ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе»
Мутобиқи моддаи 52 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе» таъсис дода шавад.
2. Сармояи оинномавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе» 1 000 000 (як миллион) сомонӣ муқаррар карда шавад.
3. Ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи идоракунии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе» дода шавад.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сармояи оинномавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе»-ро аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ пурра намояд.
5. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе»-ро бо бино ва иншоот таъмин намояд.
6. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе»-ро ҳал намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 июли соли 2024, № 441
...