Низомномаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва баррасии маблағгузории миллии тандурустӣ, захираҳои инсонӣ ва сиёсати рақамикунонӣ дар соҳаи тандурустӣ аз 28 августи соли 2024, № 472

Санаи амалкуни: 28.08.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 августи соли 2024, № 472

Низомномаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва баррасии маблағгузории миллии тандурустӣ, захираҳои инсонӣ ва сиёсати рақамикунонӣ дар соҳаи тандурустӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва баррасии маблағгузории миллии тандурустӣ, захираҳои инсонӣ ва сиёсати рақамикунонӣ дар соҳаи тандурустӣ (минбаъд – Кумита) мақоми олии машваратӣ ва қарор қабулкунанда буда, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятиро вобаста ба амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи маблағгузории миллии тандурустӣ, захираҳои инсонӣ ва сиёсати рақамикунонӣ дар соҳаи тандурустӣ амалӣ месозад.

2. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ КУМИТА

3. Ҳадафи асосии Кумита ин додани тавсияву машварат ва қабули қарорҳои саривақтӣ, инчунин таъмини ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ миёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои тандурустӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мақсади мусоидат намудан ба татбиқи ислоҳот дар самти тандурустӣ доир ба маблағгузории миллии тандурустӣ, захираҳои инсонӣ ва сиёсати рақамикунонӣ дар соҳаи тандурустӣ равона гардидааст.

4. Вазифаҳои асосии Кумита аз инҳо иборатанд:

- ҳамоҳангсозии фаъолият ва таъмини ҳамкории мутақобилаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зимни татбиқи лоиҳа;

- таҳияи пешниҳодҳо ва қабули қарорҳо дар самтҳои асосии сиёсати давлатӣ;

- ташкили мониторинг ва арзёбии ҳолати татбиқи лоиҳа, ҳалли масъалаҳо, пешниҳоди тавсияҳо ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба амалисозии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ, ки аз татбиқи лоиҳа бармеоянд;

...


Приложение 1 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от 28 августа 2024 года, №472

 Положение о Межведомственном руководящем комитете по координации и рассмотрению национального финансирования здравоохранения, человеческих ресурсов и политики цифровизации в области здравоохранения

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Межведомственный руководящий комитет по координации и рассмотрению национальной политики финансирования здравоохранения, человеческих ресурсов и цифровизации в сфере здравоохранения (далее – Комитет) является высшим совещательным и принимающим решения орган и осуществляет координацию деятельности министерств и ведомств, общественных объединений, связанную с реализацией государственной политики в сфере реформирования здравоохранения в рамках национального финансирования здравоохранения, человеческие ресурсы и политика цифровизации в области здравоохранения.

2. Комитет в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Кодексом здравоохранения Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, иными нормативными международными правовыми актами, признанными Таджикистаном, и настоящим Положением.

2. ЦЕЛИ И ЗАДАЧИ КОМИТЕТА

3. Основной целью Комитета является предоставление своевременных консультаций и рекомендаций, принятие решений, а также обеспечение межотраслевой координации между местными исполнительными органами государственной власти, образовательными учреждениями, организациями здравоохранения и общественными объединениями в целях содействия реализации реформ в сфере здравоохранения относительно национального финансирования здравоохранения, человеческих ресурсов и политики цифровизации в области здравоохранения.

4. Основные задачи Комитета включают в себя:

- координация деятельности и обеспечение взаимного сотрудничества министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти, международных организаций, физических и юридических лиц при реализации проекта;

- разработка предложений и принятие решений по основным направлениям государственной политики;

...