Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2024, № 327 "Дар бораи Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028"

Санаи амалкуни: 01.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028 ва Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намояд;

- ҳар сол то 10 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он маълумот пешниҳод намояд.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе,
аз 1 июни соли 2024, № 327

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Программе развития отрасли мелиорации и ирригации на 2024-2028 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

  1. Утвердить Программу развития отрасли мелиорации и ирригации на 2024-2028 годы и План действий на 2024-2026 годы Программы развития отрасли мелиорации и ирригации на 2024-2028 годы (приложения 1 и 2).

2. Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан:

- обеспечить реализацию настоящей Программы и её Плана действий за счет средств государственного бюджета и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан;

- ежегодно до 10 февраля представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан о ходе реализации настоящей Программы и её Плана действий.

Председатель Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г.Душанбе от 1 июня 2024 года №327