ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ва бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллӣ:
- номгӯйи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии онро барои солҳои 2027-2028 муайян карда, якҷо бо тавсияҳои методӣ ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар пешниҳод намояд;
- нақшаи баргузории муаррифӣ оид ба баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инчунин дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии онҳоро барои солҳои 2027-2028 таҳия карда, ба иштирокдорони таҳияи дурнамо ирсол намояд;
- баҳодиҳии пешакии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2028-ро дар асоси маълумоти мақомоти дахлдор омода карда, то 1 марти соли 2025 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли моликияташон, дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 ва параметрҳои асосии онро барои солҳои 2027-2028 таҳия намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 1 октябри соли 2024, №92-ф
...