции, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года, №369 «Об особо важных объектах», строками 42873-45272 согласно приложению.

2. Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить проведение таможенного оформления и контроль целевого использования ввозимых оборудований, техники и строительных материалов.

Председатель Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 1 октября 2024 года №536