Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 июни соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1285
АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи Тартиби таъин ва пардохти нафақа
010.180.020
Мутобиқи банди 31 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2023, № 36 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023» ва банди 13 Низомномаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 151 тасдиқ шудааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Тартиби таъин ва пардохти нафақа тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе иҷрои фармоиши мазкурро таъмин намоянд.
4. Фармоиши директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2023, №ф-37 «Дар бораи Тартиби таъин ва пардохти нафақа» аз эътибор соқит дониста шавад.
5. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми директори Агентии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
Директори
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек
ш. Душанбе,
аз 21 майи соли 2024 №ф-32
Зарегисттрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 21 июня 2024 года,
регистрационный номер 1285
АГЕНТСТВА СОЦИАЛЬНОГО СТРАХОВАНИЯ И ПЕНСИЙ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
РАСПОРЯЖЕНИЕ
О Порядке назначения и выплаты пенсий
010.180.020
В соответствии с пунктом 31 постановления Правительства Республики Таджикистан от 24 февраля 2023 года, №36 «Об итогах социально- экономического развития Республики Таджикистан в 2022 году и задачах на 2023» и пункта 13 Положения Агентства социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №151,
РАСПОРЯЖАЮСЬ:
1. Утвердить Порядок назначения и выплаты пенсий (прилагается).
2. Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после его государственной регистрации и официального опубликования.
3. Управлениям и отделам Агентства социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан в Горно-Бадахшанской автомномной области, Согдийской и Хатлонской областях, города Душанбе обеспечить исполнение настоящего распоряжения.
4. Признать утратившим силу распоряжение директора Агентства социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан от 9 июня 2023 года, №ф-37 «О Порядке назначения и выплаты пенсий».
5. Надзор за исполнением настоящего распоряжения возложить на первого заместителя директора Агентства социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан.
Директор Агентства социального
страхования и пенсий при
Правительстве Республики Таджикистан Давлатзода Дилмурод Ашурбек
г. Душанбе, от 21 мая 2024 года №ф-32