Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон з 27 августи соли 2024, № 856 "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбӣ, ки муҳлати муқарраргТардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ"

Санаи амалкуни: 27.08.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбӣ, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд.
  2. Моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.
  3. (махфӣ).
  4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо амалӣ намоянд.
  5. Раисони шаҳру ноҳияҳо якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ бо дарки масъулият ба роҳ монанд.
  6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намоянд.
  7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон, ки аз ҷониби комиссияхои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2024, № 856


Указ Президента Республики Таджикистан


Об увольнении в запас военнослужащих, отслуживших установленные сроки военной службы и очередном призыве граждан Республики Таджикистан 1997-2006 годов рождения на военную службу

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «Об обороне» постановляю:

  1. Уволить в запас в октябре-ноябре 2024 года из рядов Вооружённых Сил Республики Таджикистан, пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, внутренних войск Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, войск гражданской обороны Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, конвойной бригады главного управления исполнения уголовного наказания Министерства юстиции Республики Таджикистан, аграрного батальона Агентства по обеспечению специальным имуществом при Правительстве Республики Таджикистан военнослужащих, выслуживших установленные сроки военной службы.
  2. Призвать в октябре-ноябре 2024 года граждан мужского пола, достигших ко дню призыва 18-летнего возраста, а также граждан старших возрастов Республики Таджикистан, не имеющих права на отсрочку или освобождение от призыва на военную службу, для прохождения службы в ряды Вооружённых Сил Республики Таджикистан, пограничных войск Государственного комитету национальной безопасности Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, внутренних войск Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, войск гражданской обороны Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, конвойной бригады главного управления исполнения уголовного наказания Министерства юстиции Республики Таджикистан, аграрного батальона Агентства по обеспечению специальным имуществом при Правительстве Республики Таджикистан.
  3. (секретно).
  4. Министерству обороны Республики Таджикистан, председателям призывных комиссий Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов с участием представителей органов безопасности и внутренних дел осуществлять призыв граждан в пограничные войска, Национальную гвардию и в войсковые части специального назначения за счет тщательного отбора призывников, с учетом особенностей службы в этих подразделениях и их комплектования в первоочередном порядке.
  5. Председателям городов и районов совместно с военными комиссариатами в целях реализации положений статьи 34 Закона Республики Таджикистан «О воинской обязанности и военной службе» с чувством ответственности осуществить организованный призыв граждан на военную службу.
  6. Министерству культуры Республики Таджикистан, Комитету по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан, Комитету по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан широко освещать ход организации и проведения призыва граждан на военную службу и пропагандировать службу как священную обязанность каждого гражданина Республики Таджикистан.
  7. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан мобилизовать опытных врачей и специалистов для контрольного медицинского освидетельствования призывников, призванных призывными комиссиями Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов.

Президент Республики Таджикистан        Эмомали Рахмон


г. Душанбе 27 августа 2024 года №856