Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2024, № 521 "Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029"

Санаи амалкуни: 01.10.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029

 Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва Нақшаи амали солҳои 2025-2027 Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, аз натиҷааш ҳар сол то 15 феврал ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,
аз 1 октябри соли 2024, № 521

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Программе развития отраслей садоводства, виноградарства и цитрусоводства в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Программу развития отраслей садоводства, виноградарства и цитрусоводства в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы и План действий 2025-2027 годов Программы развития отраслей садоводства, виноградарства и цитрусоводства в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить выполнение настоящей Программы и её Плана действий и о результатах ежегодно до 15 февраля представлять информацию в Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан.

3. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан ежегодно до 1 марта представлять информацию о ходе выполнении настоящей Программы и её Плана действий в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель Правительства Республики Таджикистан     Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 1 октября 2024 года №521