ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва баррасии маблағгузории миллии тандурустӣ, захираҳои инсонӣ ва сиёсати рақамикунонӣ дар соҳаи тандурустӣ
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва баррасии маблағгузории миллии тандурустӣ, захираҳои инсонӣ ва сиёсати рақамикунонӣ дар соҳаи тандурустӣ таъсис дода шавад.
2. Низомнома ва ҳайати Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва баррасии маблағгузории миллии тандурустӣ, захираҳои инсонӣ ва сиёсати рақамикунонӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 августи соли 2024, № 472
...